Главная / Илм / БИНӣ

БИНӣ

biniБИНӣ (Nasus rhinos), димоғ, қисми аввали роҳи болои нафас; аз се қисм – берунӣ, ковокӣ ва ҷавфҳо (тавассути сӯрохиҳои танг бо ҷавфҳои иловагии бинӣ тамос дорад) иборат аст.
Б.-и берунӣ аз тағоякҳо, устухон ва пӯсту мушакҳо таркиб ёфтааст. Қабати пӯсти Б. ғадудҳои равғанбарор дорад. Онҳо хусусан дар пӯсти атрофи сӯрох ва нӯги Б. бисёранд. Дар вурудгоҳи ковокии Б., дар ҳудуди пӯсту луобпарда, мӯй месабзад.
Ковокии Б., ки онро девораи мобайнӣ ба ду қисм ҷудо мекунад, ба тавассути сӯрохиҳои Б. ба берун ва тавассути сӯрохиҳои ақиби даруни Б. ба ҳалқум ҳамшафат аст. Устухони коми сахт девораи поён ва лавҳачаи масомавии устухони тӯршакл девораи болои ковокии Б.-ро ба вуҷуд меорад (аз он шохчаҳои асаби шомма мегузаранд). Девораи мобайнӣ ҳадди қисмҳои рост ва чапи дохилии Б. буда, қисми ақиб устухонӣ ва қисми пеш тағоякӣ аст. Дар девораи паҳлӯии даруни Б. суффаҳо (поёнӣ, миёна ва болоӣ) мавҷуданд, ки онҳо қисми чап ва рости даруни Б.-ро ба роҳҳои болоӣ, миёна ва поёнӣ ҷудо мекунанд. Роҳҳои болоӣ ва мобайнии Б. сӯрохиҳои хурд доранд. Ба воситаи онҳо ковокии Б. ба ҷавфҳои иловагӣ «мегузарад». Дар роҳи поёнии Б. сӯрохии нои бинию ашкдон ҷой гирифтааст, ки аз он ба ковокии Б. ашк мешорад.
Ҷавфҳои иловагӣ чаҳор ҷуфтанд; ҳайморӣ, ҷабинӣ, асосӣ ва тӯршакл. Ҷавфҳои ҳайморӣ аз ҳама калон буда, андозаи ҳар яке қариб 30 см3 аст. Шакли ҷавфи ҳайморӣ пирамидаи серӯяро ба хотир меорад. Девораи дохилии он бо ковокии Б. ҳамҳудуд буда, сӯрохие дорад, ки ба роҳи миёнаи Б. кушода мешавад. Поёни ҷавфи ҳайморӣ ба решаи дандонҳои боло, хусусан дандонҳои курсии якуму дуюм, хеле наздик ҷой гирифтааст.
Ҷавфи ҷабинӣ дар устухони пешонӣ ҷойгир буда, андозааш қариб 3 – 5 см3 аст; он ба тавассути найчаи борик ба Б. пайваст мебошад. Девораи поёни ҷавфи ҷабинӣ девораи болоии косахонаи чашм аст. Девораи мобайнӣ ҷавфи чапи ҷабиниро аз ҷавфи рости он, девораи ақиб бошад, ҷавфи ҷабиниро аз қисми ҷабинии мағзи сар ҷудо мекунад.
Ҷавфи тӯршакл аз ҳуҷайраҳои ҷудогонаи устухонӣ иборат аст ва бинобар ин лабиринт ном дорад. Лабиринти тӯршакл бо қисми дарунии косахонаи чашм ҳамҳудуд буда, аз мағзи сар бо лавҳачаи тунуки устухонӣ ҷудо шудааст.
Ҷавфи асосӣ дар танаи устухони асосии косаи сар ҷойгир мебошад. Он бо ташкилаҳои ҳаётан муҳим – сурхраги хоб, ҷавфи варидӣ, асаби чашм ва асаби сетора ҳамҳудуд аст. Ҷавфи асосӣ ва як қисми ҷавфи тӯршакл бо роҳи болии Б. пайваст мебошанд.
Ковокии Б. бо луобпарда пӯшида шудааст. Эпителияи луобпарда мӯякчаҳо дошта, онҳо мунтазам мавҷсон ҷунбида меистанд.
Қисмҳои луобпардаи роҳи болоии Б. қисми болоии суфраи миёнаи бинӣ ва қисми рӯ ба рӯ будаи миёндевори бинӣ қисми шомма ном дорад. Зеро дар ин ҷо ҳуҷайраҳои даррок ҷойгир шудаанд. Қисми боқимондаи ковокии Б.-ро қисми нафаскашӣ меноманд. Дар ғафсии луобпардаи суфраи поён ва қисми ақиби суфраи миёнаи Б. қабати исфанҷӣ ҳаст, ки аз шабакаи хунрагҳои зиёд иборат мебошад. Ҷавфҳои иловагии Б. низ бо луобпрда пӯшида шудаанд.
Б. ва ҷавфҳои иловагии он вазифаи нафаскашӣ, муҳофизат ва резонаторро иҷро мекунанд. Ҳаво аз сӯрохии Б. гузашта аз зарраҳои чанг тоза мешавад. Зарраҳои калони чангро мӯйи вурудгоҳи Б. нигоҳ медорад; як қисми гарду чанг ва бактерияҳо бо ҷараёни ҳаво ба роҳҳои печ дар печи Б. гузашта, ба сатҳи луобпарда менишинанд. Беист лаппидани мижгонакҳои эпителияи мӯякдор луоби бо ҷисмҳои бегона олударо аз ковокии Б. хориҷ мекунад (сипас бо балғам берун ё фурӯ бурда мешавад). Бактерияҳои ба ковокии Б. роҳёфтаро луоби Б. безарар мегардонад. Ҳавои хунук аз роҳҳои борик ва печ дар печи Б. мегузарад. Онро луобпарда, ки бо хун хуб таъмин шудааст, гарму намнок мекунад. Ҳуҷайраҳои асаби шоммаи луобпарда имкон медиҳанд, ки бӯйҳои гуногун ҳис карда шаванд. Ковокии Б. ва ҷавфҳои иловагӣ вазифаи резонатори овозро иҷро намуда, ба садо хушоҳангӣ ва лаҳни хос мебахшанд.
Яке аз иллатҳои ковокии Б. ки зуд-зуд ба амал меояд, газаки шадид ва музмини луобпарда аст. Дар сурати душвор гардидани нафаскашӣ бо Б. шахс ба воситаи даҳон нафс мегирад. Бинобар ин ҳавои хунук бидуни тоза шудан ба ҳалқум, ҳанҷара, хирной ва бронхҳо дохил мегардад. Дар натиҷа барои инкишофи газак дар қисмҳои гуногуни роҳи нафас шароити мусоид фароҳам меояд (бронхит, ларингит, трахеит, фарингит). Тавассути Б. ба душворӣ нафас гирифтан ё тамоман нафас нагирифтан ба кори шомма таъсири номатлуб мерасонад (одам бӯйро қисман ҳис мекунад ё тамоман ҳис карда наметавонад), овоз паст мегардад, манқагӣ рух менамояд, бофтаҳои организм аз оксиген танқисӣ мекашанд. Муддати дароз ба воситаи даҳон нафас гирифтани кӯдакон боиси осебҳои гуногун хоҳад шуд: скелети рӯй ва қафаси сина нодуруст сабзида, дандонҳо каҷукилеб мегарданд; диққат, ҳофиза, сомеа халал меёбад. Аз ин сабаб дар сурати андаке ҳам вайрон шудани нафасгирӣ бо Б. бояд ҳатман ба духтур муроҷиат кард.
Баъзан дар нӯг ё парраи Б. (дар натиҷаи зарбу лат ва харош хӯрдан) пучак мебарояд. Пучаки Б. дардманд буда, дард ба чакка, дандон ва чашм мегузарад. Пӯсти нӯг ё парраи бинӣ сурх ва озурда мешавад. Ҳарорати бадан дар ин маврид, одатан, баланд аст. Варам метавонад бофтаҳои ҳамшафати рӯйро низ фаро гирад. Пучаки Б.-ро фақат духтур табобат мекунад. Онро ҳаргиз кафондан ва фишурдан мумкин нест, чунки ин амал боиси ба косаи сар паҳн шудани микробҳои фасодовар ва оризаҳои ногувор хоҳад гашт.
Газаки шадид ва музмини ҷавфҳои иловагии Б. (синусит) аксар вақт чун оризаи зуком, грипп, сурхча, махмалак ва диг. бемориҳои сироятӣ ба амал меояд. Газаки луобпардаи ҷавфи ҷоғи болоро гайморит, газаки ҷавфи ҷабиниро фронтит, газаки ҳуҷайраҳои устухони тӯршаклро этмоидит ва газаки ҷавфи асосиро сфеноидит меноманд. Газаки ин ҷавфҳо метавонанд яктарафа ё дутарафа шаванд; баъзан якбора ҳамаи ҷавфҳои иловагии Б. газак мекунанд (пансинусит). Гайморити шадид ё музмин метавонад бинобар газаки атрофи решаи дандонҳои курсии боло рух намояд.
Ҳангоми газаки ҷавфҳои иловагии Б. беморон аз эҳсоси фишор ва дарди ҷавфи иллатёфта, зуком, нафасгирии душвор, ҳис накардани бӯй шикоят мекунанд; ғайр аз ин, одатан, хастагӣ (ҳангоми меҳнати фикрӣ) ва дарди сар (баъзан ба чаккаҳо, пешонӣ, дандонҳо мегузарад) ба амал омада, ҳарорати бадан баланд мешавад. Дар мавриди гайморит варамидани рӯй, ҳангоми фронтит варамидану дард кардани пешона, баъзан обварами пилки боло, дарди косахонаи чашм, рӯшноитарсӣ ва шоридани ашк ба мушоҳида мерасад.
Амрози ҷавфҳои иловагӣ метавонанд боиси пайдоиши оризаҳои барои ҳаёт хавфнок (мас., газаки пардаи мағзи сар) гарданд. Ҷавфҳои иловагӣ кам зарбу лат мехӯранд, вале худи Б. ба сабаби беэҳтиётӣ ва фалокат зуд-зуд осеб меёбад. Дар одамоне, ки ба ҳайвонот нигоҳубин мекунанд, газаки Б. бештар мушоҳида мешавад. Аз зарбу лат, одатан, устухонҳои Б. зарар мебинанд; гоҳо Б. каҷ ва устухонҳо беҷо мешаванд ё мешикананд. Дар ин сурат рӯй варам карда, атрофи чашм кабуд мешавад, аз бинӣ хун меравад, нафаскашӣ якбора душвор гардида, эҳсоси бӯй халал меёбад. Кафидани раги хуни зери луобпардаи байндевор, ки мадда ва думбал ҳосил мекунад, бештар оризаи ногувори осеби хурди Б. мебошад. Аз Б.-е, ки ягон чизи тез онро захмдор кардааст, хуни зиёд меравад.
Кӯдакон ҳангоми бозӣ баъзан ба Б. чизҳои гуногун (танга, тугма, донак ва ғ.)-ро метиқонанд. Бинобар ин дар натиҷаи баста шудани роҳи ҷавфи Б. аксар вақт зукоми сахт пайдо шуда, оби Б. бадбӯй ва хунолуд мегардад (ниг. Ҷисмҳои бегона).
Новобаста ба аломатҳои зоҳирии иллат ё амрози Б. ҳар осебдида ё бемор бояд аз муоинаи духтур гузарад. Саривақт ба духтур муроҷиат кардан, ба табобати босамари илтиҳоби шадиди узвҳои нафас мусоидат намуда, оризаҳои ногувори онро пешгирӣ мекунад. Осебҳои Б. (ҷои фурӯрафта ё барҷастаи он, набудани нӯги Б. ва ғ.) бо усули ҷарроҳии пластикӣ табобат карда мешаванд.
Тавсияҳои умумӣ оид ба нигоҳубини Б. ва иҷрои таъиноти духтур. Ҳангоми афшондани Б. сӯрохиҳои онро бонавбат руст мекунанд, то ки луоби он ба найчаи шунавоӣ ва гӯши миёна наафтад. Луоби Б.-и кӯдакони хурдсолро бо пахта тоза бояд кард. Агар Б.-и кӯдак карахш дошта бошад, пас пахтаро ба равғани вазелин, зайтун ё маҳлули ширгарми содаи нӯшокӣ тар карда, ба муддати 10 – 15 дақ. ба даруни Б. мегузоранд ва баъд боэҳтиёт (хусусан агар кӯдак ширмак бошад) тоза мекунанд. Доруҳои обакиро (мутобиқи гармии хона) ба бинӣ тавассути чакрарез мечаконанд. Дар ин маврид бемор менишинад ё рӯболо дароз кашида, сарашро ба қафо хам мекунад ва андак ба тарафе мегардонад, ки дору мечаконанд. Дар натиҷа қатраҳои дору девораи паҳлӯии ковокии Б.-ро тар карда, ба роҳҳои Б. мегузарад. Мас., дохил шудани қатраҳои дору ба роҳи мобайнии Б. ҳангоми гайморит ба ихроҷи фасод аз ҷавфи паҳлӯи мусоидат мекунад. Дар сурати риоя накардани қоидаҳои мазкур қатраҳои дору рост ба ҳалқум мераванд ва табобат натиҷа намедиҳад. Бояд дар хотир дошт, ки ҳар доруро мувофиқи вояи таъинкардаи духтур ва дар вақти муайян қабул кардан лозим аст.
Доруҳои хокаро ба Б., одатан, дар дармонгоҳ ё беморхона тавассути асбобҳои махсус мефиристанд. Дар шароити хона, доруи хокаро ба сӯрохиҳои Б. (бо навбат) ба тарзи чуқур-чуқур нафас кашидан равона мекунанд.
Марҳам ниҳодан ба Б. таври дигар сурат мегирад. Ба нӯги фатилаи пахтагин марҳам молида, онро ба даруни Б. (тақр. 1,5 см) медароранд ва 10 – 15 дақ. интизор мешаванд; сипас фатиларо берун меоранд.
Бо мақсади пешгирии газаки ҷавфҳои иловагии Б., хусусан гайморит, саривақт ва дуруст табобат намудани назла, покиза нигоҳ доштани ҷавфи даҳон, дур сохтани аденоидҳо, дуруст кардани байндевори каҷшудаи Б. аҳамияти калон дорад. Барои он ки бемориҳои Б. такрор нашаванд, организмро тадриҷан обутоб додан зарур аст. Ваннаҳои ҳавоӣ ва офтобӣ, машғулиятҳои спротӣ, оббозӣ ва ғ. баҳри мустаҳкам гардидани узвҳои нафаскашӣ шароити мусоида фароҳам меоранд. Тарбияи дурусти ҷисмонӣ муқобилати организмро ба бемориҳои илтиҳобӣ зиёд мекунад.
КЛ
Девораи латералии ҷавфи бинӣ: 1 – ҷавфи пешонӣ; 2 – садафаи миёнаи бинӣ; 3 – садафаи болоии бинӣ; 4 – садафаи поёнии бинӣ; 5 – ҷавфи фонашакл; 6 – сӯрохи балъумии найи сомеа.
Ад.: Исхаки Ю.Б., Детская оториноларингология, Д., 1980; Анатомия человека, М., 2004; Исҳоқӣ Ю.Б. (ва диг.), Бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ, Д., 2010.

Б. Шамсиддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …