Главная / Илм (страница 36)

Илм

МИКРОБИОЛОГИЯ

mikrobiologiya

МИКРОБИОЛОГИЯ, илмест доир ба мавҷудоти хурде, ки онҳоро бо чашм натавон дид. М. сохти микробҳо, таркиби химиявӣ ва қонунияти фаъолияти ҳаётии онҳоро муайян намуда, тағйирпазирӣ ва ирсияту робитаи мутақобилаи микрбҳоро бо диг. организмҳо, аз ҷумла бо одам ва ҳайвонот, инчунин мавқеи онҳоро дар ташаккули биосфера меомӯзад. Дар рафти инкишоф М. …

Муфассал »

МИКРОИҚЛИМ

mikroklimat

МИКРОИҚЛИМ, иқлими қитъаҳои хурди рӯи замин (М. – и воҳа дар биёбон, ҷойҳои холии беша, дара, сой ва ғ.), ки бо шароити обу ҳавои хоси худ аз минтақаи иқлимии мавҷуда фарқ мекунад. Шароити иқлими сунъиеро, ки дар гармхонаҳо, обанборҳои сунъӣ, биноҳо, инчунин дар нақлиёт, киштиҳои кайҳонӣ ва стансияҳои мадорӣ ба …

Муфассал »

МИКРОСПОРИЯ

mikrosporiya

МИКРОСПОРИЯ (Microsporia), яке аз бемориҳои маъмули сироятии занбӯруғии пӯст. Занбӯруғҳои ниҳоят хурд, ки ангезандаи М. мебошанд, нафақат ба пӯст, балки ба мӯй, баъзан ба нохун низ осеб мерасонанд. Аломатҳои М. аксар вақт ба аломатҳои трихофития монанд буда, пештар ҳардуи онҳоро «шукуфаи мӯйчин» меномиданд. Ду навъи занбӯруғҳо – ангезандаҳои М. мавҷуданд. …

Муфассал »

МИКРОТСЕФАЛИЯ

mikrocefaliya

МИКРОТСЕФАЛИЯ (аз микро .. ва юн. kephale ¬¬– сар), хеле хурд шудани андозаи косахонаи сар ва майна, ки ҳамзамон бо ин андозаи диг. қисмҳои бадан халал наёфтааст. М. боиси камақлӣ мешавад. Ба пайдоиши М. бемориҳои сироятие, ки модар дар се моҳи авв. ҳомилагӣ аз сар гузарондааст, инчунин токсоплазмоз мусоидат мекунанд. …

Муфассал »

МИКРОФЛОРАИ ОДАМ

mikroflora

МИКРОФЛОРАИ ОДАМ, маҷмӯи микроорганизмҳое, ки дар узву бофтаҳои одами солим вуҷуд дорад. Микрофлораи ҳар узв ва бофтаи ҷудогона ҷиҳатҳои хос дошта, бо мурури синну сол, шароити зиндагӣ, тағзия ва ғ. тағйир меёбад. М. о. доимӣ ва муваққатӣ мешавад. Ба микрофлораи доимии одам микроорганизмҳое мансубанд, ки онҳо дар тӯли таҳаввулоти ҳаёт …

Муфассал »

МИКРОҶАРРОҲӣ

charrohi

МИКРОҶАРРОҲӣ, як бахши илми ҷарроҳист, ки дар мавриди он дар баробари корбасти усулҳои маъмули ҷарроҳӣ, ҳамчунин аз усули ҷарроҳӣ тавассути асбобҳои махсуси дақиқ, микроскоп ва сӯзанҳои нафис истифода мекунанд. М. ба маънои маҳдуд – ҷарроҳии унсурҳои нозуктарин, рагҳо, асабҳо ва ба маънои васеъ – савияи баланди техникаи ҷарроҳӣ аст. Техникаи …

Муфассал »

МИКРОЭЛЕМЕНТҲО

mikroelementho

МИКРОЭЛЕМЕНТҲО, элементҳои химиявие, ки дар организм ба миқдори кам ба андозаи 10–2 – 10–12 вуҷуд доранд. Истилоҳи «М.»-ро инчунин барои ифодаи баъзе элементҳои химиявие, ки дар хок, ҷинсҳои кӯҳӣ, минералҳо ва об ҳастанд, истифода мебаранд. Дар организмҳои зинда зиёда аз 60 М. ба таркиби пайвастҳои фаъоли биологӣ (ферментҳо, витаминҳо, гормонҳо …

Муфассал »

МИКСЕДЕМАИ ПӯСТ

miksedemai-pust

МИКСЕДЕМАИ ПӯСТ мухотварам, беморие, ки дар натиҷаи аз кор баромадан ё ниҳоят кам кор кардани ғадуди сипаршакл пайдо мешавад. М. нисбатан кам дучор омада, ба он бештар кӯдакон, солхӯрдагон ва занон (дар давраи климакс) дучор меоянд. Дар маҳалҳое, ки ҷоғар паҳн гардидаасту барои пешгирии он чорае надидаанд, одамон ба М. …

Муфассал »

МИЛЗАНИИ ДУВОЗДАҲА

milzanii-duvozdah

МИЛЗАНИИ ДУВОЗДАҲА, бо мақсади ташхис ва табобат ба рӯдаи дувоздаҳангушта фиристодани мил (зонд). Бо мақсади ба даст овардани муҳтавои рӯдаи дувоздаҳангушта (омехтаи талха, шира ва усораи ғадуди зери меъда) ба амал оварда мешавад. Тадқиқи муҳтаво имкон медиҳад, ки дар бораи ҳолату фаъолияти рӯдаи дувоздаҳангушта, ғадуди зери меъда, ҷигар, талхадон, маҷрои …

Муфассал »

МИЛЗАНИИ МЕЪДА

milzanii-meda

МИЛЗАНИИ МЕЪДА, ба тавассути мил (зонд) гирифтани муҳтавои меъда. Бо мақсади ташхис ҳангоми гумонбарӣ аз бемориҳои меъда ё рӯдаи дувоздаҳангушта, инчунин дар аснои баъзе бемориҳои дигар, ки боиси халал ёфтани фаъолияти меъда мегарданд, истифода мешавад. Милзаниро барои табобат (мас., шустани меъда зимни заҳролудии шадид, ҷаббида гирифтани муҳтавои меъда ҳангоми атонияи …

Муфассал »