Ҷигит

Шаҳр чун баҳри азим шуру машғала дошт!

Ва ду қатрае аз ин баҳр дар кўчаи калоне равон буд. Онҳо аз замин то осмон фарқ доштанд. Яке зебо, дигаре безеб. Зебо – духтар, безеб – ҷавон. Духтар чунон зебо буд, ки парӣ гуфтан кам мебуд, ҷавон чунон безеб буд, ки зишт гуфтан кам мебуд. Зиштрў – тўба кардам! – бадхў мешудааст! Ва ана, ҳамин зиштрў – э, аҷаб! – аз паси парӣ мерафт. Ва – Худоё тавба! – зиштрў мехост париро ба даст дарорад. Саҳнае буд – валлоҳ! – хара ханда, буза гиря! Ва –ҳайфо, дареғо! – як одати баде ёр шуда! – касеро ба касе коре набуд. Яке писханд мезад, дигаре – чӣ лозим асабҳоя вайрон кардан?.. Сеюми бо ҳасад – ҷавон аст, мон ишқбозӣ кунад! – гўён, ба роҳи худ мерафтанд.

jigitЯк марди хушбурут ба дигаре доноию духтаршиносиашро намоиш дода, бо ваҷоҳати хандону чашмони дурахшон нидо намуд:

– Таранг будааст!

Гапаш дурўғ не, сад дар сад ҳақ буд: оваҳ, таранг буд духтар!

Вале – афсўс! – бача бо зиштрўӣ боз ҳам ланг буду ҳам кал.

Марди хушбурут намегуфт, ки:

– Ҳой бача, г… худата хўр!

Ё аққалан намегуфт, ки:

– Ҳой бача, поята қади кўрпаат дароз кун!

Не-дия, балки қаҳ-қаҳа зада мегуфт:

– Суст набиё бача! Сахтар бигируш!

Аҷабо! – агар духтараш ё хоҳараш мебуд, ҳамин хел мегуфт, ё не?

Ҳаргиз не – валлоҳ! – зада сиюду дандонашро мешикаст.

Духтар, ки бегона буд, «туро газад, ба ман чӣ?» – бачаро бод медод. Ва ҷавон аз ин рўҳ мегирифт. Шердил шуда, помонияш дигар мегашт. Сар пур зи бод, ки буд, бодӣ гашт. Ва акнун бо савлату ифтихор қадам мезад. Дунёро таги пояш медиду париро дар оғўшаш. Шояд худро шоҳзода мепиндошт? Охир, ҳеҷ зоғе – алҳақ! – “бачаи ман сиёҳ” намегуфтааст.

– Салом, парӣ!

Духтар ба саломи ў ҷавоб надод. Гўё ўро нашунид. Заррае гашташро дигар накард. Як зани ҳуму лум, ки ду борхалтаи пурро базўр бардошта, мисли мурғобӣ мерафт, баланд:

– Ҳа!? – гуфт.

Ҷавон ба ў як чашмакӣ заду боз аз паси духтар шуд.

– Привет, девушка!

Духтар зоҳиран ором буд, вале – «Худоё, ин боз чӣ дидание буд?!» – дилаш туғён дошт. Вай аллакай медонист, ки одами ҳалол бештар ба балоҳо дучор мешавад. Чанде пеш аз як бало раҳо ёфта буд ва аз ранҷи он хеле хаста буд. Сарбори боз ба бало дучор гашт ва ба хастагии бадан, хастагии дилу рўҳ афзуд. Бино бар он ҳавсалаи бо ин бало сар ба сар шуданро надошт. Аз ин рў даҳон во накарда, бо як навъ ҷадали қаҳромез қадам мегузошт.

Гарчӣ худро бепарво вонамуд месохт, дар дил кам-кам тарс ҳам дошт. Зеро медонист: аз доно натарс, аз нодон битарс! О, ў доно мешуд, чунин кирдорро раво медид? Дили ў моҳичаи аз об дур афтода барин бозӣ мекард. Гап занӣ, забон месўзад, гап назанӣ, мағзи устухон!

Аҷаб замонае?! Ба даре рафта, чораю тадбир ҷўстан, ба мисли он ки бар суроғи об меравию сароб мебинӣ. Аз ин рў дар пўсти худ хушкида, ғиреб намекунӣ.

– Чӣ маъқул нашуд? – хандид ҷавон. – Хайр, ана салом, маълима!

Духтар боз ба ў эътибор надод. Танҳо оҳ кашид. Оҳи чуқур. Ҷавон инро фоли нек донист. Ва майлу рағбаташ як бар даҳ афзуд.

Чашму ҳуши ҷавон, ки ба духтар буд, ба касе пуршаст бархўрд, муаллақ рафту наафтид. Ҷавон паҳлавон набошад ҳам, бо китфу бозу буд. Ва аз ин рў тахмин кард, ки бо «буққа»-е бархўрд. «Оҳ мурдам!» – гуфту дилаш таҳ зад, сахт ҳаросид. Зеро чун об равшан медонист, ки аз дасти «буққа» бе ҷазо – аъзои бадан сиёҳу кабуд, ду-се қабурға шикаста! – раҳо ёфтан амрест муҳол. Ҳатто агар «буққа» ба қафоят шаттае фурорад, ҳатман бояд узр хоста бигўӣ, ки «бубахшед, нохост қафоям ба поятон расид». Ўро беш аз пеш ваҳшат фаро мегирифт. Ҳис мекард, ки аз изтироб зонуҳояш меларзанд. Ва сар даруни китфон кашиду интизори шаттаҳои обдор ё ҳеҷ набошад, ҳақоратҳои болохонадор истод. Вале на ин шуду на он. Вай бо ранги рўи чун сафедхок оҳиста тоб хўрд, то ки агар ягон «буққа» бошад, узр бипурсад. Дид ки як кампири фартут.

«Паат зўр будааст» – гуфт дар дил ва дар як они воҳид ваҷоҳат дигар кард ва дўғ зад:

– Кўрӣ кампир?!

– Кўрам, бачам, кўр, – гуфт кампир. – Кўр набошам, ту маро мезадӣ. Бубахш, бачам, бубахш.

Ҷавон ба дарки сухан ва давом додани сўҳбат фурсат надошт. Париро аз даст набояд дод. О, то ба дом гирифтани ў як қадам.

Ҷавон шитобон ба духтар расида гирифту баланд гуфт:

– Э ҳоли харобуме!

Духтар боз ҳам ба ў эътибор надод. Ў боз садо зад:

– Э ҷони дар азобуме!

Пас аз ин як ҳисси қабл аз вуқўъ дар дили духтар изтироб меангехт. Ва лаҳза ба лаҳза дили ў аз биме пур мегашт. Ба одамони аз пешорў омада нигариста, чӣ андоза заифу нозук будани худро эҳсос мекард. Ба назараш чунин намуд, ки ў дар байни роботҳои оҳанину беҳис қадам мезанад. Дар ин лаҳза як ноумедие дар дилаш рў зад. Ва дилаш таҳ заду ҳаросид. Вале ҳамон замон худро ором кард. Дар дил гуфт, ки агар заррае наҳаросад, бо ў ҳеҷ бадбахтие рўй нахоҳад дод.

– Чӣ нозу нуз мекунӣ, биё шинос шавем.

Духтар ҳарфе назад.

– Ҳой, ман аз кӣ кам?!

Густохии ҷавон ба ў хўш наёмад. Дилаш танг шуда рафт. Вале сабр пеша намуд. Духтар чунин ваҷоҳате дошт, ошкор буд, ки намегуфт: ту саги кадом дарӣ.

– Чӣ гунгӣ?! – дағалона гуфт ҷавон. – Иқа нозу нуз накун, биё бо ман рав.

Духтар боз ҳам ҳарфе назад.

– Э, ҳой! Покита нишон нате! Шав ба оғўши даҳ кас медароию.

Духтар сабру тоқат аз даст дод. Таққӣ дар ҷояш бозистод. Ва бошаст ба қафо гашт. Ҷавон қариб монда буд, ки ба ў бархўрад. Пеш аз ҳама ба синаҳои дамидаи бачакушаш. Шояд инро ҳам мехост. Аққалан як расонда гирад. Вале ҳоло ҳаросид. Худро ақиб кашид. Дасту по хўрда, лол монд. Духтар мушташро ба таги бинии ҷавон бурда, теғ кашида, ба рўяш нигарист.

– Дидӣ?!

Ҷавон дубора ба дунёи ҳозир боз биёмад. Ва гумон кард, ки мушт насиби сари сахти ўст. Гўё ҷон аз дасту пояш баромад. Тез худро ҷамъу ҷўр кард. Вале лаб ба сухан во карда натавонист.

Духтар бо чашмонаш ба мушташ ишора карду гуфт:

– Не, дидӣ?!

Ҷавон гаранг-гаранг ба ў менигарист.

Духтар овозашро як парда баландтар карду гуфт:

– Не, дидӣ!

Вазъият посух талаб дошт.

Ва ў гўё ҳайратзада ба духтар нигарист.

– Чия?

– Чалая! – бо қаҳр гуфт духтар.

Эҳсоси ў ғалат кард. Ва аз ин ғалат шод гашт. Ва абрў паронда, ханда кард, як хандаи чун худаш безеби мастона, ки лабу рўяш каҷу уреб шуд.

– Чалая? – пурсид ў. – Хайр чӣ?

Ҷони духтар ба лаб омад.

– Хайр чӣ, хайр чӣ?! – бо чашмони пурхашм нидо кард ў. – Медонӣ, ки ин чӣ маъно дорад?!

– Фиреби назар, – дар ҷавоб гуфт ҷавон.

Дуд аз димоғи духтар баромад.

– Не! – ҷиддӣ гуфт духтар. – Яъне, ки ман шавҳар дорам!

Ба назари ҷавон ин гап ҳила буд, найранг буд, як маккории занона… Охир, дарахти макри зан сад реша дорад, фалак аз дасти зан андеша дорад. Фалак, ки андеша дошта бошад, ман чаро бовар кунам? Чашмонашро бин, айёрона, шарарбор. Ҳа, макру ҳилаи зан ҳадду ҳудуд надорад.

Ин дам буд, ки ба зудӣ – ин ҳам як одати бади ёршуда! – гурўҳи калони одамон, ки дар кўча саланг-саланг мегаштанд, дар гирдашон ҷамъ омаданд. Баъзеҳо таваққуф карда, як назар меандохтанду боз ба роҳашон рафтан мегирифтанд.

– Чӣ гап?! – аз ақиб тамошобинони нав ба нав ҳамдигарро тела медоданд, онҳое, ки дар пеш меистоданд, торафт ба парию зишт наздиктар шудан мегирифтанд. Ба зудӣ дар атрофи онҳо ҳалқаи зичи одамон ба амал омад. Ба майдадуздҳо ҳам худо дод, онҳо худро ба ин тўда заданд.

– Айб не-мӣ, а? – гуфт касе.

– Чаро айб будааст? – зуд посух дод дигаре. – Тамошои бепул!

Ҷавон табассуми ғолибонае карда гуфт:

– Хайр чӣ? Ман ҳам зан дорам. Якта не, дута.

Ва аз ҳар ҷо чанд кас хандиданд.

– Э ҳой, ман панҷ шўй дорам, ҷим гаштааму ту бо ду занат ин қадар воҳима мекунӣ?! – баланд гуфт аз байни тамошобинон зане ва садои ханда ба фалак печид.

– Суст набиё! – боз бод доданд ҷавонро.

Ин дам як марди миёнсол – шукри Худо! – ба ҷавон рў оварда гуфт:

– Шарм намедорӣ, писар.

Ба ҷои ҷавон ҷавони дигар, ки дар қатори пеш меистод бо овози масхараомез аз мард пурсид:

– Мебахшеду мабодо-ку ин духтари шумо нест?

– Не, чаро духтари ман бошад, – гуфт мард дар ҳолате ки ба танаш ларза афтода буд.

– Пас чаро дидаву дониста, тарафгирӣ мекунӣ?

– Ҳа, рост! Ё шояд дили худат доғ, а?

Садои ханда боз ба фалак печид.

Мард надонист чӣ кор кунад. Ва ғайб зад, мисли он ки донаки гўгирд фағ даргирифту мурд.

Офтоб паси абр даромад.

Паррандаҳо аз парвоз монда буданд.

– Суст набиё! – боз бод доданд ҷавонро.

Аз ҳар тараф нидоҳои дастгирӣ баланд шуданд:

– Ҳа, ту мард-ку, охир!

Ба гўши духтар қар-қари зоғ омаду ба қалбаш ғам рехт. Ва ў ба абрувонаш гиреҳ андохта, ба ҷавон гуфт:

– Ман ба ту ягон асос додам ё ишорае кардам?!

– Не, ҳа…

– Ҳа ё не?!

Нафаскашии ҷавон тез мегашт. Гўё вай ба кўҳи баланде мебаромад.

– Не…

– Пас чаро аз пасам часпидӣ?

– Ёри ганда нестем, аз пасат канда нестем, – ҷигарӣ хандида, ҳозирҷавобӣ кард ҷавон.

– Аҳа, ту ба ман ёр шуданӣ?

– Ҳа, ба ту раҳмам омад. Охир ба ту азоб. Ту паршикаста…

– Ту ба ман пар шуданӣ?! – нигоҳи хашмолуди духтар сар то пои ўро палмосид.

Ҷавон ба таври худ хулоса намуда, гуфт:

– Э, мара кам набин. Ма йигитум. Э, йигит чӣ?! Ма ҷигитум, ҷигит! Ҷигити қишлоқӣ нестум, ҷигити шаҳрӣ ҳастум!

– Шукри Худое! Дар ин дунё якто йигит… э, ҷигит будааст, – заҳрханда намуда, пичингомез гуфт духтар.

Вале ҷавон ин пичингро дарк накард. Гумон кард, ки духтар ба дом афтид. Ва ў аз ҳоле ба ҳоли дигар гузашт. Дилаш аз фараҳу шодӣ пур гашт. Вайро ҳаяҷони ғалабаи ба даст омада, беш аз пеш фаро мегирифт. Ва дар як они воҳид дунё ба назараш гул карда, зебо гашт. Дар рухсораи ҷавон гўё офтоб тулўъ кард.

– Худоё, ту чӣ хел аҳли фаҳмӣ, а?! – нидо намуд ў ва аз дасти духтар дошта, бо шавқу шўри афзунтар афзуд: – Рафтем!

Духтар дигар бардошти ин носипосиро надошт. Сабри ў сар рафт. Ва магар нафасаш гашт, ки бо шиддат нафаси тўлонӣ кашид, сипас овард:

– Ҳа, ҳа! Ман ҳамин хел одамам. Ва ту барин хурўсчўҷаро садтояшро лаби об ташна бурда, ташна меорам.

Ҷавон кайҳо аз худ бехуд буд. Тани урён дар ҷогаҳи шоҳона дароз мекашид. Парӣ аз паси пардаи ҳарир, шамъ дар даст оҳиста сўи ў меомад. Яктаҳи дарози сафед ба бар дошт. Ва овозе ба гўши ҷавон меомад: «Куҷо будӣ? Ман туро меҷустам. Рўзҳо, моҳҳо, солҳо… Ман аз они туям, ту!»

– Худоё! – девона мешавад ҷавон.

Оваҳ, аз саодат девона гашт!

Гурги шавҳат ба дилаш дандон мезанад.

Торсакие бари рўи ҷавон фуромад. Садои баланде баромад ва касе дод зад:

– Мурд!

Ҷавон дубора ба дунёи ҳозир боз биёмад. Ва ба чунин зарбаи нотайёр «воҳ!» – гўён, дод зад, гўё ҷон аз дасту пояш баромад. Ҳангу мангаш канд. Саҳл монда буд, ки биафтад.

– Маладес!

Аз ҳар тараф садои ханда баланд шуд.

– Ҳа-ҳа-ҳа!

– Ҳӣ-ҳӣ-ҳӣ!

Ҷавон чунин натиҷаро интизорӣ надошт. Гумон карда буд, ки духтар ба «ҳа» маҳталу бо як имо лўққӣ карда, ба домаш меафтад. Вале тўшбераро хом шумурда будааст. Дар як они воҳид дунё ба назараш берангу бемазмун, тираву тор гашт. Орзуҳояшро шамшери адолат пора-пора карданд. Ва ў лолу пакар гашт. Ба як мавҷуди сарди беҳаракат табдил ёфта, чўби хушк барин беҳаракат монд.

– Бечора!

– Уболаке!

– Сазои сараш!

Нигоҳи ҳама ба ҷавон буд.

Акнун арақи сард аз сару рўи ҷавон мезаҳид, барги бед барин меларзид.

Марде ки дар тан либосҳои фақирона дошт ва муаллимро мемонд, гилаомез ба ў нигаристу гуфт:

– Ҳа, тират хок хўрд, йигити мировой? Париро аз даст додӣ-ку?

Ҷавон дубора ба дунёи ҳозир боз биёмад. Ва ханда кард, як хандаи чун худаш безеби мастона, ки лабу рўяш каҷу уреб шуд. Сипас даст афшонду гуфт:

– Э, фоҳиша будааст?!

Мард қоҳ-қоҳ хандид. Баъд писхандомез гуфт:

– Агар «ҳа» мегуфт – парӣ буд, «не» ки гуфт – фоҳиша шуд. Қоил мане!

Ҷавон безобита ва бесаришта гашт. Ва ҳаросон ба рўи мард нигарист.

Мард ҷиддӣ шуд ва бо қаҳру танбеҳ илова намуд:

– Ана, йигитию мана йигитӣ. Шон боз йигит не, ҷигит. Э, марги ту барин ҷигит!

Ва – э, аҷаб! – аз куҷое садои хурўс баромад.

Ва боз – тўба! – сари овози хурўсро харе гирифта, ҳангос зад.

Ҳама қоҳ-қоҳ хандиданд.

– Ошноят туро табрик мекунад, – гуфт касе ба ҷавон.

Боз ҳама якдилона қоҳ-қоҳ хандиданд.

Шоду хушбахт буданд одамон!

Ҷавон бошад, тоҷи расвоӣ бар сар дошт. Ва сурх шуд, сафед шуд, кабуд шуд.

Ва чунон ғайб зад, ки – э, аҷиб! – на дўст дид, на душман.

Ба мисли он ки донаяки гўгирд фағ даргирифту мурд.

– Эҳ, тамошо тез тамом шуд-да! – афсўсхўрон овоз баровард касе аз байни ҳозирон.

– Шакара камаш хуб!

– Бепул бошад, зарар надорад!

Ин дафъа одамон нахандиданд.

Чунин намуд, ки одамонро як маъюсӣ фаро гирифт: «Афсўс, ки моҷарои зўр нашуд?» Ва онҳо абрў чин намуда, калла ҷунбонда, пароканда шуданд.

Шаҳр чун баҳри азим шуру машғала дошт!

3 январи соли 1999

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

zindagi

Манои зиндагӣ

Ду кас ранҷи беҳуда бурданд ва саъи бефоида караданд: яке он, ки андухту нахўрд ва …