Главная / Илм / МАҲМУД ҲАКИМИ ЁФОНӣ

МАҲМУД ҲАКИМИ ЁФОНӣ

nophotoМАҲМУД ҲАКИМИ ЁФОНӣ, Маҳмуд ибни Мулло Шодимуҳаммади Ёфонии Қӯқандӣ (1851, Қӯқанд – 1930, ҳамон ҷо), табиб. Дар Бухоро ва Самарқанд таҳсили илм намуда, дар зодгоҳаш Қӯқанд зиндагӣ ва эҷод кардааст. М. дар асоси истифодаи комёбиҳои тибби Шарқ ва таҷрибаву малакаи шахсӣ чанд китоб таълиф намудааст. Дар байни онҳо «Тариқу-л-илоҷ» («Усули муолиҷа»), «Маъхазу-л-адвия» («Манбаи доруҳо»), «Қонуну-л-илоҷ» («Қонуни муолиҷа»), «Муҷарработи Маҳмудӣ» («Озмудаҳои Маҳмудӣ»), «Қиссаи Абӯалӣ ибни Сино» ва ғ. хеле машҳуранд. М. дар ин асарҳо дар бораи бемориҳои шуш, дил, ҷигар, меъда, ғадуди пистон, рӯда, ноф, мӯй ва нохун, табларза, омос, ҷароҳатҳо, шикастани устухон, заҳрҳо ва ғ. батафсил маълумот додааст. Вай оид ба таърих «Хулласу-т-таворих» («Хулосаи таърихҳо») ва бо тахаллуси Ҳакимӣ «Девони Ҳакимӣ» ном маҷмӯаи ғазалҳоро низ таълиф намудааст.

Т. Аҳмадов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …