Главная / Илм / КИВИ

КИВИ

kiviКИВИ (Actinidia deliclosa), актинидия, як навъ растании мевадор. Пояаш печандаи борик (қутраш 20 – 30 см); решааш ба замин чуқур намеравад. Шоху навдааш зудсабз буда, дар тӯли 3 – 4 моҳ ба 5 – 6 м мерасад. Баргаш дилшакл, гулаш сафеди хушбӯй. Ранги мевааш сабзи баланд, баъди пурра пухта расидан, харбузагун мешавад.
Меваи К. (40 – 150 г) зоҳиран ба картошка монанд буда, таъми нафису гуворо дорад. Пӯсташ патдори нафис (мавриди истеъмол онро тоза мекунанд). Мағзи мева зумрадгун, сершира ва хушбӯй буда, тухми майдаи сиёҳ дорад.
Меваи К. давои хуби фишори хун ва бемориҳои дил аст. Аксар бар он ақидаанд, ки ватани К. Зеландияи Нав мебошад. Вале сурати ҳол чунин нест. К.-ро бори аввал дар Хитои Қадим парвариш кардаанд. Ба Зеландияи Нав с. 1906 роҳ ёфтааст. К.-ро аз тухм ва бо роҳи нашвӣ зиёд мекунанд. Бунёди плантатсияи он мисли токзор аст. Парвариши К.-ро метавон дар Тоҷикистон низ ба роҳ монд.
Меваи К. серғизо буда, барои беморони гирифтори гипертония нафъ дорад; гаронии меъдаро рафъ сохта, ба зардаҷӯш ва оруғ задан хотима мебахшад. Олимони норвегӣ муқаррар кардаанд, ки К.-ро баҳри пешгирии бемориҳои дил истифода бурдан мумкин аст, зеро он равғанро ҳазм ва суддабандии рагҳоро ҷилавгирӣ менамояд. Бо ақидаи онҳо ҳар рӯз истеъмол кардани 2 – 4 дона К. дар тӯли як моҳ хавфи сар задани судда (тромб)-ро 18 фисад коҳиш медодааст.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …