Главная / Теги: Тиб (страница 142)

Теги: Тиб

БЕҲУШӣ

behushi

БЕҲУШӣ (Obnubilatio), мадҳушӣ, дар натиҷаи ба мағзи сар кам омадани хун якбора аз ҳуш рафтан. Б. зери таъсири сахти рӯҳӣ (изтироб, тарс, ваҳм), аз дарди сахт (ҳангоми халаи гурда, халаи ҷигар ва рӯда), таъсири гармӣ ё офтобзанӣ (ниг. Гармозанӣ), инчунин ҳангоми зуд аз ҷой (бистар, замин) бархеста рост шудан, ба …

Муфассал »

БЕҶЕЛ

sifilisa

БЕҶЕЛ, сифилиси арабӣ, навъе аз бемориҳои манбаашон табиӣ. Б. дар байни аҳолии кӯчманчии мамолики Шарқи Миёна (навоҳии байни Баҳри миёназамин ва халиҷи Форс) густариш ёфтааст. Ангезандаи Б. трепонемаи махсус – Treponema beijel мебошад. Беморӣ метавонад бидуни алоқаи ҷинсӣ низ пайдо шавад. Бисёр нишонаҳои он ба сифилис шабоҳат дорад. Ҳангоми Б. …

Муфассал »

БИБИФОТИМАИ ЗАҲРО

bibifotimai-zahro

БИБИФОТИМАИ ЗАҲРО, Ямчин, чашмаи минералии обаш гарм дар ноҳ. Ишкошим. Тақр. 83 км дуртар аз маркази ноҳия, дар наздикии деҳаи Туғғоз воқеъ гаштааст. Баландиаш аз с. б. 3300 м. Дебиташ 2,5 – 7,0 л/сон., минералнокиаш – 0,77 г/л, ҳарор. обаш +430С. Оби чашма тавассути 5 «остин» аз баландии 1 – …

Муфассал »

БИЛИРУБИН

bilirubin

БИЛИРУБИН (аз лот. bilis – талха ва ruber – сурх), пигменти асосии талха; маҳсули ниҳоии таҷзияи гемоглобин ва диг. ҳосилаҳои порфиринҳо. Б. дар натиҷаи силсилаи табаддулотии зайл ба вуҷуд меояд: гемоглобин → вердоглобин (холеслобин) → биливердин → билирубин. Б. ба ҷигар гузашта, зери таъсири кислотаи глюкуронат конъюгат ҳосил мекунад ва …

Муфассал »

БИНӣ

bini

БИНӣ (Nasus rhinos), димоғ, қисми аввали роҳи болои нафас; аз се қисм – берунӣ, ковокӣ ва ҷавфҳо (тавассути сӯрохиҳои танг бо ҷавфҳои иловагии бинӣ тамос дорад) иборат аст. Б.-и берунӣ аз тағоякҳо, устухон ва пӯсту мушакҳо таркиб ёфтааст. Қабати пӯсти Б. ғадудҳои равғанбарор дорад. Онҳо хусусан дар пӯсти атрофи сӯрох …

Муфассал »

БИОМИКРОСКОПИЯИ ЧАШМ

biomikroskopiya

БИОМИКРОСКОПИЯИ ЧАШМ, усули тадқиқи сохтори оптикии чашм (қарния, ҳуҷраи пеш, зуҷоҷия, гавҳарак, ҷисми шишамонанд). Б. ч. бо ёрии асбоби махсуси оптикӣ, ки аз манбаи рӯшноии тез ва микроскопи бинокулярӣ иборат аст, амалӣ гардонда мешавад. Б. ч. барои ошкор сохтани иллатҳои хурдтарини чашм, ҷисмҳои хурди бегона ва бемориҳои он имконияти мусоид …

Муфассал »

БИОНИКА

bionika

БИОНИКА, як фасли кибернетика, ки масъалаҳои гуногуни инженериро дар асоси таҳлили сохт ва фаъолияти организм ҳал мекунад. Дар рафти таҳаввулоти мавҷудоти гуногуни биологӣ дар онҳо узву бофтаҳои басо мувофиқ ба вуҷуд омадаанд. Дар баробари ин андозаи он узвҳо ниҳоят хурд ва барои истифодаи ҷонварон қулай мебошанд. Аз ин сабаб афзудани …

Муфассал »

БИОПСИЯ

biopsiya

БИОПСИЯ (Biopsia; аз био… ва opsis – дидан, тадқиқ), барои тадқиқи микроскопӣ бо мақсади ташхиси беморӣ бурида гирифтани порчаи хурди бофтаи организми зинда. Б. имкон медиҳад, ки тағйироти нонамоёни вазоифию сохтории организм муайян ва дар асоси он хусусиятҳои беморӣ (илтиҳоб, дистрофия, омос ва ғ.) дар ибтидо ошкор карда шавад. Б. …

Муфассал »

БИОХИМИЯ

biokhimiya

БИОХИМИЯ (Biochimia; аз био… ва химия), химияи биологӣ, илмест, ки сохт, мубодила ва фаъолияти ҳаётии моддаҳои химиявии организмро меомӯзад. Б. а.-ҳои 19 – 20 дар натиҷаи муттаҳид гаштани дастовардҳои химияи органикӣ, физиология ва ғ. ба вуҷуд омад. Химияи органикӣ, ки мавзӯи тадқиқи он пайвастҳои карбонӣ мебошад, инчунин таҳлил ва синтези …

Муфассал »

БИРИНҶ

birinj-660x330

БИРИНҶ, маҳсулоти хӯрокии маъмул. Б.-ро аз шолӣ (Oryza sativa) мегиранд. Дар таркиби Б. карбогидратҳо, сафеда, равған, клечатка, оҳар, хокистар, моддаҳои пектинӣ, аминокислотаҳо, витаминҳои Е, В1, В2, В6, В15 ва микроэлементҳо мавҷуд мебошанд. Дар тибби қадим Б.-ро ба сифати ғизои парҳезӣ ва даво истифода мебурданд. Б. меъдаро қувват мебахшад, ҳангоми қабзият …

Муфассал »