Главная / Илм (страница 182)

Илм

АМИЛОИДОЗ

amiloidoz

АМИЛОИДОЗ (Amyloidosis), бемориҳое, ки бинобар дар бофтаҳои гуногуни организм таҳшин шудани сафедаҳо – амилоидҳо рух менамоянд. А.-еро, ки ба бофтаҳои тамоми организм таъсир мерасонад, А.-и мунташир меноманд. Он метавонад ба ҳама узвҳои одам таъсири номатлуб расонад. А. бемории алоҳида аст, вале имкон дорад, ки дар натиҷаи бемориҳои дигар, мас., миеломаҳо, …

Муфассал »

ВАКСИНАТСИЯ

vaktcinatciia

ВАКСИНАТСИЯ, барои ба вуҷуд овардани муқовимати организм бар зидди бемориҳои сироятӣ гузаронидани ҳар гуна ваксинаҳо, анатоксин, гамма-глобулинҳо ва зардобҳои масунӣ. Мақсад аз В. ба даст овардани иммунитети фаъол ё ба муддати кӯтоҳ аз ангеза ё заҳри он муҳофизат кардани организм (тайёр кардани иммунитети ғайрифаъол) мебошад. Барои ба вуҷуд овардани иммунитети …

Муфассал »

АМИНОВ Ҳусейн Ҷумъаевич

images

АМИНОВ Ҳусейн Ҷумъаевич (тав. 02. 10. 1946, ноҳ. Қизилтеппаи вил. Бухорои Ҷумҳурии ӯзбекистон), духтури кӯдакон, доктори илмҳои тиб (2006). Хатмкардаи ДДТТ (1969). Духтури минтақавии бемориҳои кӯдакони Дармонгоҳи кӯдаконаи ш. Қӯрғонтеппа (1969 – 71), духтури кӯдакон ва сардухтури беморхонаи минтақавии Кофарниҳони ноҳ. Орҷоникидзеобод (ҳоло ш. Ваҳдат, 1971 – 74), ординатори клиникии …

Муфассал »

АМИНОКИСЛОТАҲО

aminokislotaho

АМИНОКИСЛОТАҲО, синфи пайвастҳои органикӣ, ки дар таркибашон гурӯҳи карбоксил ( – СООН) ва аминогурӯҳ (– NH2) мавҷуд аст. А. хосияти кислотагӣ ва асосӣ доранд. Вобаста аз сохтор А. алифатӣ ва ароматӣ мешаванд. Чанд навъи А.-и алифатӣ, мас., α –, β –, γ – ва ғ. маълуманд. Аз α – аминокислотаҳо …

Муфассал »

АМИНҲОИ БИОГЕНӣ

aminhoi_biogeni1

АМИНҲОИ БИОГЕНӣ, гурӯҳи пайвастҳои органикии нитрогендор, ки дар организм бо роҳи декарбоксилонии аминокислотаҳо, яъне аз молекулаи онҳо ҷудо шудани гурӯҳи карбоксил – СООН, ҳосил мешаванд. Барои организм аминоспиртҳое, ки дар таркибашон боқимондаи пирокатехин (1,2 – дигидроксибензол, катехол) мавҷуд аст (катехоламинҳо), аҳамияти калон доранд. Катехоламинҳо (дофамин, норадреналин, адреналин) дар натиҷаи мубодилаи …

Муфассал »

АМИНҶОНОВ Сайфинаҷот

images

АМИНҶОНОВ Сайфинаҷот (16. 9. 1935, Хуҷанд – 5. 2. 2005, ҳамон ҷо), духтури муолиҷ, доктори илмҳои тиб (1987), проф. (1990), Аълочии тандурустии СССР (1975). Хатмкардаи ДДТТ (1957). Духтури муолиҷи беморхонаи минтақавии деҳаи Исмоили ноҳ. Хуҷанд (1957 – 59), аспиранти Пажӯҳишгоҳи тибби кишварӣ (1960 – 63) ва корманди Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи АИ …

Муфассал »

АМИОТРОФИЯ

amiotrofiia

АМИОТРОФИЯ (Amyotrophia), бемориест, ки дар натиҷаи он массаи мушакҳо хеле кам мешавад. Дар мавриди А. мушакҳо сусту заиф мегарданд. А. ба гурӯҳи бемориҳои вазнин мансуб аст. А.-и ҳароммағзӣ дар давраи туфулият ба вуҷуд меояд, бинобар ин онро А.-и кӯдакӣ низ меноманд; бемории ирсӣ буда, ҳамчун беҳолии умумӣ, атрофияи мушакҳои тан …

Муфассал »

АММИАК

amiak

АММИАК (аз юн. hals ammoniakos – навшодир), NH3, пайвасти химиявии нитроген бо гидроген. Дар табиат дар натиҷаи таҷзияи моддаҳои нитрогендори органикӣ ҳосил мешавад. А. гази беранг буда, бӯи тези нафасгир дорад. Омехтаи А.-и хушк бо ҳаво метаркад. А. моддаи хеле фаъол аст. Аз ҳисоби ҷуфти электронҳои тақсимнагаштаи нитроген ба реаксия …

Муфассал »

АМНЕЗИЯ

amnezia

АМНЕЗИЯ (Amnesia; аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва mneme – хотира), фаромӯшхотирӣ, ихтилоли хотир. Чанд хели А. мавҷуд аст, мас., А.-и ретроградӣ – кас воқеаҳои пеш аз беморӣ дидаву шунидаашро пурра ё қисман фаромӯш мекунад; А.-и репродуктивӣ – бемор ном, рӯзи вуқӯи воқеа, шумораю шакли чизҳо ва ғ.-ро фавран ба …

Муфассал »

АМНИОСЕНТЕЗ

amniosintez

АМНИОСЕНТЕЗ (Amniocentesis; аз amnion – ҷанинпарда ва kentesis – шикофтан), пунксияи пардаи ҷанин. А. бо мақсади ташхисӣ барои гирифтани оби ҳамроҳак истифода мегардад. Мурод аз А. муқаррар кардани вазъи ҷанин, баъзе бемориҳои ирсӣ, бемории гемолизии кӯдак ҳангоми резус-конфликт ва ғ. мебошад. А. бо мақсади ба халтаи ҷанин фиристодани дору ва …

Муфассал »