Главная / Илм / ВАКСИНАТСИЯ

ВАКСИНАТСИЯ

vaktcinatciiaВАКСИНАТСИЯ, барои ба вуҷуд овардани муқовимати организм бар зидди бемориҳои сироятӣ гузаронидани ҳар гуна ваксинаҳо, анатоксин, гамма-глобулинҳо ва зардобҳои масунӣ. Мақсад аз В. ба даст овардани иммунитети фаъол ё ба муддати кӯтоҳ аз ангеза ё заҳри он муҳофизат кардани организм (тайёр кардани иммунитети ғайрифаъол) мебошад.
Барои ба вуҷуд овардани иммунитети фаъол ба организми одам ваксина ё анатоксин мегузаронанд. Ваксинаҳо аз ангезаҳои мурда ё зиндаи заиф иборат буда, беморизо нестанд ва ҷавобан ба В. дар организм моддаҳои муҳофизи махсус ҳосил мекунанд (онҳоро подтан меноманд). Антоксинҳоро тавассути формалин бо роҳи безарар кардани заҳри микроб ба даст меоранд. Дар чунин маврид токсин (моддаи заҳрдор) заҳрнокии худро гум кунад, вале қобилияти сироятпазириро нигоҳ медорад.
Ваксинаҳо ба пӯст (ваксинаи зидди сил), зери пӯст (домана ва ғ.), дохили мушак (сулфакабутак, хуноқ, кузоз), тавассути даҳон (полиомиелит), бинӣ (грипп) гузаронда мешаванд. Қабл аз В. каратҳо (яккарата, дукарата ё секарата), фосилаҳои байни моягузаронӣ ва меъёри ваксинаро ба назар мегиранд. Анатоксинҳоро ба дохили пӯст ё мушак мегузаронанд.
Муқовимати фаъол баъди 1 – 3 ҳафтаи В. ба вуҷуд омада, моҳҳо, ҳатто солҳо боқӣ мемонад. Барои ба даст овардани муқовамати устувору доимӣ дар баъзе ҳолатҳо баъди анҷоми В. ба мӯҳлатҳои гуногун такроран моя мегузаронанд (реваксинатсия).
Қобилияти дар як вақт ба чанд бемории сироятӣ муқовимат ҳосил кардани организмро ба назар гирифта аз маҷмӯи моядоруҳо (аз омехтаи чандин ваксинаю анатоксинҳо иборатанд) истифода мекунанд. Ба В.-и ҳатмӣ, ки дар вақтҳои муайян, сарфи назар аз вазъияти вогирӣ (эпидемӣ) ба ҷо оварда мешавад, В.-и зидди бемориҳои сироятии бачаҳо (сурхча, сурфакабудак), сил, хуноқ, гулӯзиндонак, кузоз, полиомиелит ва ғ. мансубанд.
Дар як қатор мавридҳо В.-и ҳатмӣ аҳолии маҳалҳои манбаи табиии туляремия, энсефалити канаӣ ва ғ.-ро низ дарбар хоҳад гирифт. В.-и зиддиэпидемиро дар сурати сар задани хавфи вогирии ягон беморӣ ба кор мебаранд (мас., грипп). Пеш аз В., одатан, муоинаи тиббӣ анҷом дода мешавад. Ба шахсони табашон баланд ва гирифтори бемориҳои музмин баъди шифо ёфтан моя мегузаронанд.
Дар натиҷаи В. аксуламали ҷузъӣ ва умумии организм рух намуда, ҷое, ки моя гузаронда шудааст (пӯст, дохили пӯст ва мушакҳо) варам ва дард мекунад, кас беҳол, табаш баланд мешавад.
Барои ҳосил кардани муқовимати ғайрифаъол ба организми одам зардоб ва гамма-глобулини масунӣ (моядоруҳое, ки ҷинсҳои бегонаи муҳофизи тайёр доранд) мегузаронанд. Чунин тарзи В. дар мавридҳое, ки вазифаи муҳофизати организмро ба зудӣ баланд бардоштан, ба ин ё он бемории сироятӣ муқовимати муваққатӣ ба вуҷуд овардан ё гаронии ҷараёни бемории сарзадаро суст кардан зарур аст, татбиқ мешавад. Зардобҳои масунӣ ва гамма-глобулинҳоро, одатан, барои ҳифзи саломатии одамоне истифода мекунанд, ки онҳо ба беморони сироятнок нигоҳубин мекарданд. Ин доруҳоро, маъмулан, ба дохили мушакҳо мегузаронанд. Агар органзим ба ин доруҳо ҳассосияти баланд надошта бошад, вокуниши баъди В. рӯй намедиҳад, ё рӯй диҳад ҳам, ниҳоят суст аст.
Ҳамаи маълумот роҷеъ ба В. дар дафтари таърихи инкишофи бачагон ва журнали махсуси калонсолон сабт мегардад. Волидон бояд хуб донанд, ки ба фарзанди онҳо кадом навъи мояҳо гузаронда шудаанд ва дар оянда боз кадом хелҳои он ва кай гузаронда мешаванд. В.-ҳое, ки дар мӯҳлатҳои аз тарафи духтур муайяншуда амалӣ мегарданд, самараи бештар меоранд.
В. яке аз воситаҳои муҳими мубориза бар зидди амрози сироятӣ мебошад. Ба туфайли он мас., нағзак барин бемори вазнин барҳам дода шудааст. Дар бисёр мамлакатҳои дунё оид ба дарёфти ваксинаҳои нави самарабахш ва тарзи истифодаи онҳо тадқиқот мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …