Главная / Илм / МИКРОҶАРРОҲӣ

МИКРОҶАРРОҲӣ

charrohiМИКРОҶАРРОҲӣ, як бахши илми ҷарроҳист, ки дар мавриди он дар баробари корбасти усулҳои маъмули ҷарроҳӣ, ҳамчунин аз усули ҷарроҳӣ тавассути асбобҳои махсуси дақиқ, микроскоп ва сӯзанҳои нафис истифода мекунанд. М. ба маънои маҳдуд – ҷарроҳии унсурҳои нозуктарин, рагҳо, асабҳо ва ба маънои васеъ – савияи баланди техникаи ҷарроҳӣ аст.
Техникаи махсуси ҷарроҳӣ ба микроҷарроҳ имкон медиҳад, ки бофтаҳоро ниҳоят боэҳтиёт бурида, ташкилаҳои анатомии майдатаринро ҷудо кунад. М. – ро дар ҷарроҳии чашм ва гӯши миёна фаровон истифода мебаранд. Дар даҳсолаҳои охир М. ҳангоми ба ҷояшон дӯхтани ангуштҳо, панҷаи дасту пой, даст ё пое, ки дар натиҷаи садама канда шудааст, ба панҷаи даст кӯчонда шинондани ангуштони пой (дар сурате, ки ангушти даст нобуд шуда бошад), озод кӯчонда шинондани пораҳои мураккаби банду буғум (пӯст бо чарби зери пӯст ва мушаки он) бо мақсади пинҳон кардани нуқси бофтаҳои нарм, варамҳои лимфавии дасту пойҳо, кӯчонда шинондани мушак ё устухон, иваз кардани асабҳои канории осебдида, ҷарроҳии таҷдидии маҷрои манӣ ва найчаҳои бачадон ва ғ. кор фармуда мешавад. М. ҳангоми аз таъсири осеб канда шудани ангуштон, панҷаи даст ё пой аҳамияти бағоят калон дорад, зеро ба ҷояшон дӯхтани узвҳои кандашуда ва барқарор намудани фаъолияти онҳо бидуни истифода аз усулҳои М. имконнопазир аст.
Маълумот дар бораи мӯҳлати зинда мондани қисмҳои кандашудаи бадан дар ҷадвал акс ёфтааст. Чунонки мебинем, барои зинда нигоҳ доштани узви кандашудаи бадан ва то ба маркази махсуси М. бурда расондани бемор фурсат вуҷуд дорад. Аммо самараи чунин ҷарроҳӣ ба чораҳои аввалине, ки дар ҷои ҳодиса андешида мешаванд, сахт вобаста аст. Пеш аз ҳама ҷои захмро ба бандинаи фишоровар баста, хунравиро қатъ мекунанд (вақти тофтабандиро қайд кардан зарур аст), ёрии таъҷилиро даъват менамоянд ё чораи ҳарчи зудтар ба муассисаи табобатии наздиктарин расондани ҷабрдидаро меандешанд. Қисми кандашудаи даст ё пойро шустан ё дору кардан ҳаргиз мумкин нест. Агар бандинаи пок ёфт нашавад, узви кандашударо ба ягон латтаи тоза мепечонанд. Баъд ду халтаи селлофаниро шуста тоза мекунанд. Ба халтаи хурдтар узви кандашударо андохта даҳонашро маҳкам мебанданд. Ба халтаи дигар ях ё барф андохта, баъд ба даруни он халтаи аввалро ҷой мекунанд ва даҳони онро ҳам мебанданд.
Мӯҳлати маҳфуз мондани қобилияти зиндагии узвҳои
кандашуда вобаста ба ҳарорати муҳит (ба ҳисоби соат)
Узви кандашуда Мӯҳлати қобилияти зиндагии узв
дар ҳарор. то + 40 дар ҳарор. зиёда аз + 40
Ангуштон 16 соат 8 соат
Панҷаи даст 12 соат 6 соат
Соид 6 соат 4 соат
Бозу 6 соат 4 соат
Панҷаи пой 6 соат 4 соат
Соқ 6 соат 4 соат
Рон 6 соат 4 соат

Мутахассисони марказҳои ҷарроҳии рагҳои хунгард дар зери микроскоп узви қатъшударо барқарор месозанд, шараён, варид, асаб, устухонҳоро ба якдигар мепайванданд. Агар бофтаҳо безарар ва мӯҳлати ба беморхона овардани осебдида риоя шуда бошад, қариб 80 фоизи ангушту панҷаҳои даст дубора мечаспанд.
Агар ангуштони даст набошанд, барои барқарор намудани вазифаи панҷа як, ду ва ҳатто се ангушти пойро бурида ба даст мечаспонанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки барои барқарор гаштани фаъолияти чунин ангуштон машғул шудан ба варзиши шифоӣ, физиотерапия ва ғ. аҳамияти калон дорад.
Бо мақсади рафъи нуқси калон аз як ҷои бадан ба ҷои дигар кӯчондани бофтаҳои нарм ва барқарор кардани хунгардиши онҳо фасли муҳими М. ба ҳисоб меравад.
Техникаи М. дар мавриди ҷарроҳии рагҳои лимфа (ҳангоми варамидани дасту пойҳо) фаровон истифода мешавад. Дар натиҷаи ҷарроҳӣ варам хеле кам шуда, ҳаракати пой беҳтар мегардад. Дар сурати осеб дидани танаи асабҳои канорӣ асабро бо усули М. дӯхтан, вале агар осеб калон бошад, яке аз асабҳои зери пӯстро аз соқ ё соид гирифта ба сифати трансплантат истифода бурдан мумкин аст. Дар вақти ногузарониши найчаҳои Фаллопий ва ё маҷрои манӣ, ки боиси безурётӣ мегардад, бо ёрии М. қобилияти гузарониши онҳоро барқарор кардан мумкин аст.
М. дар Тоҷикистон аз с.-ҳои 80 – уми а. 20 манша мегирад. С. 1987 дар БКШ №5 ба номи акад. К. Т. Тоҷиев зери роҳбарии профессорон Н. У. Усмонов ва К. П. Ортиқов аввалин шӯъбаи М. ташкил карда шуд, ки 10 кат дошт. Дар як муддати кӯтоҳ чанд нафар мутахассисони соҳаи М. тайёр карда шуданд (К. П. Ортиқов, У. А. Қурбонов, Ғ. М. Хоҷамуродов), олоту таҷҳизоти зарурӣ дастрас гашт (микроскопи ҷарроҳии Карл-Сейсс, асбобу афзори микроҷарроҳӣ, риштаҳои махсус ва ғ.).
М.-и аввалин дар ҷумҳурӣ с. 1985 анҷом дода шудааст. То с. 1990 кормандони шӯъба зиёда аз 1000 микроҷарроҳиро ба анҷом расонданд. Баҳри дар амал ворид сохтани М. се нафар мутахассисони варзида – К. П. Ортиқов, У. А. Қурбонов ва Ғ. М. Хоҷамуродов сазовори Мукофоти комсомоли Тоҷикистон гаштанд.
Соли 1991 шӯъбаи М. ба шӯъбаи ҷарроҳии пластикӣ ва таҷдидӣ табдил дода шуд. Феълан он дар сохтори Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо ва қафаси сина фаъолият дорад. Кормандони шӯъба то ин дам 150 усули нави М.-ро дар амал татбиқ намудаанд, мас., реплантатсияи бандҳои қатъшуда, аутотрансплантатсияи бофтаҳо, реконструксияи бандчаи рагу асабҳо, инсидоди найчаи бачадон, бенаслии сидоди (обтуриатсия)-и мардҳо, варикотселе, гипоспадия, лимфостази андомҳо, ҳамчунин бемории ҷоғар, зиқи нафас, амрози ғадуди болои гурда, талхадон, осеби рагҳои андомҳо, тармими маҳбал ҳангоми атрезия, реконструксияи сутунмӯҳра ва ғ.
М. дар робита бо диг. усулҳои ҷарроҳӣ ривоҷ меёбад.
Ад.: Белоусов А. Е., Ткаченко С. С., Микрохирургия в травматологии, Л., 1988; Белоусов А. Е., Пластическая, реконструктивная и эстетическая хирургия, М., 1998; Курбанов У. А., Давлатов А. А., Основы микрохирургии (учебно-методическое пособие), Д., 2008.

У. А. Қурбонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …