Главная / Илм / АНГИОГРАФИЯ

АНГИОГРАФИЯ

angiografiyaАНГИОГРАФИЯ (аз ангио… ва …графия), усули тадқиқи рентгенологии рагҳои хунгарди узвҳои гуногун (мағзи сар, дил, шуш, гурда ва ғ.) бо роҳи ба онҳо ворид намудани маводи контрастӣ, ки барои организм безарар мебошанд (чунин моддаҳо сояи аниқ дошта, ҷараёни ташхисро осон мегардонанд). А. гуногун мешавад, мас., аортография (тадқиқи аорта), артериография (муоинаи артерияҳо), ангиокардиография, венография ё флебография (тадқиқи венаҳо), лимфография (тадқиқи рагҳои лимфа). А.-ро бо мақсади омӯзиши бо хун таъмин шуданри узв ва ошкор намудани бемориҳои рагу бофтаҳо истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …