Главная / Илм / БЕҶЕЛ

БЕҶЕЛ

sifilisaБЕҶЕЛ, сифилиси арабӣ, навъе аз бемориҳои манбаашон табиӣ. Б. дар байни аҳолии кӯчманчии мамолики Шарқи Миёна (навоҳии байни Баҳри миёназамин ва халиҷи Форс) густариш ёфтааст. Ангезандаи Б. трепонемаи махсус – Treponema beijel мебошад. Беморӣ метавонад бидуни алоқаи ҷинсӣ низ пайдо шавад. Бисёр нишонаҳои он ба сифилис шабоҳат дорад. Ҳангоми Б. силсилаи дилу рагҳо ва асаб зарар намебинад (фарқи он аз сифилис дар ҳамин аст). Б. модарзодӣ нест.
Оғози беморӣ шадид буда, дар пӯст ва луобпардаҳо доначаҳои сершумор медаманд. Онҳо ба розеолаҳо ва папулаҳо монанд буда, давраи дуюми сифилисро ба хотир меоранд. Баъди як сол бусуроти пӯст нест мешавад. Давраи ниҳонии Б. чанд сол идома меёбад. Сипас давраи охири маризӣ фаро мерасад. Дар ин айём бусуроти пӯст ва луобпардаҳо авҷ гирифта, ком ва бинӣ осеб меёбад, остит ва периостит рух менамояд, устухонҳо гирифтори некроз мешаванд. Ниг. низ Сифилис.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …