Главная / Гуногун / Тирпора

Тирпора

Ҳар касе, ки ба меҳмонхонаи васею барҳавои муаллими деҳаи мо Пўлод Юсуфӣ медарояд, пеш аз ҳама чашмаш ба тасбеҳ ва чигаси рўи қолини дар девор овезон буда меафтад. Ва бешубҳа ҳайрон мешавад. Рост-дия. О, одамон ягон чизи зебо ва қимматбаҳоро меовезанд. Пўлод Юсуфӣ чӣ? Тасбеҳу чигас! Хандаовар?! Истед, нахандед. Ҳеҷ ҷои ханда нест. Пушаймон мешавед. Ман ҳам бори аввал хандида, баъд сад пушаймон шудам. Тасбеҳу чигас қисса дорад. Ва он қисса ин аст.

tirПўлод – писари амаки Юсуф, ки ҳамагӣ ҳафт синф маълумот дошту колхозчӣ буд, на дар синфи якум, на дар синфи дуюм, балки дар синфи сеюм мехонд. Батану тўш. Вале сустхон. Ба дарсҳо ҳавасу ҳавсала надошт. Аз арифметика-ку тамоман суст буд. Ба қавле аз кулўх садо мебаромаду аз ў не. Муаллими арифметика Нури Хол марде буд: якпо, ҷўя-ҷўя захмҳо дар рўяш. Бо чигас бо азобу дард по монда, ба синф медаромад. Лек дар рўяш аз ғам осоре набуд, хушҳолу хандон. Канда-канда, нарм-нарму паст дарс мегуфт.

« – Сепоя!» – дар дил мазоҳ мекард ўро Пўлод.

Гоҳ-гоҳе бачаҳо байни худ шунаво ўро мазоҳ мекарданд.

– Сепоя!

– Сепоя намепоя!

– Ҳӣ-ҳӣ-ҳӣ!

Муаллим мешунид, вале эътибор намедод. Гўё намешунид. Вақте Пўлод ба саволҳои ў ҷавоб намедод, маъюс мешуд.

– Бад, – мегуфт ў ғамгинона. – Боз ҳам ба ту «ду» намегузорам. Кўшиш намо.

Вале ҳама кўшишҳои муаллим ва ҳам «кўшиш»-ҳои Пўлод самар намеовард. Боре муаллим боз Пўлодро назди тахта хонд.

– Каратро гўй.

Пўлод ҷавобе надод. Гўё ки гунг буд.

– Хуб. Се карат панҷ чанд мешавад? – пурсид муаллим.

– Ҳабдаҳ, – ҷавоб дод Пўлод.

Қаҳри муаллим омад. Рагу пайванди баданаш ларзид. Худ нафаҳмид, ки чӣ хел Пўлодро як торсакӣ фуровард. Пўлод чун туб парида, ба остонаи дар уфтод. Биғ нагуфт. Аз ҳуш рафт. Баъд овозе ба гўшаш расид, ўро касе фарёд мекард:

– Пўлодҷон! Ҳо, Пўлодҷон!

Вай оҳиста чашм кушод. Болои сараш қиёфаи пуризтироби падару модарашро дид. Бо ҳарос пурсид:

– Ман дар куҷо?

– Дар хона, – филҳол баробар ҷавоб доданд волидайнаш.

– Хона? – тааҷҷуб намуд Пўлод. – Кадом хона?

– Чӣ хел кадом хона? – беқарор гашт падараш. – Хонаи худамон.

– Ҳа, ҳа, – саросема илова намуд модараш. – Дар хонаи худамон.

– Ҳа-а… – мад кашид ў. – Чаро як чашмамро бастед? Кушоед?

– Набастем, ҷони оча, кушода…

– Набошад, чаро кушода намешавад, – мутаҳайир сухани модарашро бурид Пўлод.

Модараш дасти гарму нармашро ба пешонааш монда, саросема гуфт:

– Як тарафи рўят камакак варам, ҷони оча. Барои ҳамин. Ғам нахўр, варам тез мегузарад.

– Ҳа-ҳа, тез мегузарад, – сухани ўро падар тасдиқ намуд.

Пўлод чизе нагуфт. Хомўшӣ ҳукмрон гашт. Чашмаш нимво ба вассае гиреҳ хўрд ва ҳодисаи рухдода дар лавҳи хотираш зинда гашт. Сипас аз дил гузаронд: «Муаллим шудам гуфта, маро зада маъюб мекунаду беҷазо мемонад? Не, ҳаргиз! Ё якпоя буданашро дастак мекунад? Не, ин хобашро ба об гўяд! Ҳа-ҳа! Ман бесоҳиб не. Ота дорам. Отаи зўр! Ин пояшро ҳам шикаста мемонад».

Пўлод нигоҳашро аз васса канда, ба падараш нигарист. Сари ў хам. Хапу хомўш. Хаёлӣ. Пўлод нафаҳмид, ки ў зиқ аст ё дар хиҷолат. Чеҳраи хастаи ў офтобхўрда бошад ҳам, таҳти рўяш қаҳраборо мемонд.

– Ота?

Падар сар бардошта, ба писараш нигарист. Нигоҳҳо ба ҳам гиреҳ хўрданд.

– Ҳа, чӣ мехоҳӣ, писарам?

Бо нафрату адоват нидо намуд:

– Ба суд диҳед!

Падар дасту по хўрд, вале зуд худро ба даст гирифт.

– Маро мешунавед, ота?

– Набошад, чӣ! – филҳол ҷавоб дод падар.

– Ҳатман ба суд диҳед!

Қиёфаи амаки Юсуф ба ҳолати тааҷҷуб даромаду бо кунҷковӣ ва нороҳатӣ ба Пўлод нигоҳ кард. Ва бо изтиробу ҳаяҷон пурсид:

– Ба суд диҳам?

– Ҳа!

– Киро?

– Сепояро!

– Сепояро? – тааҷҷуби падар дучанд афзуд. – Сепояааш кӣ?

– Намедонед?

Падар китф дар ҳам кашиду сар такон дод.

– Сепоя, ин муалимамон.

Падар аз сари нав дасту по хўрд, вале боз зуд худро ба даст гирифт.

– Чиҳо мегўӣ, писарам. Он кас барои мо шуда, аз як по ҷудо гаштанд.

Пўлод ба ў нигоҳи қаҳромез дўхт. Ин гапи падар ба вай нафорид. Сонӣ бо қаҳр гуфт:

– О, ў маро зада, маслуқ кард.

Падар лаб зери дандон гирифта, лаҳзае ба хаёл рафт.

– Шояд, лозим набошад, писарам.

– Не, лозим, лозим. Ба суд диҳед. Бигузор судаш кунанд. Бигузор.

Падар авзои писарашро дида, саросема гуфт:

– Хуб, писарам, хуб. Ба суд медиҳам. Ту ором шав.

Баъди ин гап Пўлод рўяшро ба шифт гардонд. Оҳе кашид. Ва бо як чашм васса шумурд. Як, ду, се… ҳафт. Боз шумурд. Аз чап ба рост. Аз рост ба чап. Як, ду, се…

Дар ғиҷироси нофорам бароварда, боз гардид. Бобояш ба хона даромад.

– Ҷони бобо, қуввати дили бобо, чӣ шуд?

Дили Пўлод пур шуд. Лабонаш пир-пир париданд.

– Зад, – ҳиққос зад Пўлод.

– Зад? Кӣ зад?!

Оташи алами Пўлод забона зад. Қатраҳои ашк аз чашмонаш ҷўш зада баромаданд.

– Муаллими сепоя зад.

– А-а, Нури Хол зад? Барои чӣ?

Пўлод ҷавоб надод. Чашмонашро пўшид. Сарашро тарафи девор гардонд.

– Фаҳмо, – бобо бо таҳаммул ришашро ҳилол карда, дар бораи чизе фикр кард. Сипас ба писараш рўй овард:

– Хез, бобои Мирзоро гирифта биё.

– Бобои Мирзо чӣ лозим?

– Набераам дам шудагӣ…

– Дам? Не, ў тарс хўрдагӣ.

– Одам аз тарс ҳам дам мешавад. Бобои Мирзо дамбарор кунад, гул барин мешавад.

– Дамбарор? – Пўлод беқарор шуд. – Чӣ хел дамбарор? Ранге ки духтури ҳайвонот говамонро дамбарор кард? О, вай шикамашро шикофт. Шиками маро ҳам сўрох мекунад?

– Не, не. Охир вай гов, ту одам-ку. Дуо мехонад, куф мекунад, тамом.

– Не, намехоҳам. Ба духтур баред. Аз дасти дамгар ҳеҷ чӣ намеояд.

– Ҳеъ, бачам-е! Ҳоли намедонӣ, – ба Пўлод рў оварда, гуфт Азизбобо. – Ҳо-о, бачаи Табар Абдуллоро медонӣа? Шаш моҳ духтур ба духтур гашт. Шифо наёфт. Бобои Мирзо дамуш кард, гул гашт. Ҳолӣ давида гаштай.

Сипас ба писараш нигариста гуфт:

– Хез, бобои Мирзора гирифта биё.

Падари Пўлод вазнин бархоста, бадар рафт. Пўлод боз ба вассашуморӣ даромад. Аз чап ба рост. Як, ду, се… ҳафт. Аз рост ба чап. Як, ду, се… ҳафт. Аз чап ба рост. Як, ду…

Аз берун овози бобои Мирзо омаду дили Пўлод шуввӣ таҳ нишаст. Дар боз ғиҷироси нофорам бароварду боз шуд. Бобои Мирзо ба хона ворид гашт. Пўлод ба ў дида дўхт. Бузбала. Бардам. Риш тахта. Сап-сафед. Ба навад қадам гузоштаасту бардаму бақувват. Бе асо мегардад, бе айнак мехонад. Бобои Мирзо ўро муоина карду сарашро ба чапу рост такон дода гуфт:

– Ҳа, дам.

Оҳи сард кашид.

– Тарси зўр хўрдагӣ.

– Сиҳат мешавад? – бо тарсу ҳарос пурсид модари Пўлод – холаи Мастура.

– Иншооллоҳ гул мегардад.

– Оҳ, дар даму нафасатон бимурум, – гуфт холаи Мастура.

Бобои Мирзо ба тарафи боло ишора кард ва зери лаб гуфт:

– Ў раҳмон ва раҳим аст.

Сипас ба Пўлод рў оварда, бо табассум пурсид:

– Паҳлавон, ихлос дорӣ?

Дар рўи ў тааҷҷуб нақш баст.

– Дора, дора, – ба ҷои ў саросема ҷавоб дод модараш.

– Эҳ, модарон, модарон, – калла ҷунбонд бобои Мирзо ва баъд рў ба Пўлод овард:

– Ихлосу халос гуфтаанд, паҳлавон. Чӣ гуфтӣ, ошно?!

– Алҳақ! – посух дод Азизбобо.

Бобои Мирзо сари зону нишаст. Ришашро лаҳзае ҳилол намуд. Сипас чашмонашро пўшид. Сукуте тўлонӣ ба миён омад. Баъд бобои Мирзо ба хондани дуо шурўъ кард. Овози фораму фараҳовари дамгар дар хона танин андохт. Хонд-хонду ба рўи Пўлод куф кард. Пўлод чашмонашро пўшид. Дамгар гўё суруд мехонд. Чун суруди аллаи модар. Як ҳисси ҳаловатоваре ба тамоми бадани Пўлод давид. Нафаҳмида монд, ки чӣ хел хобаш бурд. Чӣ қадар хобид, ёд надорад. Бедор шуда дид, ки дамгар ҳоло ҳам сари зону нишаста. Дар обу арақ тар. Аз ҳар тори мўяш арақ мешорид. Дамгар дуо мехонд. Бо овози баланд.

– Сурх-бод, сиёҳ-бод, кабуд-бод, мараз-бод, сесаду шасту шаш бод, сари бодҳо бурида бод! Куф!

Беист, бетанафус мехонд дамгар. Боз ягон ним соат дуо хонд. Сипас зери лаб пичир-пичир карду ду даст ба рў кашида, се бор паи ҳам ба рўи Пўлод куф кард. Ҳатто «Уфф» нагуфт. Якпаҳлў нишаст. Як пиёла чой нўшид. Баъд аз киса қоғазпече баровард. Онро боэҳтиёт кушод. Аз он як чизи сиёҳи ба қадри донаи гандум гирифта, ду ҳисса намуд.

– Ҳамшира, дар як пиёла ду қатра оби гарм биёр, – рў овард ба модари Пўлод.

Холаи Мастура гуфтаи дамгарро зуд иҷро кард. Бобои Мирзо ҳамон чизи сиёҳро ба пиёла андохта, оҳиста ва бо ҳавсала об кард. Дуо хонда куф кард ва онро ба варами рўи Пўлод молид.

Бобои Мирзо бегоҳ боз як бор дам кард. Ба хонааш нарафт. Он шабро дар сари болини Пўлоди бемор рўз кард. Субҳ таҳорат карда, намоз хонд. Ва боз дам намуд. «Пешин меоям» – гуфту рафт. Вай рафту лаҳзае пас муаллим омад. Хиҷил, хавосаш парешон. Пўлод дар дил хурсандӣ кард. Ана, ҳозир модараш аз гиребони муаллим гирифта, адабашро медиҳад. Ба қавли ҳамсояашон аз об гирифта, ба лой мезанад, расвогиашро мебарорад. Вале ў хато кард. Модараш муаллимро чунон пешвоз гирифт, ки гўё падараш бошад. Се қабат кўрпача андохт. Муаллим базўр нишаст. Чигасҳояшро ёнаш монд. Чашми Пўлод ба чигасҳои ўву пои буридааш. Лаҳзае хомўшии ҳузноваре ҳукм ронд. Яхи хомўширо муаллим шикаст.

– Бубахш писарам. Оҳанпораи сарам ба ҷунбиш омаду худро бой додам.

Қаҳри Пўлод ҷўш зад. Баҳонаи ёфтагиашро бин. Дар сараш оҳанпора будааст. Дар сар чӣ хел оҳанпора мешудааст? Бо вуҷуди ин бо тааҷҷуб пурсид:

– Оҳанпора? Чӣ хел оҳанпора?

Муаллим оҳи сарду вазнин кашид. Сипас ба як нуқта чашм дўхта, лаҳзае хомўш монд. Баъд, гўё худ ба худ гап мезада бошад, бо овози паст ба гап даромад.

– Ин қисса дароз аст, писарам.

Ва боз лаҳзае хомўш монд. Сипас оҳиста лаб ба сухан во намуд:

– Он дар озод кардани шаҳри Варшава рух дод. Шаби дароз ба ҳуҷуми қатъи тайёрӣ дидем. Субҳ медамид. Он тираву тор буд. Командирамон майёр Калугин Виктор Степанович аз ҷояш хеста: «Ба пеш! Барои Ватан!» – гўён, наъра кашид. Зўру тавонамон як бар сад афзуд. Чун паланг ба ҳуҷум гузаштем. Аз чапу рост гўё борони тир меборид. Вале мо эътибор надода, пеш мерафтем. Душман ба сахтӣ ақиб менишаст. Ҳар ваҷаб замине, ки аз дасти ў раҳонида мешуд, қиммати дунё дошт. Задухўрд се шабу се рўз давом кард. Оқибат душман роҳи гурезро пеш гирифт. Мо онҳоро таъқиб мекардем. Дар баромад-баромади Варшава дар наздам тири тўпи душман таркид. Зарбаи ногаҳонӣ маро аз пой афтонд. Дигар чизеро ёд надорам. Дар шифохона ба ҳуш омадам. Бинам, як поям нест. Онро буридаанд. «Дигар илоҷ надоштем» – гуфтанд духтурон. Пас боз чор бор ҷарроҳӣ карда, оҳанпораҳоро аз бадан ва сару рўям гирифтанд. Вале порчаи хурди тири тўпи фашистро касе ҷасорати гирифтан накард. Он дар чуқурии чор ё панҷ сантиметр дар мағзи сарам меистодааст. Духтурон бар ақидае буданд, ки гирифтани он ғайриимкон аст. Бо ҳамин оҳанпора дар мағзи сар ба Ватан баргаштам…

Ҷўши деги қаҳри Пўлод паст гардид. Дар дилаш нисбат ба муаллим ҳисси раҳму шафқат бедор шуд. Вай пешона чин карда, кўшиш намуд, ки барои таскини дили муаллим ягон чиз гўяд, вале ягон гапи маъқуле ба фикраш наомад. Худро дар ҳолати ноҳинҷор ҳис кард.

– Хайр, тезтар шифо ёб, писарам, – гуфт муаллим ва базур бархоста, гўё бори дунё бар дўш бадар рафт.

Пас аз лаҳзае дамгар омад.

– Сурх-бод, сиёҳ-бод, кабуд-бод, мараз-бод, сесаду шасту шаш бод, сари бодҳо бурида бод! Куф!

«Чӣ овози фораме дорад ў, – аз дил гузаронд Пўлод. – Агар артист мебуд, номдор мешуд. О, чӣ хел артист… Уболак касе надоштааст, ятими бекасукў!»

– Боз бегоҳ меоям, – дамро анҷом дода, гуфт бобои Мирзо ва баромада рафт.

«Сурх-бод, сиёҳ-бод, кабуд-бод, чашми душман кўр бод» – дар дил мехонд Пўлод.

Рўзи сеюм ҳолати аҷибе рух дод ба ў. «Се карат панҷ – понздаҳ» – дар забонаш часпида буд. Оҳ, чӣ сабукие меовард ба ў ин шумурданҳо. Баъд каратро ду бор хонд. Аҷиб! Каратро ду бор хонду дар забонаш часпид. Азёд кард. Қориазёд не. Ададеро ба ададе зарб мезаду ҷавоб худаш ба забонаш меомад. Аҷиб! Як шапалоқи муаллим майнаашро ҷунбонда, ба кор даровардааст.

Дар берун борон бошиддат меборид. Садои хушнавохти борон хоби ўро овард. Дароз кашид. Гўш ба садо, чашм ба васса. Як, ду, се…

Ноаён хобаш бурд. Хоб дид. Мурофиаи суд. Муаллимро суд мекарданд. Судя аз ў пурсид:

– Аз даъвоятон намегардед?

– Не! Ў маро зад. Бигузор ҷазояшро бинад.

Муаллимро ду милиса пешандоз карда ба мошин бор карданд. Яке дид, ки нигоҳи ҳама одамони толорбуда ба ўст. Нигоҳҳои нафратовар, гўё ўро мехўрданд.

Ҳаросида, чашм кушод.

Аз бориш монда буд борон.

Хона дар оғўши сукунат қарор дошт.

– Хайрият, – оҳи сабук кашид ў.

Вай давида берун баромад. Чуқур нафас гирифта, ба атроф нигарист: осмон софу беғубор, офтоб нурпошӣ мекард.

Аз ким-куҷои дур овози ҳангоси хар шунида шуд. Пўлод сўи саҳро роҳ пеш гирифт. Падар ўро аз дур дида, шинохт ва хавотир шуда, ба истиқболаш шитофт. Вақте онҳо рў ба рў шуданд, падар пурсид:

– Ҳа, писарам, тинҷӣ?

– Ота, тез ба суд равед, – бо ҳаяҷон тез-тез нафас кашида гуфт ў. – Ман ба ҷои шумо кор мекунам.

Падар нафаҳмид, ки гап дар бораи чӣ меравад. Аз ин рў бо ҳайронӣ пурсид:

– Ба суд равам? Барои чӣ?

– Ҳуҷҷатҳоро гашта гиред. Муаллим заррае гуноҳ надорад. Гуноҳ аз ман гузашт.

– Ҳа-а, – нафаси озод кашида, ҳаяҷонашро фўру нишонд падар. Сипас лаб зери дандон гирифта, лаҳзае санҷишкорона ба чашмони писараш дида дўхт. Сипас гунаҳгорона гуфт:

– Писарам, бубахш маро.

Пўлод суоломез ба падар нигарист.

– Пўлодҷон, медонӣ… Ман…

Падар сар ба зер афканд.

– Чӣ, гўед, ота.

– Ман ҳамон рўз ба ту дурўғ гуфта будам, – аз замин чашм наканда гуфт падар. – Ба суд ҳеҷ гуна ҳуҷҷат надодаам.

Пўлод як дам лолу ҳайрон дар ҷояш истод. Сипас бо таҳайюр:

– На-аход? – гуфт.

– Ҳа, ҳамин тавр.

Нуре дар чашмони Пўлод дурахшид ва бо иштиёқ пурсид:

– Рост мегўед, ота?

Падар сарашро боло бардошт:

– Рост, писарам.

Пўлод худро ба оғўши падар андохт. Аз хурўҷи фараҳ дилаш гарм-гарм, ширин-ширин гум мезанад. Падару писар сари марз паҳлўи ҳам нишастанд. Хомўшӣ. Ҳарду савори саманди хаёли худ.

– Ота?

– Ҷони ота!

– Шумо одами хубед, – бо овози ларзон гуфт Пўлод. – Ман фахр мекунам аз шумо.

Аз дидагони ў ашки шодӣ ҷорӣ шуд.

*       *       *

Рўзи дигар чоршанбе буд. Пўлод субҳи барвақт, аз ҳама пеш ба мактаб омад.

– Муаллим, маро бубахшед. Дигар ҳеҷ гоҳ тирпораи шуморо ба ҷунбиш намеорам. Бовар мекунед?

– Бовар мекунам, – бо як меҳрубонии падарона гуфт муаллим.

– Муаллим?

– Лаббай!

– Ман каратро гўям?

– Бигўй!

Ва ў каратро аз аввал то охир гуфт. Баланду бурро. Ва бехато. Чеҳраи муаллим гўё гул кард. Чашмонаш барқ зад. Аз шодӣ аз ҷояш хеста, чигасро фаромўш кард. Хост шогирдашро ба оғўш гирифта бўсад. Рўи фарш афтод. Пўлод саросема аз таги каши муаллим гирифт. Ҳама ба ёрӣ шитофтанд. Устодро хезонданд. Вай Пўлодро ба оғўш гирифт. Чун писари худ бўсид. Ба назари Пўлод чунин намуд, ки чашмони муаллим намнок шуданд. Чӣ рўзе буд он рўз. Ҳаргиз аз хотири Пўлод намеравад.

– Офарин! Баҳоят панҷ!

Ин аввалин панҷи Пўлод буд. Аз ҳамон рўз сар карда, ў танҳо баҳои панҷ мегирифт. Мактаби миёнаро бо медали тилло тамом кард. Ба донишгоҳи омўзгорӣ дохил гашт. Муаллим шуд. Муаллими математика. Ба як мактаби деҳаи дурдаст фиристоданд. «Не» нагуфт. Бо ҷону дил қабул кард. Ва рафт. Маоши аввалини худро гирифт. Ду тўҳфа харид. Тасбеҳ ва чигас. Тасбеҳ барои бобои Мирзо. Чигас барои устодаш Нури Хол. Вале ҳардуяшро ҳам супорида натавонист. Бобои Мирзо таги хок, муаллим аз деҳа рафта. Ба куҷо? Касе намедонад. Хеле ҷуст. Паю суроғ кард. Нишонае наёфт…

Хеле вақт бехуду маъюс гашт.

Ва ниҳоят тасбеҳу чигасро рўи қолини девори меҳмонхонааш овехт…

6 декабри соли 1992

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …