АНГИОГЕМОФИЛИЯ (аз ангио… ва гемофилия), як навъ бемории ирсӣ. Дар мавриди А. аз бинӣ ва бачадон хун меравад, дар мағзи пӯст ва зери он хуншориҳо ба вуқӯъ мепайванданд, дар ҳолатҳои вазнини беморӣ андаруни мушакҳо хуномос пайдо мешавад. Хуншории ҷавфи бандҳо кам ба назар мерасад. Ба хунравӣ зарбу лат ёфтан, амалиёти ҷарроҳӣ ва таваллуд боис мегарданд.
А. дар шароити беморхона ва дар давраи хуншорӣ табобат карда мешавад.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …