Главная / Гуногун / ТЎДАИ ХОКИСТАР

ТЎДАИ ХОКИСТАР

Ин воқеа дар Амрико не, дар Европа не ва на дар Африка, балки дар мамлакати мо, дар худи шаірамон ба вуқўъ омадааст. Шахсе ки сухан аз хусуси ў меравад, соҳибдиплом Катабеки Кабир мебошад.

Ба шумо маълум бод, ки Худо ба ў қомати мавзуну симои зебо ато намуда, фазлу камолро лоиқ надидааст. Лекин сад афсўс, ки савод надошта бошад ҳам, курсиеро банд мекард. Баробари соҳибкурси буданаш боз шуғли навис-навис ҳам дошт. Худро нависанда метарошид. Бо тахаллуси Ҷаҳонӣ эҷод менамуд, вале то ҳол ягон асараш рўи чопро надида буд. Боре ҳамкораш Раҷаб ўро масхаракунон «Эй Ҷаҳонӣ, Ҷаҳонӣ!» мегуфт, ки ҳамзамон сардори идора даромад. Сардор ба сари Раҷаб дўғ зад:

хокистар– Ин чӣ номаъқулӣ?!

– Ҳеҷ чиз… ҳамту… репетитсия, – андаке саросема шуда, базўр ғурунгос зад Раҷаб.

– Э, рўят сиёҳ! – чашмони сардор ба ў дўхта шуд. – Ин ҷо театр не-ку?! Хайр, Ҷаҳонӣ кист?

– Ман! – зуд чун мактаббача аз ҷояш хеста, бо ифтихор нидо намуд Катабек.

Сардор лаҳзае ба андеша рафт. Баъд ба рўи Катабек ҷиддиёна назар дўхту пурсид:

– Чаро чунин тахаллусро интихоб кардӣ?

– Бо нияти нек, – дарҳол ҷавоб дод Катабек. – Нияти нек, ними давлат. Рўзе мерасад, ки асарҳои ман машҳурӣ ҷаҳон мешаванд.

– Машҳури ҷаҳон мешавӣ? – ба гўшҳояш бовар накарда, пурсид сардор.

– Бале! – бо қатъият нидо зад Катабек.

Сардор ҳайрон-ҳайрон ба ў нигарист:

– Охир, чӣ тавре мегўянд: “Гап дар салла не, дар калла”.

– Бале, ҳамин тавр! – бо ҳамон қатъият посух дод Ктабек.

Каме лол монд сардор ва баъд пурсид:

– О, магар барои ин ҳамин насабат – Кабир кифоя нест?

– Ҳаргиз! – нидо зад Катабек. – Кабир ин ними ҷаҳон аст. Ман машҳури тамоми ҷаҳон хоҳам шуд. Чӣ, оё шумо ба ин шаку шубҳа доред?

– Не, не, заррае!

Чӣ ҳам мегуфтанд?!

Аз рўи ин навис-нависаш ҳар рўз бо занаш – урра! – ҷангу ҷанҷол, даст ба гиребон.

– Ин шуғлатро парто! – талаб мекард ҳамсараш.

– Беҳтараш туро мепартоям! – паст намеомад Катабек.

Оқибат тоқати занаш тоқ шуд: «Э, марги ту барин нависанда!» – гўён, хонаро тарк кард. Пас аз ин қавлу қасам хўрд, ки аз баҳри навис-навис мебарояд. Ҳа, тамоман! Лекин одамизод хуб беор мешудааст. Ҳодисаи оилавайронӣ сабақ нашуд. Қасамро шикаст. Боз ҳамон аҳмади порина.

– Ин шуғли бад охир туро мекўшад, – сахт карда, гуфт як ҳамкораш.

Вале ў пушти ману табари қассоб гуфту гашт.

Ба ин кор ў бисту панҷ сол машғўл шуд. Дар ин муддат вай ҷони чанд сармуҳаррирро ба нуги бинӣ овард ва онҳо: «Аз бало ҳазар!» – гўён, ҳикояҳояшро чоп карданд. Дар бисту панҷ сол биступанҷ ҳикоя чоп кард. Вай онҳоро ғун оварда: «Бисту панҷ пораи дил» – ном ниҳода, ба нашриёт бурд. Хонданду:

– Дар ин ҷо на дил ҳасту на порааш, – гуфтанду рад карданд.

Вай асабӣ шуда, бархост:

– Чоп намекунӣ?!

– Не…

– Бе ҳазл? – аз шиддати ғазаб ларзид ў.

– Бе ҳазл.

Вай инони ихтиёр аз даст дода:

– Ин ту бедил! – гўён, ҳикояҳояшро бардошта, назди раиси нашриёт даромад. Ва аз бом тароша афтидагӣ барин гуфт:

– Аз ноҳияи мо ягон нависанда нест.

– Рост? – раис бо диққат ба ў нигарист. – Намедонистам.

– Медонед, медонед. Аммо худро ба нодонӣ мезанед…

– Гапи беҳуда.

– Гапи рост. Бо айби шумо китобҳои онҳо чоп намешавад.

– Бо айби мо?

– Бале, бо айби шумо!

– Чӣ-ӣ?! Худоё, аз тўҳмати ноҳақ нигаҳ дор!

– Ноҳақ не, ҳақ! Ҳа, сад фоиз ҳақ. Барои он ки шумо китобашонро чоп намекунед. Бахилед ҳамаи шумо. Сиёҳдилед…

– О, мо китобро аз рўи ноҳия не, аз рўи арзиши бадеияш ба нашр мерасонем.

– Ҳа, шумо гуфтанӣ, ки дар ноҳияи мо ҳама бесаводу беақланд?!

– Астағфирулло! Ман чӣ мегўям, ин чӣ мегўяд! Ман ҳеҷ гоҳ ин хел нагуфтам. Дар ноҳияи шумо одамони бофазлу доно бисёранд.

– О, бале! Яке аз онҳо ман ҳастам. Ҳа, чоряк аср қаламкашӣ намуда, мўӣ сарамро сафед кардам.

– Бузургӣ ба ақл аст, на ба сол!

Вале ў аз асп нафуромад. Ҳар рўз бо раиси нашриёт – урра! – ҷангу ҷанҷол, ҳафту ҳашт.

– Берўӣ ба эбаш! – сабри сарвари корхона сар рафт. – Дигар наё!

– Китобамро чоп кунед, намеоям. Китобам, ки чоп шуд, Исо ҳам ба роҳи худу Мўсо ҳам. Шумо маро надидед, ман шуморо. Мешавад?

Раиси интишорот мурғи посўхта барин гирди кабинет ду-се бор қанотак зад: «Ин чӣ хел махлуқ-а? Ҷонамро ба ҳалқам расонд-ку. Ҳар рўз бо ў сурху сафед мешавам».

Раис ба рўи ў нигарист. Башарааш яз яхи тарма ҳам хунуктар намуд.

«Не, як бори дигар ин башараро бинам, ё сактаи дил мешавам ё ҷиннӣ».

– Сукут – аломати ризо?! – аз ҷояш хест Катабек.

Роҳбари идора бо сарҷунбонӣ «ҳа» гуфту бо даст ишора кард, ки тезтар дафъ шав.

Ноилоҷ китобашро чоп карданд.

Агар ўро ин вақт медидед, ин мардак девона шудааст, мегуфтед. Китобро мебўсид, рўи миз монда, аз дур тамошо мекард. Савдоиҳо барин механдид, мегирист, дар як ҷо нишаста наметавонист. Мехост ин лаҳза болу пар бароварда, ба осмон барояду аз ҳамон баландӣ ба тамоми олам гўяд:

– Эй, одамон, ман нависанда!

Рўзи дигар вай тамоми мағозаҳои китобро гашт, то бубинад, ки китобашро чӣ хел мехаранд.

Аммо…

Дар ягон мағоза китобашро надид. Ба сари сардори идораи “Китоб” рафт.

– Китобӣ ман канӣ?!

– Дар анбор.

– Ман китобро хуни ҷигар хўрда барои анбори ту нанавиштаам?!

Сардор дид, ки биринҷ оббардор нест, ваъда дод, ки худи пагоҳ китобро ба фурўш мебарорем. Катабек фаҳмид, ки китобаш танҳо ба як мағоза дода шуда будаасту ба он касе нигоҳ намекунад. Аз мағоза бо лабу лунҷи овезон баромад. Як дам истод. Оҳ кашид. Ногоҳ чашмаш ба сояаш афтод. Он шабеҳи маймун, гўё ўро сўз медод. Дилаш бештар хиҷил гашт.

Дар хона мурғи посўхта барин қанотак мезад. Монда шуд. Нишаст. Паси сар хорид. Ғами китоб майнаашро парма мекард.

– Эҳ, навиштан як бало, – бо алам мегуфт худ бо худ. – Чопаш ду бало, паҳнкуниаш се бало.

Ногоҳ ягона ошнояш Содабек ба ёдаш расид. Ба ҷўрааш занг зада, аз чопи китобаш мужда расонд.

– О, табрик, табрик, – хурсанд шуд Содабек. – Якто бо соядаст медодагистӣ?

– Ягон дона надорам, – ғамгинона оҳ кашид ў. – Бовар кун.

– Чӣ, аз нашриёт надоданд?

– Доданд. Даҳ дона. Тала карданд. Бовар кун. Ҳа, дар мағоза ҳаст, гирифта биё, соядаст аз ман. Тез рав, ки боз тамом нашавад. Ба чизи нағз талабот калон-дия.

Аён гашт, ки Содабек он қадар ҳам содда набудааст.

– Чӣ, чӣ? – бо шитоб пурсид Содабек. – Нашунида истодаам… Чӣ мегўӣ? Такрор кун. Чҳ?.. Алло?! Алло?!

Сипас гуд-гуди телефон баланд шуд. Вай чанд бор занг зад. Телефони ҷўрааш банд буд. Гўшакро бо қаҳр ба ҷояш гузошт. Чиликашро ба гўшаш тиққонда, сахт ларзонд.

Рўзи дигар куртаи нав пўшид, галстук баст, костюм ба бар кард.

– Хонаю палос, одаму либос, гуфтаанд, – гузаронд аз дил ва худашро гўё шаҳ бошад, орову торо дод.

Кўча ва дарахтони шинос барояш ба тарзи дигар ҷилва доштанд. Насимаки серуне сару рўяшро сила менамуд. Гўё ин кўчаву дарахтонро нав медид, ки бо ҳавас ба онҳо чашм медўхт. Ғолибона қадам мезад ва гумон мекард, ки ҳама бо ҳавас ба ў менигаранд. Табъаш чоқ буд ва ин табъчоқии худро пинҳон дошта натавониста, хаёле зери лаб табассум карда мемонд.

Дар мағозаи китоб китоб бисёр буд. Вале харидорон ба чашм намерасиданд. Фурўшанда ҳам наменамуд.

– Ягон милиса ҳам нест-е! – гуфт ў ва мушт ба рўи пештахта зад.

Ҷавони ҷингиламўи кулчарўе давида баромад.

– Ин чӣ бемаззагӣ?! – шавқун бардошт Катабек.

– Бубахшед, ман китобҳои нодаркорро ҷудо мекардам…

– Бас! – боздошт ўро Катабек. – Ҳо-о, ана ҳамон китоби хушрўйро диҳед, – китоби худашро нишон дод Катабек. – Рўяш ҷудо зебо, дарунаш чӣ хел бошад?!

– Бо ҷону дил, марҳамат.

– Китоби хуб аст?

– Надонам, – китф ба ҳам кашид фурўшанда.

– Чӣ хел намедонед?! – рўй турш кард Катабек. – Магар шумо ин китобро нахондаед?

– Не, нахондам, – рости гапро гуфт фурўшанда.

– Чӣ, чашм, хату савод нест?!

– Ҳаст, – гуфт фурўшанда хиҷолатмандона. – Вақт нест.

– Чӣ?! – дар ғазаб шуд Катабек. – Вақт нест?! Ба дигар корҳо вақт меёбед-а? Ба қитир-қитир, бўсо-бўс вақт ҳаст-а?! Ба китобхонӣ вақт нест?! Ман дар сину соли ту қариб ҳазор китоб хонда будам.

Баъд ў ба ду марде ки нав ба мағоза ворид шуда буд, нигариста гуфт:

– Оҳ, ин ҷавонҳои наврўид-е! Мегўянд, ки: “Наврўид – бало рўид!” Рост! Инҳо дар дигар корҳо бало! Наход ки ҳамин хел як китоби олиҷаноба нахонед.

– Бубахшед, – узр пурсид фурўшанда. – Ҳазл кардам. Хондам…

– Ана, ин гапи дигар, – якбора хурсанд шуд Катабек. – Хуш, чӣ хел?

– Аниқтараш, танҳо як саҳифаашро хондам.

– Танҳо як саҳифаашро хондӣ?

– Ҳа.

– Барои чӣ?

– Дигар хонда натавонистам.

– Чӣ хел? Чаро? Барои чӣ?

– Росташро гўям, китоби намешудагӣ. Бисёр фач.

Катабек як қад парид. Ҷисму ҷонаш ба ларза даромад. Аз андомаш даҳшат меборид.

– Чӣ-ӣ-ӣ?! Худат фач! Очат фач! Отат фач! Фаҳмидӣ, сағира?!

Фурўшанда, ки чӣ гуфтанашро намедонист:

– Ман… ман… ман фикри худамро гуфтам, – изҳор кард ў.

– Э фикрат аз сарат монад! – дастак зад Катабек. – Хонда натавонӣ, наҳ назан! Хондан ҳам ҳунар аст. Фач мешуд, чоп намекарданд.

– Э, ҳоло як чизҳое чоп мекунанд, ки хара хандаву буза гиря.

– Шуд! Ман мегирам ин китоба, – гуфт ў ва даст ба киса андохт. Сипас ба пешонааш зад:

– Гўр фаромўшхотирӣ шавад-е!

– Ҳа, чӣ шуд, амак?

– Пулро дар хона фаромўш кардаам. Хайр ҳеҷ гап не, пагоҳ омада мегирам. Боз ҳаст? Боз охираш набошад, ки харанду бекитоб монам.

– Не, – гуфт фурўшанда. – Анбор пур. Ҳоло ягонта нафурўхтем.

Ин сўханон ба қалби ў чун корд халид.

Сари хам, маъюсу малул қадам мезад. «Ин шуғли бад охир туро мекушад». Ин суханони собиқ ҳамкораш дар гўшҳояш садо доданду вуҷудаш ларзид. Ва ў ба худ омада, ба ақибаш назар афканд. Гўё собиқ ҳамкораш аз пасаш меомад.

Ба гўшаш мағалу шақун расид. Нигарист, ки мағоза. Дар пешайвонаш лавҳаи «Сафар-сентр» задагӣ. Ба дарун сар халонд. Мағоза чунон пуродам буд, ки ў беихтиёр нидо намуд:

– Эҳа! Асо чӣ – равро партоӣ, рост меистад!

Баъд аз як мард пурсид, ки:

– Ин чӣ гап?

– Инҳо ҳама бизнесмен, яъне ҷаллобҳои пештара. Молҳоро аз ин мағоза арзон харида, бурда қиммат мефурўшанд.

– Эҳ-ҳа, ана гапу мана кор! Оҳ, кошкӣ ба мағозаи китоб рафта, китоби маро ҳамин хел талош карда мехариданд, – оҳи сард кашиду гуфт ў.

– Ҳўй бародар, чӣ аз моҳ фаромадӣ? О, дар ин замона кӣ китоб мехарад? Бечора мардум орде намеёбанд, ки хамир шўранд.

– Э, чӣ ин қадар орд-орд мегўӣ: чанд сол боз бе орд ягон одам намурд-ку! Э, аёнро чӣ ҳоҷат ба баён! Як ба афту башараат нигар. Китоб намехонӣ, ки бенурӣ.

Он шаб ғами китобаш ўро пинак рафтан намонд.

Рўзи дигар боз баҳри тарғиби китобаш баромад. Шаҳр зебою дилкаш буд. Кўчаҳо сабзу хуррам. Дар ду тарафи кўча ҷўйча ҷастухезкунон равон. Бўи гуворои гиёҳу гулҳо ба димоғ зада, синаро аз шавқу шодӣ пур карда, хаёли касро, ба сари орзую ниятҳои гуворо мекашид. Аммо ҳамаи ин ба назари ў безавқу нур метофт. Вай сархаму малул қадам мезад.

– Их-е, даюс!

– Аъ?! – як қад парид ў. – Кӣ даюс?

Вале мўйсафед ба ў аҳамият надода, бадқаҳрона хари лавандашро «их-е, даюс!» – гўён, хала мезаду мерафт.

– Оҳ, оҳ! Ана, ин мавзўи ҳикоя, – гуфт ў ва зуд аз киса қаламу қоғаз бароварда, чизе навишт.

Оҳиста, боэҳтиёт, гўё ба он ҷо ба дуздӣ медаромада бошад, ба маҷозаи китоб наздик шуд. Оҳиста гарданашро ёзонда, калла кашида, аз тиреза ба даруни мағоза нигарист. Не, фурўшандаи дирўза наменамуд. Ба ҷои ў як духтараки нозукандоми хандонрў паси пештахта меистод. Хурсанд шуд. Зуд худро ба мағоза гирифт. Ва бо чашми меҳр китобҳои дар раф бударо мепалмосид. Нигоҳаш дар китоби худаш қарор гирифт. Шавқ дар дилаш туғён мекард.

– Ҳо-о, духтари зебо?!

– Лаббай?

– Ҳо-о, ана ҳамон китоби хушрўйро диҳед, – китоби худашро нишон дода, илтимос кард аз фурўшанда. – Рўяш ҷудо зебо, дарунаш ҳам зебо будагист?

– Надонам, – китф ба ҳам кашид фурўшанда.

– Чӣ хел намедонед?! – рўй турш кард Катабек. – Магар шумо ин китобро нахондаед?

– Не, канӣ вақти китобхонӣ, – ҷавоб дод духтар хиҷолатмандона.

– Эҳ-ҳа, ана гапу мана кор! О, ту китобдор. Хондан вазифаат. Бояд бихонӣ ва дигаронро тарғиб кунӣ. О, ту китобдор шуда нахонӣ, аз дигарон чӣ гила. Айб! Ҳа, айб!

Духтарак “Ҷавоби аҳмақ – сукут!» – гўён, дам назад.

– Ҳм-м, – лабонашро макида, мад кашид Катабек ва китобро кушод.

Вай китобро варақ мезаду гоҳ-гоҳ бо гўшаи чашм сўи мағозабудагон назар медўхт. Дилаш чун мурғи банди қафас ҷастухез дошт. Зери лаб ким-чиҳо гуфта, ғур-ғур мекард.

– Ҳм-ҳм… – мегуфт вай, сар ҷунбонда.

Хомўшии том ҳукмфармо буд. Катабек яхи хомўширо шикаста, бо овози баланд гуфт:

– О, китоби нағз, олиҷаноб будааст!

Чанд касе ки дар мағоза буд, ба ў нигарист. Чун дид, ки диққати одамон банди ҳарфи ўст, гуфт:

– Бисёр гаронвазн, пуртаъсир. Суханони пайғамбарона!

Ҷавонмарде барои ҷилави хандаашро гирифтан рўй ба дигар сў тофт.

Катабек «о, афсўс, пулама дар хона фаромўш кардаам, набошад дуто мехаридам. Хайр пагоҳ омада мехарам» гуфтанӣ буд, ки фурўшандаи дирўза ҳамзамон ба пешвозаш баромад.

Фурўшанда ўро шинохта, дар лабонаш табассум гул кард:

– Дар ҳақиқат хонандаи ашаддӣ будаед. Шумо барин китобдўст имрўз тухми анқо. Шуморо ба китоби сурх даровардан лозим.

Катабек дид, ки ҳама ба ў менигаранд китобро харид ва ғайри ихтиёр аз даҳонаш баромад:

– Охир, чунин китобро нахондан гуноҳ аст.

– Беҳуда нагуфтаанд, ки: «Қадри зар заргар бидонад, қадри ҷавҳар – ҷавҳарӣ!» – хитоб намуд фурўшанда ва афсўсомез биафзуд: – Эҳ, агар ҳама шумо барин мебуданд, олам гулистон мешуд.

Баробари шунидани ин суханон беихтиёр фукаш боло шуду сандуқи синааш худ аз худ пеш дамид ва нафаҳмид, ки чӣ хел луқма партофт:

– Боз якто диҳед, як ошнои заршинос дорам. Ба ў тўҳфа мекунам.

– Ҳа, китоб беҳтарин тўҳфа! – ба ў китобро дода, гуфт фурўшанда.

Бо вуҷуди нею нестони зиёд фурўшанда ўро то дари баромад гуселонид.

– Хайрият, ба ин китоб як харидор ёфт шуд, – пас гашта, гуфт фурўшанда.

– О, ў худаш муаллифи ҳамин китоб. Худаш нахарад, кӣ мехарад.

– Чӣ?! – фурўшанда ба ҷавонмард зеҳн монд. – Вай муаллифи ҳамин китоб?

– Ҳа-а.

– Э, не-е! Рост?!

– Ҳа, ў чанд рўз боз ибрати шахсӣ нишон медиҳад. Вале касе ба ў пайравӣ намекунад.

– Э, марги ҳамин хел нависандагӣ?!

Чанд рўз паси сар шуд. Вазъият тағйир наёфт. Ҳафта, моҳ сипарӣ гашт. Боз ҳамон аҳвол. Катабек ноумед шуд. Пажмурд.

– Сад афсўс! Китобхон намонд, – мегуфт ў ва гаранг-гаранг, баҳудаву беҳуда дар кўчаҳо мегашт.

Рўзе нохост ба садамаи нақлиёт афтод. Се моҳ дар табобатхона хобид. Баромадан замон ба мағозаи китоб шитобид. Онро нашинохт. Мағоза либоси нав ба бар дошт. Дар пештоқаш ба ҷои лавҳаи «Китоб» «Фирмаи Шамсу Қамар»-ро хонд. Ба мағоза даромада, ҷо ба ҷо шах шуда монд. Аз китоб ному нишон набуд. Мағоза пуропури шароб. Ҳа, ҳазору як намуд. Ранги баранг.

– Худоё! – беихтиёр нидо кард ў.

– Аз кадомаш диҳам амак?

– Китобҳо канӣ?

– Чӣ?! – рўй турш кард ҷавон. – Китобҳо?

– Ҳа.

– Ана! – ба сўе ишора намуд ҷавон.

Катабек он сў нигарист. Китобҳоро дар як кунҷаки мағоза ҷо карда буданд, ки базўр ба назар мерасиданд.

– Худоё! Замоне китобҳоро сўзонданд. Имрўз бо онҳо семичкаву нос мепечонанд. Ана, акнун шароб онҳоро танг кардааст, – гуфт ў ва ба фурўшанда рўй овард:

– Чаро ба ин роҳ додед?

– Ҳа, чӣ кор кунем буд?

– Мубориза!

– Чӣ?! Ҳоло ҷиннӣ нашудаем. Аз ин ба мо бештар фоида мерасад.

– Шарм доред, шарм! – дод зад Катабек. – Чӣ, шумо бо шароб халқа тарбия мекунед?!

– Ҳа, – қоҳ – қоҳ хандид ҷавон.

– Не, шумо бо шароб майнаи халқа заҳролуд мекунед! – девонаавзо дод зад ў ва ба ҷавон дарафтод. Ҷавон ба андешае, ки ў ҳазл дорад, дар ибтидо чандон муқобилият накард. Вале чун ду тугмааш канда шуд, якто зад ўро. Ҳа, ҳамагӣ якто зад. Ва Катабек чун туби футбол парида, аз мағоза берун афтод. Ва ба гўшаш ғур-ғури одамон расид.

– Зарбаи аката дидӣ?! Як удараш кардам, туб барин парид!

– Э, ту бало! Хубаш кардӣ!

Катабек ба худ омада, пойҳояшро базўр кашолакунон ба хона расид. Худро болои диван ҳаво дод. Ва як ҳафта ба худ наомад. Рўзи ҳаштум хест. Вале ғубори ғаму андўҳ чеҳраашро тарк накарда буд. Сигарет оташ дод. Телевизор монд. Як марди базеби фабеҳ сухан мекард. Вай дар бораи фарҳанг ваъз мегуфт.

– Сад дареғ, ки дар наздам нестӣ?! Хафаат мекардам!

– Мо мефаҳмем, ки бе фарҳанг ҷомеа бақо надорад, – мегуфт мард аз оинаи нилгун.

Катабек безобита шуд. Сигарети дасташро бо қаҳр ба гўшае ҳаво доду берун баромад Пойҳояш беихтиёр ўро сўи мағозаи китоб бурданд. Аз пайроҳа ба кўчаи калон, ки мағоза дар он воқеъ буд, тоб хурда, дид, ки одамон дартозанд. Дар тааҷҷуб афтод. Ва аз яке пурсид:

– Куҷо шитоб дорӣ?

– Ба сўхтор, – наистода посух дод ҷавон.

Катабек ҳам баробараш давида, боз пурсид:

– Чӣ хел сўхтор?

– Мағоза месўзад.

– Кадом мағоза?

– Мағозаи «Шамсу Қамар”.

Як маҳшаре буд назди мағоза. Хурду калон дар даву тоз бо сатил об пошида, забонаҳои ҳарису носери оташро паст карданӣ мешуданд. Катабек зеҳнаш кунд, сараш гиҷ, шах шуда монд. Танҳо гўшҳояш кушода буданд.

– Об пош!..

– Тез бош!..

– Эҳтиёт шав!..

– Ҷунб!..

«Ба-аб! Ба-а-аб!»

Садои мошини оташнишон ўро як қад паронд. Сўхторнишонҳои бадқаҳру бадғазаб мурғи посўхта барин худро ба чор тараф мезаданд, ба якдигар фармон медоданд ва гўё ба кори худ шурўъ карда буданд. Вале – ҳайҳот! – вақтро дар ихтиёр надоштанд. Мағоза пок-покиза сўхт. Ба ҷои он як тўда хокистар боқӣ монду халос.

Катабек тамоман беҳол шуд. Ҳайрону ҳаросон монд. Дир-дир меларзид, гўё ўро сармо зада бошад.

– Оҳ, заҳмати биступанҷсолаам, – чашмони Катабек сиёҳӣ зад, беҳолона якпаҳлў афтод.

Ҳоло ў намедонист, ки аз сигарети бехудона партофтааш хонааш оташ гирифта, месўхт.

Ҳар ду бари рўяш сип-сиёҳ буд аз дуду хокистар.

 17 январи соли 1999

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

Ҳар чӣ зуд барояд, дер напояд

Хоки Машриқ, шунидаам, ки кунад Ба чиҳил сол косае чинӣ. Сад ба рўзе кунанд дар …