Главная / Илм / КЕРАТОПЛАСТИКА

КЕРАТОПЛАСТИКА

keratoplastikaКЕРАТОПЛАСТИКА (аз юн. keras – шох ва plastice – ташаккул), пайванди қарния, амалиёти ҷарроҳии ивази қарния (шохпардаи чашм). Дар таҳияи ин усули ҷарроҳӣ офталмологи намоёни шӯравӣ В. П. Филатов саҳми арзанда гузоштааст. Дар мавриди тамоман хира шудани қарния (пайдоиши тухмак), ки сабаби якбора заиф шудани қувваи босира мегардад. К.-ро ба кор мебаранд. Тамоми шохпардаи хирашударо бо шохпардаи дигар (аз они донор) иваз кардан мумкин аст. Агар баъд аз сахт сӯхтан дар чашм тухмак пайдо шавад, кератопротезҳоеро истифода мебаранд, ки сохти махсус доранд.

Инчунин кобед

лицейи умари хаём дар Душанбе

Литсейи Умари Хайём дар шаҳри Душанбе

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон …