Главная / Илм / МИКРОФЛОРАИ ОДАМ

МИКРОФЛОРАИ ОДАМ

mikrofloraМИКРОФЛОРАИ ОДАМ, маҷмӯи микроорганизмҳое, ки дар узву бофтаҳои одами солим вуҷуд дорад. Микрофлораи ҳар узв ва бофтаи ҷудогона ҷиҳатҳои хос дошта, бо мурури синну сол, шароити зиндагӣ, тағзия ва ғ. тағйир меёбад. М. о. доимӣ ва муваққатӣ мешавад. Ба микрофлораи доимии одам микроорганизмҳое мансубанд, ки онҳо дар тӯли таҳаввулоти ҳаёт дар пӯст ва ҷойҳои муайяни организм мутобиқ мешаванд. Дар пӯсти одам бактерияҳо – стафилококк, стрептококк, инчунин занбӯруғҳои мағору хамиртуруш (ниг. Занбӯруғҳои микроскопӣ) зиндагӣ мекунанд. Дар ҷавфи даҳон то 100 хел микрорганизмҳо, аз ҷумла диплококк, микрококк, стрептококк, бактерияҳои ҷурғот ва ғ.-ро ошкор кардаанд. Қисмҳои гуногуни роҳи меъдаю рӯда аз ҳамдигар бо миқдор ва хели микроорганизмҳои дар онҳо маскун фарқ мекунанд. Одатан, дар меъдаи одам микроорганизмҳо нестанд, зеро шираи меъда хусусияти зиддимикробӣ дорад. Дар рӯдаи дувоздаҳангушта ва рӯдаи борик низ микроорганизмҳо нисбатан кам мебошанд. Вале онҳо дар рӯдаи ғафс аз ҳама бештаранд. Дар 1 г пасафканд то 250 млрд, дар тамоми рӯдаҳо бошад, қариб 1015 микроорганизм мавҷуд аст.
Микроорганизмҳое, ки ба ҷисми одам аз ҳаво, озуқа ва об ворид гашта, зуд раҳо меёбанд, микрофлораи муваққатӣ маҳсуб мешаванд.
Аз рӯи мушоҳида дар организми ҳайвоне, ки дар шароити тамйизӣ (гнотобионтҳо) калон шудааст (яъне организми вай аз бактерияҳо пурра эмин ёфта, аз микрофлораи мӯътадил маҳрум мондааст), ихтилоли баъзе равандҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла инкишоф наёфтани бофтаи лимфоидӣ, тағийр ёфтани мубодилаи об, кам шудани миқдори подтанҳо дар зардоби хун ва ғ. ба амал меояд.
Таркиби М. о. аз бемориҳои гуногун, инчунин дар асни нодуруст истифода бурдани антибиотикҳо зуд тағйир меёбад. Дар натиҷа дисбактериоз рух медиҳад, ки зимни он моддаҳои ғизоиро аз худ кардани организм халал ва реаксияҳои ферментативӣ тағйир меёбанд, ҳосилшавии витаминҳо якбора суст мешавад ва ғ. Чунин тағйироти тақсимоту сохти таркибии М. о. боиси сар задани бемориҳои диспепсияи рӯда, токсикоинфексия, авҷгирии пӯсиш, пневмония ва ғ. мегардад.
Ҳангоми дисбактериоз дар организм микробҳое, ки ба як қатор антибиотикҳо устуворанд, зиёд мешаванд. Пешгирии ин касалӣ то як дараҷа ба истифодаи дурусти антибиотикҳо (фақат баъди таъиноти духтур) вобаста аст. Дар сурати муолиҷаи нодуруст дар организм микробҳое, ки микрофлораи мӯътадилро ташкил медиҳанд, маҳв мешаванд. Дар натиҷа устувории организм ба микроорганизмҳои касалиовар суст мегардад. Ва ҳамзамон бо ин микробҳое, ки дар организм мувофиқи меъёр вуҷуд доштанд, ниҳоят афзоиш меёбанд. Маҳсули фаъолияти ҳаётии ин микробҳо метавонад боиси заҳролудии организм ё аллергия гардад. Бо мақсади мӯътадил гардондани микрофлораи рӯда, ки бинобар дисбактериоз халалдор мешавад, духтур доруҳои бактериядор таъин мекунад.

Ш. А. Тошева.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …