Главная / Илм / МАХМАЛАК

МАХМАЛАК

mahmalakМАХМАЛАК (Scarlatina), скарлатина, бемории шадиди сироятист, ки бо таб, газаки бодомакҳои гулӯ ва дамидани доначаҳои хурд дар пӯст падид меояд. Барангезандаи М. стрептококк аст (ниг. Бактерияҳо). Бештар кӯдакони 2 – 7-сола М. мешаванд. Беморӣ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон авҷ мегирад.
Сироят аз кӯдаки бемор мегузарад (ӯ барои атрофиён дар муддати беморӣ ва ҳатто чанд вақт баъди шифо ёфтанаш низ хавфнок аст). Ҳамчунин ашхосе, ки М.-ро бисёр сабук ва номаълум аз сар гузаронидаанд, манбаи сироят мебошанд. Кӯдак аз шахси гирифтори ангина ҳам сироят меёбад (баъзан одамони калонсол ба М. гирифтор мешаванд ва бемории аксари онҳо монанди дарди гулӯ аст). Ангезандаи М., ки дар қатраҳои балғам ва оби даҳон вуҷуд доранд, ҳангоми сурфа, атса задан ва гуфтугӯ ба ҳаво, баъд тавассути роҳҳои нафас ба организми кӯдаки солим мегузаранд. Ангезандаҳо фаъолияти худро дер нигоҳ медоранд, аз ин сабаб ашёи бемор ҳам манбаи сироят маҳсуб меёбад.
Стрептококкҳо аксаран ба организм аз ҳалқ, баъзан аз пӯсти осебдида ва луобпардаҳо ё шуш дохил мешаванд. Стрептококк баъди ба луобпарда афтоданаш дар он меафзояд ва боиси инкишофи газак мегардад. Заҳре (токсин), ки стрептококк ҷудо мекунад, ба хун гузашта, боиси беҳолӣ, дамидани доначаҳо, иллати системаи асаб ва дилу рагҳо мешавад. Дар натиҷаи вокуниши аллергии организм ба токсин (ниг. Аллергия) дар ҳафтаи 2 – 3-юми беморӣ иллати буғумҳо, гурда ва дил фаро расиданаш мумкин аст. Агар муқобилати организм суст бошад, стрептококкҳо метавонанд ба хун гузашта, боиси сирояти умумии организм – уфунат шаванд. Чунин навъи беморӣ бештар дар кӯдакони хурдсол (1 – 3-сола) ба мушоҳида мерасад.
Ангезандаи М. дар организми одам муддати 2 – 7 рӯз (баъзан то 11 рӯз) бидуни ягон нишонаи беморӣ (давраи ниҳонӣ) метавонад вуҷуд дошта бошад. М. ногаҳон оғоз меёбад; ҳарорати бадан то 39 – 400 баланд ва бемор беҳол мешавад; гулӯ (ҳангоми фурӯбарӣ) дард мекунад, дил беҳузур гашта, мариз қай менамояд. Дар 10 – 12 соати аввали беморӣ пӯсти бадан тоза, хушк ва гарм аст. Дар ҳалқ, ком, забон сурхии холчадор пайдо мешавад. Доначаҳо дар охири шаборӯзи якум ё аввали шаборӯзи дуюми беморӣ аввал дар гардан, байни шонаҳо ва сина пайдо шуда, минбаъд ба тамоми бадан паҳн мегарданд. Доначаҳо махсусан дар рӯи даст, паҳлӯ ва поёни шикам бисёр медаманд. Ранги доначаҳо сурх ё гулобӣ буда, андозаашон ба тухми хашхош (кукнор) баробар аст; аксар вақт пӯст хориш мекунад. Фақат манаҳ ва қисми болои лаб бетағийр монда, ба ном секунҷаи сафеди махмалакӣ ба вуҷуд меояд. Забон хушк шуда, онро ғуборпардаи сафеди зардчатоб мепӯшад (дар рӯзи 3-юм он тоза ва рангаш гулобӣ мегардад). Нишонаҳои беморӣ 3 – 5 рӯз боқӣ монда, минбаъд тадриҷан нест мешаванд. Дар охири ҳафтаи якум ё аввали ҳафтаи дуюм ҷои дамидаи доначаҳо варақ-варақ пӯст мепартояд: аввал гардан, нармаи гӯш, минбаъд нӯги ангуштони дасту пой ва ниҳоят кафи дасту пой. Пӯстпартоӣ баъди 2 – 3 ҳафта ба охир мерасад.
М.-и вазнин кам вомехӯрад. Ҷараёни он бештар сабук аст; ҳарор. бадан то 37, 1 – 37, 30 баланд шуда, 1 – 2 рӯз як хел мемонад; баъзан бемор таб намекунад. Луобпардаи ҳалқ қадре сурх мешавад. Доначаҳо базӯр намоён шуда, чанд соат боқӣ мемонанд. Кӯдак худашро солим ҳис мекунад.
М. бемориест, ки дар сурати сабук гузаштан ҳам, ба дил, гурда, асабҳо ва ғ. боди ногувор боқӣ мегузорад. Солҳои охир бинобар табобати босамари М. оризаҳои ногувори он кам шудааст. Боди М. бештар инҳоянд: газаки (баъзан римнок) уқдаҳои лимфавии гардан ва зери ҷоғ – лимфаденит, илтиҳоби гӯши миёна – отит, газаки шуш, газаки гурда – нефрит, иллати дил – миокардит, осеби банду буғумҳо – синовит, хурӯҷи ҷараёни тарбод.
Баъзан дар ҳафтаи 3 – 4-уми беморӣ такрор ёфтани он (аз нав таб баровардан, дарди гулӯ, дамидани доначаҳо) аз эҳтимол дур нест. Аксаран ин ҳолат ба сирояти такрорӣ вобастагӣ дорад, зеро ҳоло ба М. масуният (иммунитет) пайдо нашудааст. Масъалаи ба беморхона ҷойгир намудани беморро духтур ҳал мекунад. Агар ҷараёни беморӣ вазнин набошад, маризро дар хона зери назорати духтур табобат кардан мумкин аст.
Ҳангоми М. (сарфи назар аз шакли он) бистарӣ кардани бемор зарур аст. Агар ҳарорати бадан мӯътадил бошад ва мариз худашро хуб ҳис кунад, ба ӯ барои ба ҳоҷатхона рафтан, хеста нишастан иҷозат дода мешавад. Минбаъд бо иҷозати духтур кӯдак метавонад дар хона каме роҳ гардад, баъд дароз кашад ё дар бистар нишаста бозӣ кунад. Танҳо духтур метавонад барои кӯдакро ба тартиби муқаррарӣ гузарондан иҷозат диҳад, чунки ҳатто баъди мӯътадил гаштани ҳарорат ва нест шудани нишонаҳои беморӣ низ иллати силсилаи дилу рагҳо мушоҳида мешавад. Беморро дар хонаи алоҳида ҷойгир мекунанд ё аз байн парда кашида, ҷои хобашро ҷудо менамоянд. Хӯрок бояд ба синни кӯдак мувофиқ бошад, вале ҳангоми дарди гулӯ дар рӯзҳои аввал истеъмоли ғизои наботӣ ва ширӣ матлуб аст. Ба кӯдак рӯзе 5 – 6 маротиба дар соатҳои муайян хӯрок мехӯронанд. Духтур бо мурури шифои кӯдак ба ӯ мувофиқи синну сол ба истиснои хӯроки тунду тез ва гӯштоби серғизо парҳез таъин мекунад. Ба кӯдак зуд-зуд лимучой, афшӯраи сабзавоту мева додан зарур аст. Мебел ва ҷиҳози хонаи беморро рӯзе ду маротиба бо латтаи нам пок карда, фарши онро бо латтае, ки ба маҳлули хлорамин тар карда шудааст, мешӯянд. Мебели нарм ва қолинро аз хонаи кӯдаки бемор баровардан ё ҳар рӯз бо чангкашак тоза кардан муфид аст. Хонаро шамол додан лозим. Дар ҳавои гарм тирезаи хона бояд доимо кушода бошад; дар сармо бодхони хонаро баъди ҳар ду соат 15 – 20 дақ. кушода мемонанд. Кӯдак бояд косаву табақ, сарулибос ва бозичаҳои алоҳида дошта бошад. Косаву табақи кӯдакро ҷудо шуста, баъд меҷӯшонанд. Сарулибос, ҷойпӯш, сачоқ ва рӯймолчаи беморро ҷӯшондан ҳатмист. Парастори бемор бояд дар тан хилъат ё куртаи махсус дошта бошад, ба даҳону бинӣ бандинаи докагӣ (3 – 4 қабат) бандад. Баъди аз назди бемор баромадан, дастро бо собун шуста, хилъатро мекашанд (онро ҳар рӯз дарзмол мекунанд).
Ҳамин ки таби кӯдак мӯътадил гашт, ӯ метавонад бо иҷозати духтур оббозӣ кунад. Кӯдакони хурдсолро ҳар рӯз ё рӯз дар миён дар оби ҳарор. 380 (10 дақ.), кӯдакони калонро баъди 3 – 5 рӯз (дар вақти пӯстпартоӣ баъди 1 – 2 рӯз) оббозӣ медоранд (баданро бо дастмол намешаканд). Кӯдакон бояд даҳонашонро мунтазам бо маҳлули содаи хӯрокӣ (як қошуқча ба як истакон об) мазмаза кунанд. Духтур қатъи назар аз дараҷаи вазнинии беморӣ барои табобат ва пешгирии оризаи М. дору таъин мекунад. Доруро ҳатман дар ҳамон воя ва соати таъинкардаи духтур додан лозим аст. Агар таби кӯдак мӯътадил ва аҳволаш беҳтар шавад, ба ҳеҷ ваҷҳ табобатро қатъ кардан лозим нест. Ҳамаи масъалаҳои нигоҳубин ва табобати кӯдакро бо духтур ҳал бояд кард.
Ҳар бемор бояд ба беморхона хобонда ё дар хона ҷудо нигоҳ дошта шавад. Ба бемор як-ду нафар нигоҳубин мекунад. Маризро 10 рӯз ҷудо нигоҳ доштан лозим аст. Кӯдакони синни томактабӣ ва талабагони синфҳои 1– 2 фақат баъди 12 рӯзи аз беморхона ҷавоб шудан ё дар хона ҷудо нигоҳ доштан, яъне баъди 22 рӯзи оғози беморӣ, ба муассисаҳои бачагона ё мактаб роҳ дода мешаванд. Кӯдакони солим ва бо мариз тамосдоштаро дар муддати 7 рӯзи ҷудо нигоҳ доштани бемор ба муассисаи бачагона ва мактаб роҳ намедиҳанд. Ба кӯдакони аз 8-сола боло, инчунин ба кормандони муассисаҳои бачагона дар муддати 7 рӯз муоинаи тиббӣ муайян карда хоҳад шуд.
Дар сурати дард кардани гулӯи одами калонсол кӯдакро аз ӯ ҷудо нигоҳ доштан лозим аст. Зеро баъзан сабаби чунин гулӯдард М. буда, боиси ба он гирифтор шудани кӯдак мегардад.
Ад.: Детские болезни: новейший справочник, СПб., 2004; Детские инфекции, М., 2005; Савельева Ю., Детские болезни, М., 2005.
Н. А. Раҳматов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …