Главная / Илм / КИНДӣ

КИНДӣ

nophotoКИНДӣ, Абӯюсуф Яъқуб ибни Исҳоқ (тақр. 800, Басра – тақр. 870, Бағдод), табиб ва файласуфи араб. Аз хонадони шоҳзодаҳост. Дар Бағдод кору фаъолият намуда, дар робита ба тиб, риёзиёт, мантиқ ва диг. илмҳои замонааш асарҳо эҷод кардааст. Донистани забонҳои суриёнӣ ва юнонӣ ба К. имкон дод, ки ба осори илмии юнониён бевосита шиносоӣ пайдо кунад. Ба К. зиёда аз 240 асарро нисбат медиҳанд. Аз ҷумла Ибни Надим дар «Феҳрист»-и худ 22 номгӯй аз осори тиббии ӯро ёд мекунад.
Ад.: Ҳоҷихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», ҷ. 6, Лубнон, 2007.

С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …