Главная / Илм / АМИОТРОФИЯ

АМИОТРОФИЯ

amiotrofiiaАМИОТРОФИЯ (Amyotrophia), бемориест, ки дар натиҷаи он массаи мушакҳо хеле кам мешавад. Дар мавриди А. мушакҳо сусту заиф мегарданд. А. ба гурӯҳи бемориҳои вазнин мансуб аст. А.-и ҳароммағзӣ дар давраи туфулият ба вуҷуд меояд, бинобар ин онро А.-и кӯдакӣ низ меноманд; бемории ирсӣ буда, ҳамчун беҳолии умумӣ, атрофияи мушакҳои тан ва дасту по зоҳир мешавад. А.-и асабҳо бошад, боиси дистрофияи асаби мушакҳо мегардад. Он хусусияти оилавӣ дорад. А. ҳамчунин дар одамоне, ки гирифтори авитаминоз мебошанд ё ягон хел осеб бардоштаанд, мушоҳида мешавад.
Қабл аз муолиҷаи А. сабабҳои онро ошкор кардан лозим аст. А.-ро бо истифода аз витаминҳои В ва Е, гормонҳои анаболӣ, биостимуляторҳо табобат менамоянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …