Главная / Илм / КИБЕРНЕТИКАИ ТИББӣ

КИБЕРНЕТИКАИ ТИББӣ

kibernetikai-tibbiКИБЕРНЕТИКАИ ТИББӣ, як фасли кибернетика, ки раванди идора ва дарёфти ахборро дар организми зинда ва гурӯҳи алоҳидаи одамон (барои ҳаллаи масъалаи табобат ва пешгирии бемориҳо) меомӯзад. К. т. масъалаҳои муолиҷа ва пешгирии бемориҳоро муҳокима мекунад, фаъолияти организми одамро дар асоси қонунҳои идора, ки одатан ба ҳамаи объектҳои табиӣ ва сунъӣ хос аст, таҳқиқ менамояд.
Дар ин ҳол организми зинда ва узвҳои алоҳидаи онро чун системае бояд тасаввур кард, ки дар он дарк, захира, таҳлил ва интиқоли ахбор ба вуҷуд меояд, ба аксуламал (реаксия)-и мувофиқ заминае тайёр мекунад, ки ҷараёни мӯътадили ҳама равандҳои ҳаётан муҳимро идора менамояд. Аз нуқтаи назари К. т. ҳар гуна беморӣ ҳамчун ихтилоли раванди қабул, интиқол ва таҳлили ахбор ё натиҷаи тафсири нодурусти омили идоракунанда дониста мешавад. Истифодаи усулҳои К. т. (моделонии электронӣ ва математикӣ, усулҳое, ки ба корбасти компютерҳо асос ёфтаанд ва ғ.) ба афзун гардондани роҳҳои тадқиқи организмҳои зинда, ошкор сохтани имкониятҳои духтурон ҳангоми ташхис ва табобати беморон равон гардидааст. Тараққиёти К. т. бо инкишофи техникаи компютерӣ ва усулҳои нави ба даст овардани ахбор дар бораи вазъи организм ё системаю узвҳои алоҳидаи он зич алоқаманд аст. Тадқиқоти тиббию кибернетикӣ ба се самти асосӣ ҷудо мешавад. Самти якум ба ҷамъ намудани ахбор дар бораи фаъолияти организмҳои зинда ва узвҳои онҳо, ичунин коркарди усулҳои истифодаи ахбори мавҷуда (барои тавсифи объективонаи ҳолати организм) вобаста аст. Самти дуюм кори идораи равандҳои мӯътадил ва номӯътадилро дарбар мегирад, ки он характери барои организми зинда зарурии рафти ин амалиётро таъмин менамояд. Самти сеюм тадқиқот оид ба кашфи омилҳои техникии ташхис ва табобат, инчунин системаҳои ахборию идоракунӣ бо мақсади идораи кори соҳаҳои мухталифи умури ҳифзи тандурустӣ (аз муассисаҳои алоҳида, мас., поликлиника, беморхона то идораҳои дахлдор ва ҳатто вазъи саломатии аҳолии ноҳияҳо ва давлатҳои алоҳида) мебошад.
Ба корҳои самти якум тадқиқот оид ба ташхиси бемориҳо тавассути барномаю усули махсуси истифодаи компютерҳо дохил мешаванд, ки қобиланд аз байни чанд намудҳои беморӣ навъи бештар имконпазири иллатро «нишон» диҳанд. Системаҳои ташхисӣ дар ҳолатҳои душвор ба духтур кӯмак мерасонанд (дар ин ҳол компютер ба духтур варианти бештар имконпазири ташхисро «нишон» дода, ҳангоми зарурат муоинаи иловагӣ тавсия мекунад). Онҳоро барои такмили умури тиббӣ ба аҳолӣ дар шароите, ки ёрии тиббии таъҷилӣ душвор аст (мас., аз сабаби дар муассисаи мазкур набудани мутахассиси ягон соҳаи тиб), истифода мебаранд (дар ин ҳол системаҳои махсуси алоқаро истифода бурда, муассисаи тиббиро бо муассисаи тиббии марказӣ алоқаманд мекунанд ва аз он маслиҳати зарурӣ мегиранд); ниҳоят, системаҳои ташхисиро барои муайян намудани одамони алоҳида (ҳангоми муоинаи тиббии оммавӣ)-е, ки хавфи гирифтор шудани онҳо ба ин ё он беморӣ бештар аст, кор мефармоянд. Дар ин ҳол аз пурсиши анкетӣ истифода бурда мешавад, ки он тарҷумаи ҳоли одам, шароити зиндагӣ ва меҳнат, омилҳое, ки ба тарзи зисту зиндагии ӯ вобастаанд, бемориҳои аз сар гузарондани ӯро дарбар мегирад. Агар хавфи ба ин ё он беморӣ гирифтор шудани одамони алоҳида муайян карда шавад, он гоҳ онҳоро ба муоинаи иловагӣ мефиристанд, ба низорати доимии тиббӣ мегиранд. Азбаски коркарди маълумоти пурсиши анкетӣ душвор нест, истифодаи ин усул имкон медиҳад, ки маблағи баҳри муоина ва бистаригардонии тамоми аҳолӣ ҷудокарда сарфа шавад.
Ба гурӯҳи тадбирҳои самти якум кори таҳлили компютерии электроэнсефалограмма, электрокардиограмма ва ғ., ки вазъи беморро муайян мекунанд, коркарди системаи ба ном сарбастаи идораи наркоз, ангезиши фаъолияти дил (ниг. Кардиостимулятсия), нафаскашӣ ва асбобҳои ёрирасон (мас., асбобҳои хунгардиши сунъӣ ва ғ.) дохил мешаванд.
Аз сабаби зиёд шудани рағбат ба дарёфти узвҳои сунъӣ, диққати мутахассисони соҳаи К. т.-ро масъалаи амсиласози (моделони)-и организм ё зерсистемаҳои калони он (гардиши хун, нафаскашӣ, мубодилаи моддаҳо) ҷалб менамоянд. Аз ин рӯ, омӯзиши тарз (механизм)-и устувор нигоҳ доштани муҳити дохилии организм (гомеостаз) яке аз бахшҳои муҳими самти дуюми тадқиқоти К. т. аст. Хусусияти гомеостазии организмҳои зинда ҳам аз ҷиҳати ошкор кардани табиати физиологии тарзи нигоҳдоши ҳолате, ки ба муҳити дохилии организм мусоид аст (ҳангоми тағйири шароити берунӣ) ва ҳам аз нуқтаи назари имконияти амалигардонии гомеостаз тавассути асбобҳои техникӣ (ниг. Бионика) барои К. т. аҳамияти калон дорад.
Идораи рафти табобат низ яке аз масъалаҳои К. т. мебошад. Истифодаи қобилияти ҳифзи миқдори зиёди ахбор дар компютерҳо имкон медиҳад, ки ба таҳлили маризиҳо такя карда, барои ҳар бемор чунин тарзи муолиҷае интихоб карда шавад, ки оқибати он нек бошад. Масъалаи идораи табобат ҳангоми истеъмоли доруҳои пуртаъсир ва заҳрнок хеле судбахш аст. Дар ин сурат тавассути усулҳои амсиласози (моделонӣ)-и математикӣ барномаи табобатӣ (мӯҳлати истеъмол ва вояи дору), усулҳои имконпазири бартараф намудани таъсири номатлуби дору ва ғ. муайян карда мешаванд. Ҳангоми шуоъшифоӣ (барои ҳисоб кардани вояи шуоъ) истифода бурдани компютерҳо аҳамияти калон доранд.
Ба корҳои самти сеюм дарёфти усулҳои ба қайд гирифтани вазъи саломатии шумораи зиёди аҳолӣ дохил мешавад. Чунин бақайдгирӣ (ҳангоми датсрас будани таърихи беморӣ) имкон медиҳад, ки дар ҳолатҳои таъҷилӣ ба бемор фавран ёрӣ расонида шавад; тадбирҳои пешгирии бемориҳо аз рӯи нақша иҷро гарданд; сабабҳои тамоюли ногуворро дар тағйири аҳволи саломатии аҳолӣ саривақт ошкор намоянд. Дар натиҷа умури тиббие ба вуҷуд меояд, ки вазифаҳои гуногунро ҳал карда, имкониятҳои дар системаҳои ҳифзи тандурустӣ вуҷуддоштаро амалӣ мегардонад. Системаҳои идораи тадқиқоти илмӣ дар соҳаи тиб низ яке аз тарзҳои ҷамъоварии ахбори тиббӣ мебошанд. Ҳангоми дарёфти чунин системаҳо саъю кӯшиши одамон ба ҳалли масоили муборизаи зидди бемориҳое, ки ба ҷамъият зарари калон мерасонанд, равона шудааст (бемориҳои дилу раг, онкологӣ, сироятӣ ва ғ.). Тадқиқоти ба муборизаи зиди ин бемориҳо равоншударо ташкилотҳои байналхалқӣ, қабл аз ҳама Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳамоҳанг месозанд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …