Главная / Илм / БИБИФОТИМАИ ЗАҲРО

БИБИФОТИМАИ ЗАҲРО

bibifotimai-zahroБИБИФОТИМАИ ЗАҲРО, Ямчин, чашмаи минералии обаш гарм дар ноҳ. Ишкошим. Тақр. 83 км дуртар аз маркази ноҳия, дар наздикии деҳаи Туғғоз воқеъ гаштааст. Баландиаш аз с. б. 3300 м. Дебиташ 2,5 – 7,0 л/сон., минералнокиаш – 0,77 г/л, ҳарор. обаш +430С. Оби чашма тавассути 5 «остин» аз баландии 1 – 1,5 м ба ҳавз рехта, «души Шарко» – ро ба вуҷуд меорад. Андозаи ҳавз 3 х 2 х 1 м аст. Дар таркиби оби чашма натрий (80,0 мг/л), калий (8,0 мг/л), калсий (37,0 мг/л), магний (20,0 мг/л), оҳан (0,3 мг/л), кислотаи силикат (40,0 мг/л), метаборат (3,0 мг/л), ҳамчунин литий, руҳ, бром, молибден ва радон (3,5 нКи/л) мавҷуданд. Омили асосии муолиҷавии оби чашма, ҳавои тозаи кӯҳӣ ва радиатсияи фаровони офтоб аст. Аз рӯи таркиби химиявӣ ба обҳои осоишгоҳи Схалтубои Гурҷистон шабоҳат дорад. Барои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима, ҷигар, талхароҳа, буғумҳо, устухон, мушакҳо ва амрози занона муфид мебошад. Дар назди чашма барои фароғати одамон бинои зебои махсус қомат афрохтааст.
Ад.: Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …