Главная / Илм / КЕФИР

КЕФИР

kefirКЕФИР, як навъ ғизои турши парҳезист, ки аз шири пастеризонидаи гов бо роҳи туршонидан ҳосил мекунанд. Барои туршонидан ба шир сафеда ё мояи махсус меандозанд. Вобаста ба мӯҳлати тайёр шудан К. ширин (якрӯза), нимтурш (дурӯза) ва турш (серӯза) мешавад. Мӯҳлати туршонидани К. ҳар қадар зиёд бошад, миқдори спирти он (аз 0,2 то 0,6%), гази карбонат ва кислотаи шир ҳамон қадар меафзояд. Заводҳои шир К.-и серравған (дорои 2,5; 3,2 ва 6% равғани шир), серравғани дорои витамини С, К.-и мевагӣ (шарбати мева ва 2,5% равған дорад) ва К.-и беравған (дорои то 0,05% равғани шир) истеҳсол мекунанд.
К. нисбат ба шир хеле зудҳазм мебошад. Спирт ва кислотаи карбонати таркиби К. таъми турш ва бӯи хуши иштиҳоовар дошта, ба системаи асаб ва дилу рагҳо тақвият мебахшад, раванди фосидшавиро дар меъдаю рӯдаҳо пешгирӣ менамояд. К. ғизои шифобахш аст. Онро дар ҳарорати 8°С то се шаборӯз нигоҳ доштан мумкин.
Истеъмоли мунтазами К. микрофлораи рӯдаро солим гардонда, савияи холестеринро дар хун паст мекунад, масуният (иммунитет)-ро устувор менамояд. Бино ба ақидаи мутахассисон хусусан К.-и асидофилӣ аҳамияти калон дорад. Барои тайёр кардани он асидофилус лозим аст. Асидофилусро (дар ғилофак ҷой дорад) метавон аз дорухонаҳо харид. Дар 500 мл шири ҷӯшондаи гарм се ғилофаки онро ҳал карда, зарфро ба ҷои гарм гузоред ва 12 – 18 соат интизор шавед. Ин гуна К.-ро хунук карда нӯшидан лозим аст. К.-и «нав» хосияти дарунронӣ дошта, К.-и серӯза дарунро мебандад. Минбаъд ба ҷои асидофилус метавон худи К.-ро истифода бурд (барои 1 л шир ду қошуқ К.). Баъд аз даҳ рӯз боз асидофилусро истифода бурдан лозим аст.
К. барои рафъи фарбеҳӣ давои хуб мебошад. Он дар баробари кам кардани вазни бадан ба силсилаи дилу рагҳо таъсири муфид мерасонад. Хусусан якҷоя бо сабзавоту меваҳо истеъмол намудани К. аҳамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …