АММИАК (аз юн. hals ammoniakos – навшодир), NH3, пайвасти химиявии нитроген бо гидроген. Дар табиат дар натиҷаи таҷзияи моддаҳои нитрогендори органикӣ ҳосил мешавад. А. гази беранг буда, бӯи тези нафасгир дорад. Омехтаи А.-и хушк бо ҳаво метаркад.
А. моддаи хеле фаъол аст. Аз ҳисоби ҷуфти электронҳои тақсимнагаштаи нитроген ба реаксия медарояд. Бинобар ба молекулаи А. пайваст гаштани протон иони аммоний ҳосил мешавад. Он ҳамчун иони металлҳои ишқорӣ бо об ва аниони кислотаҳо пайваст шуда, гидроксиди аммоний ва намак ҳосил мекунад. Барои А. реаксияи ҷойгирӣ низ хос аст. Металлҳои ишқорӣ ва ишқорзаминӣ бо А.-и моеъ ё газшакл ба реаксия дохил шуда, нитрид ё амид ҳосил мекунанд. А. бо сулфур, галогенҳо, карбон, СО2 ва ғ. низ ба реаксия медарояд. Дар лаборатория А.-ро дар натиҷаи бо оҳаки шукуфта гарм кардани хлориди аммоний ба даст медароранд. А. аз организм дар шакли намакҳои аммоний (хоса сулфати аммоний) ба воситаи пешоб ихроҷ мешавад. Дар аснои дар вояи хӯрок, афзалият доштани сафеда, инчунин ҳангоми бемориҳои вазнини ҷигар (мас., сирроз), миқдори А. дар таркиби хун дучанд мегардад.
Бӯи тези А. ретсепторҳои луобпардаи биниро ангехта, фаъолияти нафасгириро тез ва фишори хунро баланд мекунад. Бинобар ин ҳангоми беҳушӣ ва заҳролудӣ аз алкуҳул буғи спирти навшодирро бӯй мекашонанд (барои эҳтиёт пахтаеро, ки дар спирти навшодир тар карда шудааст, аз пеши бинӣ 5 см дуртар нигоҳ медоранд). Маҳлули спиртии навшодир (25 мл дар 5 л оби гарм) дар амалияи ҷарроҳӣ барои тоза кардани даст истифода мешавад (усули Кочергин-Спасокукотский).
Дар мавриди заҳролудии музмин аз А.-и газшакл мубодилаи моддаҳо халалдор шуда, фишори хун паст мефарояд, неврастения ва бемориҳои илтиҳобии роҳи нафас сар мезананд.
Бо мақсади пешгирии заҳролудӣ аз А. ба қоидаҳои бехатарии меҳнат риоя кардан лозим аст.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …