Главная / Илм / МАҲЛУЛИ ЛЮГОЛ

МАҲЛУЛИ ЛЮГОЛ

lyugolМАҲЛУЛИ ЛЮГОЛ (Solutio Lugoli), маҳлули йод дар маҳлули обии йодиди калий. Аз номи духтури франсавӣ А. Люгол (1786 – 1851) гирифта шудааст. Аз 1 ҳисса йод, 2 ҳисса йодиди калий ва 17 ҳисса об таркиб ёфтааст. Ҳамчун давои антисептикӣ барои молидан ба луобпардаи гулӯ ва ҳалқ кор фармуда мешавад. Ҳангоми гипертиреоз онро рӯзе 2 маротиба 5 – 10 чакрагӣ истеъмол мекунанд. Дар амалияи тиб М. Л. бо глитсерин, ки аз 1 ҳисса йод, 2 ҳисса йодиди калий, 94 ҳисса глитсерин ва 3 ҳисса об иборат аст, чун антисептик барои молидан ба луобпардаи ҳалқ ва гулу кор фармуда мешавад.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …