Главная / Илм / МАҲМАДОВ Фарух Исроилович

МАҲМАДОВ Фарух Исроилович

nophotoМАҲМАДОВ Фарух Исроилович (тав. 28. 05. 1974, ноҳ. Ҳамадонӣ), духтури ҷарроҳ, доктори илми тиб (2010). Хатмкардаи фак-ти муолиҷаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1997). Духтур-интерни Ин-ти такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон (1997 – 98), мудири кабинети корҳои ташкилию методӣ, ҳамзамон ҷарроҳ (1998 – 2003), мудири шӯъбаи 2-юм (2003 – 2006), ҷонишини сардухтур оид ба табобати Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилӣ (2006 – 2009). Аз дек. 2009 дотсенти кафедраи бемориҳои ҷарроҳиталаби № 1 ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Муаллифи 216 асару мақолаҳои илмӣ, 14 навоварӣ, 3 тавсияи методӣ ва ғ. аст. Оид ба масъалаҳои ташхиси бармаҳали эхинококкоз, такмили усули коркарди ҷавфи эхинококкии ҷигар ва роҳҳои беҳтар намудани натиҷаҳои ҷарроҳии эхинококкози оризаноки ҷигар пажӯҳишҳои назаррас анҷом додааст. Дар бисёр конфронсу семинарҳои байналмилалӣ иштирок ва маърӯза кардааст.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …