Главная / Илм / БИЛИРУБИН

БИЛИРУБИН

bilirubinБИЛИРУБИН (аз лот. bilis – талха ва ruber – сурх), пигменти асосии талха; маҳсули ниҳоии таҷзияи гемоглобин ва диг. ҳосилаҳои порфиринҳо. Б. дар натиҷаи силсилаи табаддулотии зайл ба вуҷуд меояд: гемоглобин → вердоглобин (холеслобин) → биливердин → билирубин. Б. ба ҷигар гузашта, зери таъсири кислотаи глюкуронат конъюгат ҳосил мекунад ва ҳамин тавр, ба Б.-и дар об ҳалшаванда табдил меёбад. Б.-е, ки конъюгатсия нашудааст, дар мавриди тадқиқи биохимиявӣ ошкор намешавад. Бинобар ин онро Б.-и ғайримустақим меноманд. Барои ошкор сохтани консентратсияи чунин Б. аввал онро ба шакли дар об ҳалшаванда (Б.-и мустақим) табдил медиҳанд. Б. ҳамроҳи талха ба рӯда мегузарад ва зери таъсири микрофлораи он ба стеркобилин ва уробилин табдил меёбад.
Тақрибан 70%-и Б. дар натиҷаи таҷзияи физиологии эритроситҳо ҳосил мешавад; дар 100 мл зардоби хун 0,5 – 1,2 мг (8,5 – 21 мкмол/л) Б. мавҷуд аст, ки сеяки онро Б.-и ғайримустақим ташкил мекунад. Таносуби мазкур дар мавриди гемолизи барзиёд, ихтилоли гузаронандагии пардаи ҳуҷайраҳои ҷигар, илтиҳобу заҳролудии ҳуҷайраҳои ҷигар, ихтилоли ҷараёни мӯътадили талха ва ғ. халал меёбад. Б. дар аснои бемории гемолизии навзодон дар узву бофта ва ҳуҷайраҳо ғун шуда, миқдори он дар хун ва пешоб меафзояд. Ҳангоми зардпарвин консентратсияи Б.-и умумӣ дар зардоби хун метавонад ба 20 мг/100 мл расад (342 мкмол/л). Дар аснои бемориҳои гемолизии навзодон миқдори Б.-и хун аз ин ҳам бештар аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …