Главная / Илм / МИКРОСПОРИЯ

МИКРОСПОРИЯ

mikrosporiyaМИКРОСПОРИЯ (Microsporia), яке аз бемориҳои маъмули сироятии занбӯруғии пӯст. Занбӯруғҳои ниҳоят хурд, ки ангезандаи М. мебошанд, нафақат ба пӯст, балки ба мӯй, баъзан ба нохун низ осеб мерасонанд. Аломатҳои М. аксар вақт ба аломатҳои трихофития монанд буда, пештар ҳардуи онҳоро «шукуфаи мӯйчин» меномиданд. Ду навъи занбӯруғҳо – ангезандаҳои М. мавҷуданд. Яке аз онҳо фақат дар организми одам маскун аст; он бемории ниҳоят сироятнок буда, асосан кӯдакон гирифтор мешаванд. Сироят дар оила ё муассисаҳои бачагона тавассути ашёе, ки мариз истифода бурдааст, ба вуқӯъ мепайвандад. Навъи дигари занбӯруғҳо дар пӯсту мӯи гурбаю сагҳо паразитӣ мекунанд; шахс бештар дар вақти бо ҳайвони касал робита доштан ё аз ашёе, ки бо мӯи онҳо олуда шудаанд, сироят меёбад; баъзан худи шахси бемор манбаи сироят шуда метавонад.
Дар пӯсти рӯй, гардан, бозу, тан ва пойҳо доғҳои сурхи газакгирифта ва баъд доғҳои гирда ё байзашакли шахшӯл пайдо мешаванд. Ҳангоми аз гурба ё саг ба одами солим гузаштани занбӯруғи бемориангез дар қисми мӯйдори сар аввал як доғи гирдаю шахшӯл пайдо мешавад; дертар ҳамин барин боз чанд доғҳо ба вуҷуд меоянд. Мавриди сироят аз занбӯруғе, ки фақат ба одам осеб мерасонад, манбаъҳои М. дар сар хусусияти дигар доранд (онҳо дарҳол паи ҳам пайдо мешаванд, бо ҳамдигар пайваст мегарданд, ҳамаи мӯйҳои зарардида мӯрт намешаванд ва онҳоро дар байни мӯйҳои солим фарқ кардан душвор аст).
М.-ро духтури бемориҳои пӯст бо роҳи тадқиқи мӯй дар зери лампаи люминессентӣ ташхис мекунад. М. дар беморхона ё амбулатория муолиҷа карда мешавад. Худмуолиҷа мумкин нест, зеро он барои аниқ намудани беморӣ халал мерасонад.
Муассисаҳои назорати санитарию ветеринарӣ ба мақсади пешгирӣ намудани М. бар зидди гурбаю сагҳои бесоҳиб мубориза мебаранд. Калонсолон бояд роҳ надиҳанд, ки кӯдакон ҳайвонҳои бесоҳибро ба даст гиранд ё бе муоинаи духтури ҳайвонот онҳоро ба хона оранд. Бояд дар хотир дошт, ки М.-и гурбаҳо ноаён аст, аз ин рӯ ҳайвоноти хонаги (алалхусус агар мӯи онҳо резад ё бо ҳам часпад) – ро ба байтор нишон додан зарур аст. Ҳайвони касалро ҳеҷ гоҳ аз хона берун кардан мумкин нест (онро ба табобатгоҳи ветеринарӣ бурдан лозим). М. дар байни кӯдакон моҳҳои май – октябр авҷ мегирад, чунки дар ин давра гурбаҳо насл меоранд ва дар таҳхонаҳо ҷой мегиранд. Ба муқобили М. духтурони пӯст, духтурони стансияҳои санитарию эпидемиологӣ ва духтурони ҳайвонот якҷоя мубориза мебаранд.
Пешгирии М. – е, ки фақат аз одами бемор мегузарад, ба пешгириии трихофития монанд аст: дезинфексияи хона ва анҷоми бемор; бистаригардонии бемор дар касалхонаҳои махсус; муоинаи аҳли оилаи бемор ва ғ.
Ниг. низ. Занбӯруғҳои микроскопӣ, Бемориҳои занбӯруғии пӯст.
Ад.: Зоиров П. Т., Бемориҳои пӯст, Д., 1999; ҳамон муаллиф, Частная дерматология и венерология, Д., 2007.

М. С. Исоева.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …