Главная / Илм / ИНГАЛЯТСИЯ

ИНГАЛЯТСИЯ

ingalatsiyaИНГАЛЯТСИЯ (Inhalatio; аз лот. inhalare – нафас кашидан), усули бо нафасгирӣ ба организм ворид кардани бухори доруҳо. Шаклҳои зерини И. ҳастанд: 1) буғи об ё бухори моддаҳои бӯёро нафас гирифтан; 2) нафас кашидани заррачаҳои хурди моддаҳои доруӣ – аэрозолҳо, ки дар об ҳал шудаанд ё дар ҳолати муаллақ қарор доранд (ин навъи И. – ро аэроингалятсия меноманд); 3) электроаэрозолҳо (табобат бо электроаэрозолҳо) – аэрозолҳои зарядашон мусбат ё манфиро нафас гирифтан; 4) аэроионоингалятсия – нафас гирифтани зарраҳои ҳавои атмосфера, ки заряди электрии манфӣ ё мусбат доранд, яъне аэроионҳо (бештар зарраҳои заряди манфӣ доштаи оксиген). Бо обҳои минералӣ, аз ҷумла оби баҳр ва равған низ ингалятсия мекунанд. Аз рӯи ҳарорат И. гарми намдор (маҳлулро гарм карда), намдор (маҳлулро гарм накарда) ва буғӣ мешавад.
Маводи доруие, ки ба зарраҳои хурдтарин пош хӯрдааст, доираи (майдони ) калони тамосӣ пайдо карда, ба сатҳи зиёдтари луобпардаҳои роҳи нафас бармехӯрад ва ба хун тез ҷаббида мешавад. Ҳангоми бемориҳои роҳи нафас бевосита ба пардаҳои луобии он таъсир кардани дору бартарии махсус дорад. Маҳлулҳо ва омехтаҳои махсус ихроҷи луобу балғами роҳи нафасро осон мекунанд. Ҳангоми И. буғ ва ҳарорат якҷоя таъсир мерасонад.
И.-ро асосан барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои шадид ва музмини роҳҳои болои нафас, бронхҳо ва шуш, барои пешгирӣ ва фурӯ нишондани хуруҷи зиқи нафас, барои табобати газаки пардаҳои луобии даҳон ва ғ. истифода мебаранд. Дар баъзе корхонаҳо барои пешгирии бемориҳои касбие, ки аз сабаби нафас гирифтани чанги истеҳсолот пайдо мешаванд, навъҳои махсуси И.- ро ба кор мебаранд.
Ҳангоми хунравӣ аз бинӣ ё хавфи он, хунпартоӣ, зимни баъзе бемориҳои шуш ва дил, ки камҳолии дилу раг ва беқувватии нафас баръало намоён аст, дар марҳалаҳои охирини ғалаёни хун (фишори баланди хун) истифодаи И. манъ аст. Аз ин рӯ И.-ро дар ҳар сурат бояд духтур таъин кунад. И.-ро дар муасиссаҳои табобатӣ тавассути ингаляторҳо мегузаронанд. Моддаҳои доруиро компрессори дохили ингалятор ба зарраҳо табдил медиҳад, ки баъд ба тавассути ниқоб ё ҷиҳози махсус ба бемор мегузаронанд.
И.-ро баъди 1 – 1,5 соати истеъмоли хӯрок қабул кардан зарур аст. Ҳангоми И. бемор бояд бо гуфтугӯ, китобхонӣ ва ғ. овора нашавад; дар мавриди амрози бинӣ ва ҷавфҳои он зӯр назада нафасро бо бинӣ, ҳангоми амрози ҳалқум, хирной, бронх ва шуш бошад, нафасро бо даҳон гирифтан ва баровардан зарур аст. Гиребони либосро кушода мондан лозим (ба нафаскашӣ халал нарасонад). Баъди И. дар муддати як соат гап задан, тамоку кашидан, суруд хондан, истеъмоли хӯрок тавсия намешавад.
Дар хона аз ингалятори хурд ё ингаляторҳои кисагии сохташон гуногун истифода мебаранд; баъзеи онҳо («Астмопент», «Ингалипт» ва «Ингакамф») омехтаи доруии тайёр – кофур, ментол, равғани эвкалипт ва ғ. доранд. Ингаляторҳои Махолд, В -176, ИКП-М дорои пошдиҳак мебошанд (онро пеш аз истифода бо дорувори омехтаи даркорӣ пур мекунанд).
Бо ёрии чунин ингаляторҳо рӯзе 1 – 3 дақиқагӣ 3 – 5 бор И. кардан мумкин аст. Ҳангоми баъзе бемориҳои роҳҳои болои нафас бо маслиҳати духтур И.- и буғиро истифода бурдан мумкин. Дар хотир бояд дошт, ки дар мавриди ғалаёни хун, бемориҳои дил, газаки шуш ва бемадорӣ И. манъ аст. И.- и буғиро дар болои дегчаи обаш (4 – 5 истакон) ҷӯшидаистодае, ки ба он мувофиқи таъиноти духтур дорувор илова шудааст, мегузаронанд. Аз коғази ғафс қиф сохта, бо тарафи васеъи он рӯи дегчаро мепӯшонанд (сӯрохи нӯги борикро ба даҳон гирифта буғро нафас мекашанд. Агар имконияти паи ҳам гарм кардани об набошад, бо қадри хунук гаштани он оби ҷӯш ва миқдори мувофиқи дорувор мерезанд. Аз болои дегча бе қиф ҳам нафас гирифтан мумкин аст, дар ин маврид ба сар рӯмол ё сачоқ гирифта, рӯйро болои дегча медоранд. Ин гуна И.-ро дар як рӯз 1– 3 дақиқагӣ 1 – 2 бор такрор мекунанд.
Барои пешгирии сӯхтан И.-и буғиро ба кӯдакон таҳти назорати қатъии калонсолон мегузаронанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …