Главная / Илм / КИМ Алексей Иванович

КИМ Алексей Иванович

kim-alekseyКИМ Алексей Иванович (тав. 03. 02. 1960, ш. Кӯлоб), ҷарроҳи дил, доктори илми тиб (2001), проф. (2003). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1983). Ординатори клиникии кафедраи бемориҳои ҷарроҳиталаби №1 ДДТТ дар назди Беморхонаи клиникии шаҳрии №5 (1983 – 85), духтури ҳамин беморхона (1985 – 87). Аспирант ва ходими илмии шӯъбаи кӯдакони хурдсоли Маркази илмии ҷарроҳии дилу рагҳои ба номи А.Н. Бакулеви АИТ Россия (1987 – 90), ходими илмӣ, мудири хадамоти ҷарроҳии шӯъбаи ҷарроҳии оҷил ва муолиҷаи интенсивии навзодон (1991 – 99), мудири шӯъбаи ҷарроҳии таҷдидии кӯдакони навзод ва хурдсоли гирифтори нуқси модарзодии дили Маркази номбурда (аз 1999). Оид ба масъалаи барқарорсозии унсурҳои осебёфтаи дил бо истифода аз технологияи генӣ ва ҳуҷайрагӣ тадқиқот мебарад. Муаллифи зиёда аз 180 асару мақолаҳои илмист. Таҳти роҳбарии ӯ 5 наф. рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд. С-ҳои 1996 – 2003 ассистенти кафедраи ҷарроҳии дилу рагҳои Академияи тиббии Москва ба номи Сеченов буд. Аз с. 2003 проф. кафедраи ҷарроҳии дилу рагҳои факултаи такмили ихтисоси Донишгоҳи тиббии стоматологӣ. Бо Ҷоизаи умумироссиягии ба номи В.И. Бураковский, нишони фахрии Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии «Милосердия», Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Саха-Якутия қадр карда шудааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …