Главная / Илм / МИКСЕДЕМАИ ПӯСТ

МИКСЕДЕМАИ ПӯСТ

miksedemai-pustМИКСЕДЕМАИ ПӯСТ мухотварам, беморие, ки дар натиҷаи аз кор баромадан ё ниҳоят кам кор кардани ғадуди сипаршакл пайдо мешавад.
М. нисбатан кам дучор омада, ба он бештар кӯдакон, солхӯрдагон ва занон (дар давраи климакс) дучор меоянд. Дар маҳалҳое, ки ҷоғар паҳн гардидаасту барои пешгирии он чорае надидаанд, одамон ба М. бештар гирифтор мешаванд. Сабабҳои М. гуногунанд. Дар инкишофи М. набудан ва ё ниҳоят кам будани гормони ғадуди сипаршакл роли асосӣ мебозад.
Аломатҳои М. ба синну соли бемор вобастаанд. Агар М. дар кӯдакони хурдсол зоҳир гардад, онҳо аз инкишоф мемонанд, қад намекашанд, дер дандон мебароранд, аъзои ҷинсии онҳо суст инкишоф меёбад; бачагон фақат дар 4 – 5-солагӣ роҳравиро меомӯзанд, дер забон мебароранд, шикам калон, бинӣ зиншакл, кори дил суст ва ҳарорати бадан паст мешавад. Бемор ҳайрону хомӯш, беҳол ва заиф мегардад. Дар организм мубодилаи сафеда, карбогидратҳо, чарб ва обу намак ихтилол меёбад, бофтаҳо (махсусан пӯст) обталаб шуда, ба худ обро бисёр мекашанд (дар натиҷа обварам ба вуҷуд меоянд), ғизогирии мӯйҳо бад шуда, онҳо мерезанд, пӯстпарда (эпидермис) шух баста, брадикардия, гипотония, заъфи рӯдаҳо ба вуҷуд меоянд.
Беморӣ тадриҷан инкишоф меёбад. Мариз аз бемадорию беҳолӣ, хастагӣ, паст шудани қобилияти корӣ, сустии қувваи ҳофиза, хоболудӣ ва беҳавсалагӣ шикоят мекунад; ҳаракатҳояш сусту коҳилона, гуфтораш якоҳанг, овозаш паст мешавад.
Чеҳраи бемор тадриҷан намуди хоса мегирад; рӯю пилкҳо варамида, роғи чашм танг, ранги рӯй зардча мегардад. Варам ба гардан ва болои чанбари китф паҳн мешавад, аз ин рӯ, калла мисли ба китфҳо фурӯрафта менамояд. Ҳангоми пахш кардани варам, ҷои ангуштзада чуқур намешавад. Пӯсти дасту пойҳо хунук аст; баъзе ҷойҳои пӯст шух мебандад ва сабӯсак мекунад. Мӯйҳои бадан бисёр нозук шуда мерезанд, мӯи сар хушк ва зудшикан, нохунҳо нозук, тунук мегарданд, бемор фарбеҳ мешавад. Набзи бемор суст, фишори хун паст буда, тапиши дил бо душворӣ ба мушоҳида мерасад. Қабзият ва варами шикам аз ихтилоли узвҳои ҳозима гувоҳӣ медиҳад. Фаъолияти рӯҳии бемор суст, гӯш вазнин, миқдори лейкоситҳои хун кам мегардад.
Истеъмоли доруҳое, ки аз ғадуди сипаршакл тайёр кардаанд (асосан тиреодин), хӯрокҳои серғизою хушсифат, парҳези таомҳое, ки дар таркибашон холестерин бисёр аст, ба бемор шифо мебахшад. Мунтазам ба ҷо овардани тадбирҳои зидди ҷоғар М.-ро пешгирӣ мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …