Главная / Илм / МИКРОБИОЛОГИЯ

МИКРОБИОЛОГИЯ

mikrobiologiyaМИКРОБИОЛОГИЯ, илмест доир ба мавҷудоти хурде, ки онҳоро бо чашм натавон дид. М. сохти микробҳо, таркиби химиявӣ ва қонунияти фаъолияти ҳаётии онҳоро муайян намуда, тағйирпазирӣ ва ирсияту робитаи мутақобилаи микрбҳоро бо диг. организмҳо, аз ҷумла бо одам ва ҳайвонот, инчунин мавқеи онҳоро дар ташаккули биосфера меомӯзад. Дар рафти инкишоф М. бо шохаҳои зерин ҷудо шуд: умумӣ, кишоварзӣ, ветеринарӣ, тиббӣ ва саноатӣ.
М.-и умумӣ қонунияти фаъолияти ҳаётии микробҳоро ҳамчун организм ва мавқеи онҳоро дар нигаҳдории ҳаёти рӯи замин, аз ҷумла дар гардиши карбон, нитроген, энергия меомӯзад. М.-и кишоварзӣ фаъолияти микробҳоро дар ташаккули хок, ғизои растанӣ, консервонии хӯроки чорво (силос), инчунин таъсири онҳоро дар инкишофи касалиҳои растанӣ муайян менамояд. Вазифаи М-и техникӣ ё саноатӣ омӯзиши ҷараёни химиявие мебошад, ки зери таъсири микробҳо пайдо шуда, ба ҳосил гаштани атсетон, спирт, кислотаҳои оганикӣ ва ғ. мусоидат мекунад. Солҳои охир дар соҳаи М.-и техникӣ истеҳсоли витаминҳо, аминокислотаҳо ва антибиотикҳо хеле пеш рафтааст. Ба М.-и тиббӣ бактериология дохил мешавад, ки он ангезандаи бемориҳои сироятиро меомӯзад. Микология, протозоология, вирусология низ ба М-и тиббӣ мансубанд. Микология занбӯруғҳои бемориангез, протозоология организмҳои якҳуҷайраи касалиовар ва вирусология вирусҳои беморизоро меомӯзад.
Бори аввал маълумоти саҳеҳ оид ба микробҳо, дар нимаи дуюми а.17 аз тарафи олими голандӣ А. Левенгук ба даст оварда шудааст. ӯ бо микроскопи оддие, ки ашёро 250 – 300 маротиба калон нишон медиҳад, дар об, чирки дандон ва қиёмҳо «мавҷудоти зинда»-еро мушоҳида намуд. Аммо М. чун илм аз нимаи дуюми а. 19 баъд аз тадқиқоти олими франсавӣ Л. Пастер, олими немис Р. Кох ва олимони рус И. И. Мечников, С. Н. Виноградский ва Д. И Ивановский босуръат инкишоф ёфтааст. Дар аснои тадқиқоти Л. Пастер тарз (механизм)-ҳои гуногуни туршшавӣ дарёфт шуда, мавқеи микробҳо дар амалӣ гардонидани механизми туршшавӣ муайян гашт. Тадқиқоти Л. Пастер доир ба ангезандаи вабои мурғ, сӯхтанӣ ва ҳорӣ баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ замина гузоштанд. Пажӯҳишҳои Р. Кох ба муқаррар намудани ангезандаҳои сӯхтанӣ, сил ва вабо имкон доданд. И. И Мечников асосгузори таълимоти ҳозираи масунияти одам ва ҳайвон нисбат ба бемориҳои сироятӣ мебошад. ӯ ҷараёни фагоситозро кафш намуд ва дар раванди он вазифаи лейкоситҳо, ҳуҷайраҳои сипурз ва мағзи устухонро муайян кард. Тадқиқоти С.И. Виноградский мавқеи бактерияҳоро дар гардиши нитрогени табиат муайян намуд, ки баҳри серҳосилии зироат аҳамияти калон дорад. Дар асоси дастовардтҳо муяссар гашт, ки бемориҳои сироятӣ кам, баъзе касалиҳои бениҳоят вазнин, ба монанди нағзак ва тоун нест карда шаванд.
Дар Тоҷикистон аз с-ҳои 40 ин ҷониб дар соҳаи М. тадқиқот мебаранд. Дар навбати аввал лозим омад, ки таркиб ва хусусияти микрофлораи хок омӯхта шаванд. Сипас тадқиқи густариши гурӯҳи бактерияҳои азотандӯзи аэробӣ дар хокҳои Тоҷикистони Шимолӣ ва микроорганизмҳои хокҳои ҷумҳурӣ оғоз ёфт. С.-ҳои 50-ум роли микроорганизмҳо дар ҳосил кардани сода (карбонати натрий) ва шӯрхоки карбонатӣ дар ҷануби ҷумҳурӣ, бо таъсири актиномисетҳо тағйир ёфтани таркиби хок омӯхта шуданд. Баробари таъсис ёфтани Ин-ти тадқиқоти илмии санитарию бактериологӣ дар Душанбе (1931) М.-и тиббии назариявӣ ва амалӣ ташаккул ёфт. Аз тарафи бактериологҳои ҷумҳурӣ этиологияи бемориҳои рӯда, гулӯзиндонак ва аҳамияти шаклҳои тағйирёфтаи бактерияҳои исҳоли хунин мавриди тадқиқ қарор гирифтанд.
Ниг. низ Бактериология.

С. Сатторов.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …