Главная / Илм / КЕРАТОАКАНТОМА

КЕРАТОАКАНТОМА

keratoakantomaКЕРАТОАКАНТОМА (Keratoacanthoma; юн. keras, keratos – шох, akantha – хор ва …ома), омоси ғайрисаратонии пӯст, ки худ аз худ нест мешавад. Ягон-ягон дар рӯй, гӯш ё пушти панҷаи одамони калонсол пайдо мешавад. Дар ҷавонон мумкин аст ба миқдори зиёд (дар пӯсти андомҳои боло ва поён) инкишоф ёбад.
К. ба гиреҳи сахти бедард монанд буда, дар марказ ҷои фурӯрафтае дорад, ки аз моддаи шохин пур аст (он бе хунравӣ тоза мешавад). Дар мавриди К. ғуддаҳои лимфаи ҳамшафат тағйир намеёбанд. Баъди 3 – 4 моҳ омос нарм шуда, карахши шохин меафтад ва К. нопадид мегардад (изи он боқӣ мемонад). К. дар баъзе ҳолатҳо мумкин аст хусусияти саратонӣ пайдо кунад. Бинобар ин онро бо ҷарроҳӣ, криотерапия (бо нитрогени моеъ) ё электрокоагулятсия дур сохтан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …