Главная / Илм / МИКРОЭЛЕМЕНТҲО

МИКРОЭЛЕМЕНТҲО

mikroelementhoМИКРОЭЛЕМЕНТҲО, элементҳои химиявие, ки дар организм ба миқдори кам ба андозаи 10–2 – 10–12 вуҷуд доранд. Истилоҳи «М.»-ро инчунин барои ифодаи баъзе элементҳои химиявие, ки дар хок, ҷинсҳои кӯҳӣ, минералҳо ва об ҳастанд, истифода мебаранд. Дар организмҳои зинда зиёда аз 60 М. ба таркиби пайвастҳои фаъоли биологӣ (ферментҳо, витаминҳо, гормонҳо ва пигментҳои нафаскашӣ) дохил мешаванд. Таъсири М. дар ин пайвастҳо ҳангоми тағйирёбии фаъолияти равандҳои мубодилаи модда, инкишоф, афзоиш, ҳосилшавии хун ва ғ. зоҳир мегарданд. М.-ро аз рӯи аҳамияти барои фаъолияти ҳаётии организм доштаашон ба М.-и зарурӣ (Co, Fe, Cu, Zn, Mn, I, F, Br) ва начандон муҳим (Al, Sr, Mo, Se, Ni) ҷудо мекунанд; роли Bi, Ag ва баъзе М.-и дигар, ки дар бофтаҳо ҳастанд, муайян нашудааст. Норасоӣ ё зиёдии М. дар растанӣ ва организми ҳайвонот ба миқдори дар хок будаи онҳо вобаста аст.
М. дар организм нобаробар паҳн шудаанд. Дар ягон узв барзиёд ҷамъ шудани онҳо ба мақоми физиологии элементҳо ва фаъолияти хоси ҳамон узв вобаста аст. Миқдори М. дар узву бофтаҳо вобаста ба ҷои истиқомат, меъёри доимии хӯрок ва сабабҳои дигар тағйир меёбад.
М. дар тиб нисбатан кам истифода мешаванд. Вале доруҳои Co, Fe, Cu барои муолиҷаи баъзе намудҳои анемия, Br, I чун модаи фармакологӣ, баъзе М. дар гигиена (мас., барои пешгирии ҷоғари эндемӣ) ва ғ. ҳарҷониба истифода мешаванд. М. ба организми одам асосан тавассути маҳсулоти хӯрокӣ роҳ меёбанд.
Олимони Тоҷикистон муқаррар намудаанд, ки ба бемориҳои гипертонӣ, ишемияи дил ва атеросклероз нисбат ба сокинони маҳалҳои дигар камтар гирифтор шудани сокинони Помир ба миқдори М.-и дар организми онҳо буда вобаста аст. Мас., консентратсияи Fe, Ca, Ti дар хуни сокинони Душанбе нисбат ба консентратсияи ин М. дар хуни сокинони Хоруғ бештар аст. Баръакс консентратсияи Zn, V. Ag дар хуни сокинони маҳалҳои кӯҳӣ афзунтар мебошад. Ба дараҷаи муайян мувофиқат кардани миқдори М.-и дар хуни одам ва унсурҳои хоки биосфераи Тоҷикистон бударо маълумотҳо тасдиқ мекунанд.
Тавсифи асосии физиологӣ ва гигиении микроэлементҳои муҳимтарин
Микроэлементҳо Миқдори микроэлементҳои чашмаҳо, мг/л Манбаъҳои асосии ба организм дохилшавии микроэлементҳо Миқдори микроэлементҳо дар хӯроки якшаборӯзӣ, мг Талаботи якшаборӯзӣ ба микроэлементҳо, мг Бофта ва узвҳое, ки дар онҳо микроэлементҳо ҷамъ мешаванд Роли биологӣ ва таъсири физиологии микроэлементҳо
Al 0 – 0,1 нон 20 – 100 2 – 50 ҷигар, мағзи сар, устухон Ба инкишоф ва регенератсияи бофтаҳои эпителӣ, пайвасткунанда ва устухонӣ кӯмак мерасонад; ба фаъолияти ғадуди ҳозима ва ферментҳо таъсир мекунад
Br 0 – 0,25 нон, шир 0,4 – 1,0 0,5 – 2,0 мағзи сар, ғадуди сипаршакл Фаъолияти системаи марказии асабро танзим мекунад; ба фаъолияти ғадудҳои таносул, сипаршакл ва фаъолияти шираҳои ҳозима таъсир мерасонад
Fe 0,01 – 1,0 нон, гӯшт, мева 15 – 40 10 – 30 эритроситҳо, ҷигар, сипурз Дар хунҳосилкунӣ, нафаскашӣ, реаксияҳои иммунобиологӣ ва оксиду барқароршавӣ иштирок мекунад; норасоии он боиси анемия мегардад
I 0 – 0,3 шир, сабзавот 0,04 – 0,2 1,1 – 1,3 ғадуди сипаршакл Барои фаъолияти ғадуди сипаршакл зарур аст; ҳангоми норасоӣ ҷоғари эндемӣ ба вуҷуд меояд; дараҷаи холестерин, β-липопротеин ва бастани хунро паст мекунад; таъсири зидди микробӣ дорад
Co 0,01 – 0,1 шир, нон, сабзавот 0,01 – 0,01 0,02 – 0,2 хун, сипурз, устухон, тухмдон, ҷигар, гипофиз Хунофариро метезонад, дар синтези сафедаҳо ва танзими мубодилаи ангиштобҳо иштирок мекунад; таъсири липотропӣ дорад
Mn 0 – 0,5 нон 4 – 36 2 – 10 устухон, ҷигар, гипофиз Хунофариро метезонад; ба мубодилаи сафеда, ангиштоб, чарбу таъсир мерасонад; барзиёд ҳосил шудани холестеринро дар девораи рагҳо боз медорад, рагҳои хунро васеъ, фишори артерияро паст, хосияти иммунобиологӣ ва муҳофизии организмро зиёд мекунад
Cu 0 – 0,1 нон, картошка, мева 1 – 10 1 – 4 ҷигар, устухон Ба нумӯ ва инкишоф кӯмак мерасонад; дар хунҳосилкунӣ, нафасгирӣ ва реаксияҳои иммунитетӣ иштирок мекунад; такшоншавии холестеринро метезонад, рагҳои хунро танг ва фишори артерияро баланд мекунад
Mo 0 – 0,1 нон 0,1 – 0,6 0,1 – 0,5 ҷигар, гурда, пардаи пигментӣ, чашм Ба таркиби ферментҳо дохил мешавад; инкишофи парранда ва ҳайвонотро метезонад; барзиёдии он бемории молибденози ҳайвонро ба вуҷуд меорад
F 0 – 2,0 об, сабзавот, шир 0,4 – 1,8 2 – 3 устухон, дандон Устувории дандонҳоро бар зидди кариеси дандон зиёд мекунад; хунофарӣ ва иммунитетро метезонад; дар инкишофи скелет иштирок мекунад; барзиёдии он флюорозро ба вуҷуд меорад
Zn 0 – 0,1 нон, гӯшт, сабзавот 6 – 30 5 – 20 ҷигар, простата, шабакияи чашм Дар протсессҳои хунофарӣ ва фаъолияти тарашшӯҳии ғадудҳои дохилиусоравӣ иштирок мекунад, дараҷаи холестерини хунро паст мекунад; инкишофи атеросклерозро боз медорад; ҳангоми норасоӣ инкишофи ҳайвонот суст ва маҳсули он паст мешавад

Ҷ. С. Лангариева.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …