Главная / Илм / «ИХТИЁРОТИ БАДЕӣ»

«ИХТИЁРОТИ БАДЕӣ»

ihtiyoroti-badei«ИХТИЁРОТИ БАДЕӣ» («Мунтахаби нодирот»), рисолаест дар боби тиб, ки муаллифаш Алӣ ибни Ҳусайни Ансор муштаҳар ба Ҳоҷӣ Зайнулаттор буда, ба забони форсӣ навишта шудааст. Соли таълиф номаълум. Китоб муштамил бар ду мақолот аст: дар адвияи муфрада ва номҳои онҳо ва ба луғати ҳар тоифа ва бадал кардан ва ислоҳ ва манфиату мазаррати он; дар мураккаботи мустаъмал (озмуда). Муаллиф давоҳоро ба се гурӯҳ – наботӣ, ҳайвонӣ ва маъданӣ қисмат мекунад.
Тариқи нигоҳ доштан ва тайёр кардани давоҳоро мусанниф ба панҷ, ваҷҳ тақсим кардааст: 1) ҷамъ овардани аҷзои он, дору кӯфтан, қурс сохтан ва дар соя хушк кардан; 2) хилти (омехтани) он дору ё чизе, ки ҳофизи вай бувад ба хосият, яъне дору бояд дар ҳолате, ки дар пӯчоқи худ бошад, нигоҳ дошта шавад; 3) баъзе адвия дар зарфе бояд нигоҳ дошта шавад, ки сари он танг бошад ва даҳони он бо мум маҳкам шавад, то ки қуввати вай аз таъсири ҳаво коҳиш наёбад (мас., мушк, кофур, анбар ва ғ.); 4) ҷое, ки адвия нигоҳ дошта мешавад, бояд, ки мӯътадил дар ҳарорату сардӣ ва холӣ аз рутубат бошад, бӯи бегона ва дуд ба он ҷо надарояд; 5) давоҳои гуногунмизоҷро дар як ҷо бо ҳам нигоҳ доштан дуруст нест. Зеро ки онҳо ба якдигар таъсир карда, мизоҷ ва хоссаашон вайрон мешаванд.
Муаллиф дар китоб 2112 ном адвияи муфрадро гирд оварда, ба низоми ҳуруфоти арабӣ кашидааст. Аз ҷумлаи ин 1900 даворо шарҳ додааст. Ва боқӣ, 212 номгӯи онҳо ба дигар давоҳои номбурда ҳавола шудаанд.
Мақолаи 2-юм доир ба тартиб додани давоҳои мураккаб иборат аз чаҳордаҳ боб аст: 1) муфарреҳот; 2) маъҷунот; 3) гуворишот; 4) итрифолот; 5) мураббоҳо; 6) шаробҳо; 7) сиканҷабинот; 8) лауқот; 9) сафуфот; 10) ҳабҳо; 11) қурсҳо; 12) иёраҷот; 13) шиёфот; 14) тарёкот. Ин ҳама тақр. миқдори 300 давои мураккабро ташкил мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …