Главная / Илм / АМИНОКИСЛОТАҲО

АМИНОКИСЛОТАҲО

aminokislotahoАМИНОКИСЛОТАҲО, синфи пайвастҳои органикӣ, ки дар таркибашон гурӯҳи карбоксил ( – СООН) ва аминогурӯҳ (– NH2) мавҷуд аст. А. хосияти кислотагӣ ва асосӣ доранд. Вобаста аз сохтор А. алифатӣ ва ароматӣ мешаванд. Чанд навъи А.-и алифатӣ, мас., α –, β –, γ – ва ғ. маълуманд. Аз α – аминокислотаҳо сафедаҳо ва пептидҳо таркиб ёфтаанд. Онҳо дар амалиёти муҳимми биологӣ иштирок мекунанд.
А. моддаҳои кристаллии беранг буда, дар об нағз ҳал мешаванд. Бисёри онҳо таъми ширин доранд. А. моддаҳои амфотеранд , бинобар ин бештар дар намуди иони дузаряда дучор меоянд.
Манбаи асосии α – аминокислотаҳо барои организмҳои зинда сафедаи ғизо мебошад. Бисёр α – аминокислотаҳоро худи организм синтез мекунад. А.-еро, ки аз берун ба организм ворид мешаванд, А.-и ивазнашаванда меноманд (мас., валин, лейтсин, изолейтсин, лизин, треонин, метионин, фенилаланин, триптофан ва ғ.). Ҳангоми баъзе бемориҳо, хоса бемориҳои модарзодӣ, адади А.-и ивазнашаванда меафзояд. Чунончи, ҳангоми бемории фенилкетонурия организм тирозинро синтез намекунад. Талаботи шаборӯзии А.-и ивазнашаванда барои одами калонсол тақр. 1 г аст. Мафҳуми «ивазнашаванда» то андозае шартист. Мас., тирозин дар организм фақат аз фенилаланин ҳосил мегардад. Бинобар ин он маҳз дар сурати норасоии фенилаланин ивазнашаванда аст. Аз тарафи дигар, мавҷудияти тирозин дар ғизо талаботро ба фенилаланин коҳиш медиҳад. Чунин ҳамбастагӣ байни метионин ва систеин (систин) низ вуҷуд дорад. Ҳангоми норасоии А. дар хӯрок (триптофан, лизин, метионин) синтези сафеда ва бисёр моддаҳои зарурии организм ғайриимкон аст
А. дар организм барои синтез ва ресинтези сафеда, ҳамчунин гормонҳо, аминҳо, алкалоидҳо, коферментҳо, пигментҳо ва ғ. заруранд. А.-и зиёдатӣ то маҳсули вопасини мубодила (дар одам ва ширхӯрҳо то мочевина, СО2 ва об) таҷзия мешаванд (ҳангоми он энергияи барои фаъолияти ҳаёт зарур ихроҷ мегардад).
Баъзе А.-ро аз маҳсули гидролизи сафедаҳо ҷудо мекунанд. Mac., кислотаи глутаминатро аз казеин, тирозинро аз фиброини абрешим, аргининро аз желатина, гистидинро аз сафедаи хун ва ғ. А.-и дигарро бо роҳи синтез (мас., кислотаи глутаминат, метионин, лизин) ҳосил менамоянд.
Одам бо пешоб дар як шаборӯз тақр. 1 г А.-и озод хориҷ мекунад. Сабаби афзоиши А. дар таркиби пешоб (аминоатсидурия) бемории гипераминоатсидемия ва баъзе амрози ирсӣ аст. Мас., дар мавриди систинурия систине, ки бад ҳал мешавад, дар пешоб дар шакли кристаллҳо боқӣ мемонад. Бо пешоб барзиёд ихроҷ гаштани гистидин (гистидинурия) бошад, асосан ҳангоми ҳомилагӣ рух менамояд.
А. дар тиб барои молиҷаи бемориҳои аъзои ҳозима, ҷигар, камхунӣ, сӯхта, реши меъда ва ғ. муҳим мебошанд. Кислотаи глютаминат дар соҳаи равонпизишкӣ корбаст мешавад. Метионин барои табобати фарбеҳӣ, сирроз ва диг. амрози ҷигар муфид аст. Бо гистидин захми меъда ва диг. бемориҳои роҳи меъдаю рӯдаҳо табобат меёбанд. Дар сурати дар организм барзиёд будани баъзе А. ва норасоии А.-и дигар ҳолати заҳролдӣ ба вуқӯъ меояд.
Ад.: Грандберг И.И., Органическая химия, М., 1974; Тюкавкина Н.А., Бауков Ю.И., Биоорганическая химия, М., 1985; Филиппович Ю.Б., Основы биохимии, М., 1995.
Ш. Самиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …