Главная / Илм / ИНГИБИТОРҲО

ИНГИБИТОРҲО

ingibitorhoИНГИБИТОРҲО (лот. inhibere – манъ кардан, нигоҳ доштан), моддаҳои табиаташон химиявӣ, ки аксуламалҳои химиявӣ, аз ҷумла биохимиявиро суст ё пурра қатъ мекунанд. И. дар тиб ба сифати дору фаровон истифода мегарданд. Онҳо дар соҳаи тадқиқоти биохимиявӣ низ ба кор мераванд. Бисёр И. моддаҳои заҳрнок маҳсуб мешаванд.
И. фақат ба як фермент таъсир расонда, ҷараёни мубодилаи моддаҳоро пурра боз медорад, ки бисёр вақт оқибати ин барои организм марговар аст.
И. фаъолияти ферментҳоро бо ду роҳ – рақобат ва ғайрирақобат фурӯ менишонанд. Дар мавриди таъсири рақобатӣ И. ферментро «фиреб» медиҳанд, зеро аз нигоҳи химиявӣ ба субстрати он хеле монанд мебошанд. Ҳангоми таъсири ғайрирақобатӣ И. бо фермент пайваст шуда, сохтори моллекулаҳои онро тағйир медиҳад, ба ҳосил гаштани маҳсули реаксия монеъ мешавад.
Дар организми одаму ҳайвонот И.-и эндогенӣ ҳосил мешаванд. Онҳо равандҳои гуногунро танзим менамоянд. Мас., атсетилхолин, ки аз нӯги асабҳо (ҳангоми ангезиши асаби гумроҳ) хориҷ мешавад, ба фаъолияти ферменти холин-атсетилтрансфераза таъсири ингибиторӣ мерасонад. Дар натиҷа интиқоли ҷунба (импулс)-и асаб қатъ мегардад. Чунончи, сабаби асосии аз кор бозмондани дил ҳангоми ангезиши асаби гумроҳ таъсири И. аст. Ба шарофати мавҷудияти ингибитори пепсин (ниг. Шираи меъда) ҳуҷайраҳои ғадуди меъда аз таъсири ҳазмсозандаи ферменте, ки худи он ҳосил мекунад, ҳифз карда мешавад. Дар зардоби хуни одам ингибитори ферменти трипсин мавҷуд аст. Ҳангоми ба миқдори зиёд ба хун хориҷ шудани он ингибитори мазкур фаъолияти ферментро суст мекунад. Фаъолияти мӯътадили ингибитори трипсин дар зардоби хун ба 300 – 600 милливоҳид (вобаста ба миқдори ферменте, ки таъсири ингибиторӣ расонда мешавад) баробар аст. Дар мавриди бемориҳои илтиҳобии гуногун фаъолияти ингибитори мазкур дар зардоби хун ба 1500 – 2000 милливоҳид мерасад; ҳангоми шаклҳои вазнини панкреатит он то 100 – 150 милливоҳид паст мефарояд.
Дар амалияи тиб доруҳои сершуморе истифода мешаванд, ки И.-и ферментҳо мебошанд, мас., И.-и протеиназҳо (трипсин, калликреин, плазмин) – пантрипин, ингитрил, трасилол (контрикал), гордокс, И.-и холинэстераза, И.-и моноаминоксидазаҳо, И.-и карбоангидразаҳо ва ғ.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

Витамин В1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи мӯътадили моддаҳо (хусусан ангиштобҳо ё карбогидратҳо) зарур аст. …