Главная / Илм / МИЛЗАНИИ МЕЪДА

МИЛЗАНИИ МЕЪДА

milzanii-medaМИЛЗАНИИ МЕЪДА, ба тавассути мил (зонд) гирифтани муҳтавои меъда. Бо мақсади ташхис ҳангоми гумонбарӣ аз бемориҳои меъда ё рӯдаи дувоздаҳангушта, инчунин дар аснои баъзе бемориҳои дигар, ки боиси халал ёфтани фаъолияти меъда мегарданд, истифода мешавад. Милзаниро барои табобат (мас., шустани меъда зимни заҳролудии шадид, ҷаббида гирифтани муҳтавои меъда ҳангоми атонияи он, ғизо додан ба беморони беҳуш) низ кор мефармоянд.
Истифодаи М. м. дар мавриди хуншории он, стеноз ё дивертикули сурхрӯда, аневризмаи аорта, бемориҳои вазнини дил, бемории гипертония, ҳомилагӣ ва ғ. ҷоиз нест.
М. м. ба воситаи мили дарозиаш 1000 – 1500 мм (диаметри сӯрохиаш 2 – 3 мм) ба амал бароварда мешавад. Бемор рӯи курсӣ менишинад. Милро то бехи забон мефиристанд. Баъд, азбаски мил нарм буда, ба сурхрӯда халондани он номумкин аст, бемор бояд онро то ишораи 40 – 45 см фурӯ барад. М. м.-ро бисёр беморон осон паси сар мекунанд. Дар сурати сахт беҳузур шудани дил мили борикро метавон аз сӯрохи бинӣ гузаронд. Мили борик, ки ба меъда фиристода шудааст, ҳиссиёти нохуш ба вуҷуд намеорад; бинобар ин онро 2 – 3 соат нигоҳ доштан мумкин аст. Ин имкон медиҳад, ки фаъолияти шираҷудокунии меъда дуру дароз тадқиқ карда шавад. Дар сӯрохи беруни мил шпритс мегузоранд, ки тавассути он муҳтавои меъдаро дам ба дам кашида мегиранд.
Ниг. низ Милзанӣ, Милзании рӯдаи дувоздаҳангушта.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

ВУЛҚОНҲО

ВУЛҚОН ЧИСТ?

ВУЛҚОНҲО Ҳарорати он то + 1500°С мерасад, дар сатҳи замин 900-1200°С ташкил меқунад ва оҳиста …