Главная / Илм / ИНДОМЕТАСИН

ИНДОМЕТАСИН

indometacinИНДОМЕТАСИН (Indometasinum), индосид, метиндол, як навъ дору, ҳосилаи кислотаи индолатсетат. И. ингибитори пурқуввати биосинтези простагландинҳо мебошад. Фаъолияти хуби дардбарӣ ва рафъи илтиҳоб дорад. И.-ро барои муолиҷаи артрити тарбодмонанд, периартритҳо, спондилит, остеоартрез, ниқрис, бемориҳои илтиҳобии бофтаҳои пайвандии силсилаи устухону мушакҳо, тромбофлебит ва диг. бемориҳо, ки бо ихтиҳоб хуруҷ меёбанд, истифода мебаранд. Дар шакли қурс, ғилофак (0,025 г) ва марҳам (барои пӯст) истеҳсол карда мешавад. Одатан баъди хӯрок рӯзе 2 – 3 маротиба истеъмол мекунанд. Пеш аз мӯҳлат қатъ кардани муолиҷа мумкин боиси хуруҷи беморӣ гардад. Ҳангоми истифодаи И. дар баъзе одамон сардард, сарчархӣ, хоболудӣ, дилбеҳузурӣ, қай ба вуҷуд меояд; мумкин аст меъда низ захмнок шавад.
Истифодаи И. дар мавриди реши меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, захми рӯда, сурхрӯда, зиқи нафас, ҳомилагӣ, ширмаконӣ ва диг. беморию ҳолатҳо зарар дорад.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

Витамин В1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи мӯътадили моддаҳо (хусусан ангиштобҳо ё карбогидратҳо) зарур аст. …