Главная / Илм / «МАХЗАНУ-Л-АДВИЯ»

«МАХЗАНУ-Л-АДВИЯ»

madanu-shifo«МАХЗАНУ-Л-АДВИЯ» («Хазинаи давоҳо»), китобест дар боби тиб. Муаллифаш Муҳаммад Ҳусейн ибни Муҳаммади Оқилӣ. Асар с. 1776 ба забони тоҷикӣ таълиф шуда, дар бораи давоҳое, ки то нимаи дуюми а. 18 вуҷуд доштанд, маълумот медиҳад. Китоб аз 3 қисм иборат аст. Дар қисми 1-ум муаллиф дар бораи 3 намуди давоҳо (маъданӣ, наботӣ, ҳайвонӣ), то чад вақт боқӣ будани хосият ва дар кадом шароит зиёд будани қувваи давоии онҳо, усулҳои тайёр ва нигоҳ доштани навъҳои гуногуни доруҳо, инчунин баъзе истилоҳоти тиббӣ ва ғ. сухан меронад. Дар қисми 2-юми китоб моҳият, табиат ва хосият, инчунин миқдори шурбат (доза)-и 1703 давои наботӣ, ҳайвонӣ ва маъданӣ ба тартиби ҳуруфоти арабӣ шарҳ ёфтаанд. Қисми 3-юм аз луғати номҳои дору, ки аз забонҳои арабӣ, юнонӣ, форсӣ, туркӣ, ҳиндӣ ва ғ. гирифта шудааст, иборат буда, зиёда аз 6000 номгӯйро дарбар мегирад.
«М.» китобест, ки андӯхтаҳои тибби халқӣ ва китобӣ, таҷрибаҳои дар солҳои зиёд фароҳам овардаро дарбар гирифтааст. Дар китоб нафақат таҷрибаи халқҳои форсизабон, балки таҷрибаҳои тибби қадими Юнон, Араб ва Ҳинд низ акс ёфтаанд. Муаллиф ҳангоми таълифи китоб аз асарҳои олимони араб, юнонӣ ва ҳиндӣ низ истифода бурдааст, аз ҷумла: «Ал-Қонун фӣ-т-тиб» ва «Адвияи қалбия» ном асарҳои Абӯалӣ ибни Сино, таълифоти машҳури Ибни Байтор, Довуди Антокӣ, Берунӣ, «Ихтиёроти бадеӣ»-и Ҳоҷӣ Зайнуддини Аттор, «Тӯҳфату-л-мӯъминин»-и Ҳаким Мирмуҳаммад Мӯъмини Танкобунӣ ва ғ.
«М.» аз ҷиҳати сохти худ луғате мебошад, ки дар он тамоми номҳои моддаҳои наботӣ, маъданӣ ва ҳайвонӣ аз рӯи алифбо ҷо ба ҷо гузошта шудаанд. Аввал номи модда ба забони арабӣ зикр мешавад, баъд талаффузи он ба таври муфассал баён мегардад, пас тарҷума – эквиаленти он ба забони тоҷикӣ ва забонҳои дигар (юнонӣ, суриёнӣ, ҳиндӣ, гоҳо туркӣ) низ дода мешавад. Баъдан моҳияти он модда тасвир меёбад. Ва ниҳоят, аз табиати модда сухан ронда, хосиятҳои давоии он батафсил шарҳ дода мешаванд.
«М.» с. 1888 дар Лакҳнав ба табъ расидааст.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …