Главная / Илм / АНГИОДИСПЛАЗИЯ

АНГИОДИСПЛАЗИЯ

angiodisplaziiaАНГИОДИСПЛАЗИЯ (Angiodysplasia), нуқси инкишофи рагҳо. А. дар рагҳои гуногун пайдо шуда, боиси ноҷуриҳои фаъолияти узвҳо мегардад. А.-и девораи рӯдаро, ки сабаби хуншории он мегардад, бо роҳи колоноскопия ё ангиография ташхис мекунанд. А. капиллярӣ, венавӣ ва лимфавӣ мешавад. А.-и капиллярӣ бештар дар рӯй дар мавзеи асабҳои сетора ба мушоҳида мерасад. Агар он дар луобпардаи даҳон, ханҷара ё гулу ба вуҷуд ояд, барои нафаскашӣ ва фурӯ додани луқма душворӣ пеш меорад. Дар назди хонаи чашм ҷой гирифтани осеб мумкин аст боиси заъфи босира ва нобиноӣ шавад.
Бо мақсади муолиҷаи А.-и капиллярҳо аз коагулятсияи лазерӣ истифода мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …