Главная / 2018 / May (страница 19)

Архив Месяца: May 2018

Оташ: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

otash

Меъроҷиддини Камол менависад: Оташ, ки нишони нуру гармӣ бошад, Ҳар шӯълаи он умеди некӣ бошад. Чун дар шаби хоб оташее афрӯзӣ, Таъбир, ҳама нерӯи ту афрошад.

Муфассал »

Озор додан: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

ozor-dodan

Меъроҷиддини Камол менависад: Ба хобат гар касерро доди озор. Ба мушту бо лағат, дашноми бисёр. Бувад таъбир дороии байтат, Аз он ки ҷоми бахтат гашта саршор. Гар оби даҳони одамеро, Мебинӣ бахоби ноз резон, Таъвил каломи бад ба таҳқир, Резад ба сарат чу оби борон.

Муфассал »

МАХАОН

nophoto

МАХАОН (Machaon), дар асотири Юнони Қадим яке аз табибони машҳур. М. писари худои тиббу табобат Асклепий ва Эпиона, набераи Аполлон (чун худои шифобахш, пешгӯйӣ, хирад ва ҳомии санъат шӯҳрати беандоза дошт) ва бародарони Гигиея, Панакея ва Подалирия буд. Муҳаққиқон М.-ро чун ҷарроҳ ба қалам додаанд. Бино бар ривоятҳо М. дар …

Муфассал »

«МАХЗАНУ-Л-АДВИЯ»

madanu-shifo

«МАХЗАНУ-Л-АДВИЯ» («Хазинаи давоҳо»), китобест дар боби тиб. Муаллифаш Муҳаммад Ҳусейн ибни Муҳаммади Оқилӣ. Асар с. 1776 ба забони тоҷикӣ таълиф шуда, дар бораи давоҳое, ки то нимаи дуюми а. 18 вуҷуд доштанд, маълумот медиҳад. Китоб аз 3 қисм иборат аст. Дар қисми 1-ум муаллиф дар бораи 3 намуди давоҳо (маъданӣ, …

Муфассал »

МАХМАЛАК

mahmalak

МАХМАЛАК (Scarlatina), скарлатина, бемории шадиди сироятист, ки бо таб, газаки бодомакҳои гулӯ ва дамидани доначаҳои хурд дар пӯст падид меояд. Барангезандаи М. стрептококк аст (ниг. Бактерияҳо). Бештар кӯдакони 2 – 7-сола М. мешаванд. Беморӣ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон авҷ мегирад. Сироят аз кӯдаки бемор мегузарад (ӯ барои атрофиён дар муддати …

Муфассал »

МАҲАЛЛАИ НАЗОРАТИ ДУХТУР

doktor

МАҲАЛЛАИ НАЗОРАТИ ДУХТУР, минтақаест бо миқдори муайяни сокинон ё коргарону хизматчиёне, ки аз рӯи шарти истеҳсолӣ муттаҳид шудаанд ва ба он дар расондани ёрии тиббӣ, андешидани тадбирҳои пешгирии бемориҳо ва тадқиқи вазъи саломатӣ духтури оилавӣ вобаста карда шудааст. Маҳаллаҳои шаҳрии табобатӣ ба сокинони калонсол, маҳаллаҳои педиатрӣ ба бачагон, сехӣ ба …

Муфассал »

МАҲБАЛ

mahbal

МАҲБАЛ (Vagina), узви таносули дохилии зан, ки дар кори мубошарат ва бордоршавӣ иштирок мекунад. М. як қисми роҳи таваллуд аст. М.-и зан найчаи мушакҳояш чандир (дарозиаш 7 – 9, диаметраш 2 – 3 см) мебошад. Он дар коси хурд байни роҳи пешобгузар ва масона (пешобдон) аз пеш, ҳамчунин рӯдаи рост …

Муфассал »

МАҲЛУЛИ ЛЮГОЛ

lyugol

МАҲЛУЛИ ЛЮГОЛ (Solutio Lugoli), маҳлули йод дар маҳлули обии йодиди калий. Аз номи духтури франсавӣ А. Люгол (1786 – 1851) гирифта шудааст. Аз 1 ҳисса йод, 2 ҳисса йодиди калий ва 17 ҳисса об таркиб ёфтааст. Ҳамчун давои антисептикӣ барои молидан ба луобпардаи гулӯ ва ҳалқ кор фармуда мешавад. Ҳангоми …

Муфассал »

МАҲМАДОВ Фарух Исроилович

nophoto

МАҲМАДОВ Фарух Исроилович (тав. 28. 05. 1974, ноҳ. Ҳамадонӣ), духтури ҷарроҳ, доктори илми тиб (2010). Хатмкардаи фак-ти муолиҷаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1997). Духтур-интерни Ин-ти такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон (1997 – 98), мудири кабинети корҳои ташкилию методӣ, ҳамзамон ҷарроҳ (1998 – 2003), мудири шӯъбаи 2-юм (2003 – …

Муфассал »

МАҲМУД ҲАКИМИ ЁФОНӣ

nophoto

МАҲМУД ҲАКИМИ ЁФОНӣ, Маҳмуд ибни Мулло Шодимуҳаммади Ёфонии Қӯқандӣ (1851, Қӯқанд – 1930, ҳамон ҷо), табиб. Дар Бухоро ва Самарқанд таҳсили илм намуда, дар зодгоҳаш Қӯқанд зиндагӣ ва эҷод кардааст. М. дар асоси истифодаи комёбиҳои тибби Шарқ ва таҷрибаву малакаи шахсӣ чанд китоб таълиф намудааст. Дар байни онҳо «Тариқу-л-илоҷ» («Усули …

Муфассал »