Главная / Илм / ИНДОВ

ИНДОВ

indowИНДОВ (Eruca sativa), растаниест равғандор. Пояаш то 1 м қад мекашад. Барги паршакл, гулҳои нисбатан калони зард, ғилофакмеваи чорқирраи нӯгтез дорад. Дар ҳудуди Тоҷикистон И.-ро аз қадим дар водиҳо ва нишебии кӯҳҳо кишт мекарданд. И.-и худрӯй дар киштзори лалмӣ, обӣ, заминҳои партов, нишебии кӯҳҳо, соҳилҳои дарё, канал, канори роҳ (дар баландиҳои 3800 м аз с. б.) дучор меояд. И. хусусан дар киштзори зағир бисёр мерӯяд (қадре талхча будани равғани зағир низ ба тухми И. вобаста аст). Аз сабаби бӯи махсус доштанаш И.-ро чорво намехӯрад.
Тухми И. равғани эфир, хардал (то 35%) дорад. Талқони тухмашро бо об омехта, чун хардал истифода бурдан мумкин аст. Тухми И. давои иштиҳоовар низ мебошад. Барги сабзи онро чун хӯриш кор мефармоянд. Равғани И. дар хӯрок ва барои тайёр кардани алиф, рангҳо ба кор меравад. Дар тибби халқӣ тухмашро воситаи рафъи нуқси узвҳои ҳозима ва равғанашро давои касалиҳои пӯст (хориши бадан, шукуфа ва ғ.) медонанд. Баргу пояи И. хосияти пешобронӣ ва зиддибактериявӣ дошта, ширро зиёд мекунад, ба аъзои ҳозима тақвият мебахшад. Бино ба ақидаи олимони гастроэнтеролог И. реши меъдаро пешгирӣ мекунад.
Ба қавли табибони халқӣ истеъмоли И. гиреҳи ҷигар ва сипурзро мекушояд, дарунро пок мекунад, пешобро меронад, санги гурда ва масонаро майда карда мерезонад, манӣ ҳосил мекунад, барои мубошарат қуввати ҳаракат мебахшад. Агар И.-ро кӯфта бо талхаи гов хамир карда гузошта банданд, доғи захмро аз пӯст пок мекунад. И.-и саҳроӣ дар равон кардани пешоб ва барангехтани боҳ, инчунин дар боби ба ҳаракат овардани олоти мардӣ назар ба И.-и бӯстонӣ қавитар аст. Агар тухмашро бо оби гарм биёшоманд, балғамро бо қай дафъ мекунад. Ҳар рӯз 18 г тухми И.-ро бо оби гарм, набот ва равғани кунҷид биёшоманд, ба қулинҷ шифо мебахшад. Тухми И.-ро кӯфта, бо асал сиришта лесида бихӯранд, барои муолиҷаи иллатҳои дамкӯтаҳӣ, сурфа ва дарди паҳлӯ нофеъ аст; агар онро бо зардаи тухми нимпухтаи мурғ ва асал даромехта бихӯранд, барои дарди узвҳои даруни сина, даридани мушакҳо даво мешавад, узвҳои шикастаро пайваст мегардонад. Кӯфтаи барги И. давои пучак аст. Шустани сар бо оби барги И. рехтани мӯйро манъ мекунад. Агар онро бимоланд, доғи сафеди пӯстро нафъ дорад. Барги И.-ро дар об ҷӯшонда, бо он оби ширгарм ҳуқна кунанд, захми рӯдаҳоро сиҳат мебахшад, исҳолро мебандад, сустии мақъадро дафъ месозад. Аз дуди он ҷонварони зарарнок мегурезанд.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарстенные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …