Главная / Теги: Ҳикоя (страница 15)

Теги: Ҳикоя

Ҷигит

jigit

Шаҳр чун баҳри азим шуру машғала дошт! Ва ду қатрае аз ин баҳр дар кўчаи калоне равон буд. Онҳо аз замин то осмон фарқ доштанд. Яке зебо, дигаре безеб. Зебо – духтар, безеб – ҷавон. Духтар чунон зебо буд, ки парӣ гуфтан кам мебуд, ҷавон чунон безеб буд, ки зишт …

Муфассал »

ҲОҶӢ САЛОМ

musafes

Субҳи содиқ медамид. Партави ҳаётбахши офтоб оламро мунаввар менамуд. Мурғони чаман аз шодӣ нағмасароӣ менамуданд. Баргҳои дарахтон аз хурсандӣ чапак мезаданд. Дар ҳама ҷо нуру сафо ва шавқу шодӣ тантана мекард. Нолидани Боғигул ин ҳамаро барбод дод: – Орд кам монд… – Ором шав, ором! – гуфт Амон. – Ҳоламон …

Муфассал »

Хиёнат чист?

Хиёнат ба шавхар

Судя, марди миёнсоли кордида ҳуҷҷатҳоро ба рўи миз гузошт. Айнакашро аз ғилоф бароварда, бо даструймоли оҳарӣ бо диққати том пок кард. Сипас ба зану шавҳар нигоҳе карду бо таассуф сар ҷубонд. Пасон ҳуҷҷатҳои онҳоро аз наздаш дуртар тела дода, бо овози баланду бурро гуфт: – Даъвогар! Даъвогар – шавҳар, ҷавони …

Муфассал »

ЧЕҲРАИ МОДАР

Имтихон

Ҳар айб агар дорад замон, Аз мост, мардум, айби мост. Шоҳмузаффар Ёдгорӣ – Инҳоро ба бозор бурда фурўш… Писарак як қад парид. Чизе аз нўки по ба тори сараш давид. Дарде таҳи ҷонаш нишаст. Ва исён бардошт. Дар чашмонаш нақш баст. Модар оҳе кўтоҳ кашид, дасти навозиш бар сари ў …

Муфассал »

ФОИДАХЎР

Зимистон ҳукмронӣ менамуд. Ба қиёфааш андўҳ соя андохта. Дилаш хиҷил, хаставу парешон, зиқу бедимоғ. Намедонист додашро ба кӣ гўяд, аламашро чӣ хел тоза кунад. Ба даҳ идора сар халонд, кораш буд нашуд. Дар ҳама ҷо ҷавоби кўтоҳу қатъиро шунид: “Нест!”. Болои сўхта намакоб боз ин маҷлиси дуру дарози серҷанҷол. Аз …

Муфассал »

НАҒМАҲОИ ФИРЕБО

markazi-matbuot

Бо ин намоиш ҷангӣ буд, онро на тоби дидан дошту на тоқати шунидан. Ҳамин ки титри “Изтироб” мебаромад ба баданаш мурғак медавид. Садои мусиқиаш ба гўши ў бадтар аз таркиши бомба мерасид. “ – Болои сўхта намакоб аст ин намоиш! – бо аламу дард мегуфт вай. – Чаро ба дилҳои …

Муфассал »

ТОБУТИ ХУРОФОТ

im10

Ин хабар тамоми бозорро ба по хезонд. Ва ҳамаро моту мабҳут кард. Ин шумхабар – аз дунё гузаштани Каримро телефон карда гуфтанд. Аз ин рў бисёриҳо шубҳа карданд. Шўхӣ пиндоштанд. Аз ҳама бештар Ҷумъа асабӣ шуд. – Не-е! – дод зад ў. – Бовар намекунам! Шўхӣ ё мазоҳ! Дирўз ҳамроҳ …

Муфассал »

ТЎДАИ ХОКИСТАР

хокистар

Ин воқеа дар Амрико не, дар Европа не ва на дар Африка, балки дар мамлакати мо, дар худи шаірамон ба вуқўъ омадааст. Шахсе ки сухан аз хусуси ў меравад, соҳибдиплом Катабеки Кабир мебошад. Ба шумо маълум бод, ки Худо ба ў қомати мавзуну симои зебо ато намуда, фазлу камолро лоиқ …

Муфассал »

Тирпора

tir

Ҳар касе, ки ба меҳмонхонаи васею барҳавои муаллими деҳаи мо Пўлод Юсуфӣ медарояд, пеш аз ҳама чашмаш ба тасбеҳ ва чигаси рўи қолини дар девор овезон буда меафтад. Ва бешубҳа ҳайрон мешавад. Рост-дия. О, одамон ягон чизи зебо ва қимматбаҳоро меовезанд. Пўлод Юсуфӣ чӣ? Тасбеҳу чигас! Хандаовар?! Истед, нахандед. Ҳеҷ …

Муфассал »

РОЗИ ЗИНДАГӢ

fatimah

Рози зиндагӣ дар зистан аст. Гёте Дили Азаматро гургҳо дандон мезаданд. Вай хавотиромез ба атроф нигоҳ кард. Гўё тарсид, ки касе ўро назора мекунад. Чун боварӣ ҳосил кард, ки дунё тинҷ  асту касе ба ў кор надорад, чашм ба дари дўкон дўхт. Дари дўкон ҳоло ҳам баста буд. Кам-кам дилаш …

Муфассал »