Главная / Илм / АМИНҶОНОВ Сайфинаҷот

АМИНҶОНОВ Сайфинаҷот

imagesАМИНҶОНОВ Сайфинаҷот (16. 9. 1935, Хуҷанд – 5. 2. 2005, ҳамон ҷо), духтури муолиҷ, доктори илмҳои тиб (1987), проф. (1990), Аълочии тандурустии СССР (1975). Хатмкардаи ДДТТ (1957). Духтури муолиҷи беморхонаи минтақавии деҳаи Исмоили ноҳ. Хуҷанд (1957 – 59), аспиранти Пажӯҳишгоҳи тибби кишварӣ (1960 – 63) ва корманди Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи АИ ҶТ (1963 – 89), мудири кафедраи таълими бемориҳои даруни ДДТТ (1989 – 92), директори Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Хуҷанд (1992 – 98), мудири кафедраи терапияи госпиталии филиали ДДТТ дар ш. Хуҷанд (1998 – 2005). Муаллифи беш аз 100 асару мақолаҳои илмист, ки ба масъалаҳои гувориш ва нафаскашӣ бахшида шудаанд. Иштирокчии бисёр конфронсу форумҳои байналмилалӣ. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷ. сарфароз гашааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …