Главная / Гуногун / Хиёнат чист?

Хиёнат чист?

Судя, марди миёнсоли кордида ҳуҷҷатҳоро ба рўи миз гузошт. Айнакашро аз ғилоф бароварда, бо даструймоли оҳарӣ бо диққати том пок кард. Сипас ба зану шавҳар нигоҳе карду бо таассуф сар ҷубонд. Пасон ҳуҷҷатҳои онҳоро аз наздаш дуртар тела дода, бо овози баланду бурро гуфт:

– Даъвогар!

Даъвогар – шавҳар, ҷавони хушқаду қомат, саросема нашуда аз ҷояш бархост. Як ба судя нигаристу дида ба замин дўхт.

Хиёнат ба шавхар– Гушам ба шумо, – гуфт судя.

Ҷавон оҳиста сар бардошт. Ва ба судя саволомез дида дўхт. Судя ҳам саросема нашуда, ба ў рўй оварда гуфт:

– Гушам ба шумо.

Ҷавонмард чизе нагуфта, китф дарҳам кашид. Дақиқае хомўшӣ ҳукм ронд. Судя аз ҷавонмард чашм намеканд. Интизори ҷавоб буд. Вале аз девор садо буду аз ҷавонмард не. Тоқати судя тоқ гашт.

– Охир, чӣ даъво доред?

– Даъво? Ҳа, балотона гирам, ақди никоҳи моро тезтар бекор созед, – илтимос намуд ҷавонмард ва боз мўҳри хомўшӣ ба лаб зад.

Лаҳзае дар толор хомўши ҳукмфармо гашт. Судя нигарон буд, ки ҷавонмард сабаби аз занаш ҷудо шуданашро мегўяд. Вале ў дигар чизе нагуфт. Гўё аз забон монда буд.

– Ба шумо менигараму ҳайрон мемонам, – ниҳоят хомўширо барҳам зада, гуфт судя. – Чунин ҷуфти муносиб…

– Не, илтимос, ақди никоҳи моро тезтар бекор созед, – бо шитоб сухани судяро бурида, бо илтиҷо гуфт ҷавонмард.

Ва боз лаб фурў баст. Дигар чизе нагуфт. Ба судя нигариста истод. Судя ба ҳуҷҷатҳо ишора намуда, гуфт:

– Дар аризаатон ҳам ҳамин гап навишта шудааст. Лекин барои суд ин кифоя нест…

Ҷавонмард боз бо шитоб сухани судяро бурида, беибо нидо намуд:

– Барои ман кифоя!

Судя аз ин густохии ҷавонмард каме ранҷида, бо овози баланд нидо намуд:

– Барои мо не!

Ҷавонмард чизе нагуфт, гўё аз забон монда буд. Судя бо овози баланд:

– Сабаб? – гуфта пусид.

Ҷавонмард ҷавобе надод, гўё ки суоли судяро нашунида бошад, дар ҷояш ноҷунбида меистод. Судя рўяшро турш карда, хашмолуд ба ў нигоҳ намуд ва ин дафъа бо овози як андоза дағалтар пурсид:

– Сабаб?

– Сабаб? – пурсид ҷавонмард гўё ҳайрон шуда. – Сабаб мепурсед?

– Бале! – нидо намуд судя.

Ҷавонмард посух надод. Гўш ба карӣ зад.

– Ё ситораатон туғри наомад? – пурсид судя.

Ҷавонмард ба инкор сар ҷунбонд. Паси сарашро хорид.

– Пас чӣ? Гап занед, – бо исрор гуфт судя.

Бари рўю пешонаи ҷавонмардро арақ зер карда буд. Ў аз киса рўймолчаашро бароварда, онро пок кард. Вале ҷавоб надод. Гўё ба даҳон об гирифта буд.

– Хуш, гўед сабабашро, – боисрор талаб кард судя.

– Э, бе сабаб ҷудо кардан гиред, – бедимоғ гуфт ҷавонмард. – Сабаб, сабаб.

– О, не! – гуфт судя. – То сабабашро нашунавем, ҷудо намекунем. Хуш, гўшам ба шумо!

Ҷавонмард дар ҷавоб ҳарфе назад.

– Хайр, ин тавр, ки бошад, ба шумо шаш моҳ мўҳлат медиҳем, – бо қатъият ба забон овард судя.

– Чӣ? Шаш моҳ? – шитобзада пурсид ҷавонмард. – Не, не, лозим не. Ҳа, ба мо мўҳлат-пўҳлат лозим не! Ҳа, як рўз ҳам лозим не!

– Набошад сабабашро гўед, – талаб намуд судя.

Ҷавонмард бо танафур ва як қатъияту ҷиддият посух дод, ки:

– Хиёнат кард!

– Кӣ? – дарҳол пурсид судя.

– Чӣ хел кӣ? – оромиро аз даст дода, асабиёна пурсид ҷавонмард.

– О, кӣ хиёнат кард? – дар лабони судя табассуми тамасхуромез пайдо шуд. – Хоҳиш мекунам, ба саволҳо бурро ва фаҳмо ҷавоб диҳед.

Ҷавонмард вазнашро аз пои рост ба пои чап партофт. Сипас:

– Занам, боз кӣ мешуд! – гўён, ҷавоб доду боз сар хам кард.

Гўё шарм кард, замин накафид, ки дарояд. Дастонашро ба кисааш андохту боз гашта баровард. Рўю гарданаш лаблабу барин суп-сурх шуд.

Дар толори суд миш-миш сар шуд.

– Ба хомўшӣ риоя кунед! – танбеҳомез нидо намуд суд ва сипас ба ҷавонмард рўй оварда, бо шиддат пурсид:

– Қапидед?

– Киро? – ҷавонмард сар бардошта, ба рўи судя теғ кашида нигоҳ кард.

– Киро, киро?! – оташин шуд судя. – Мардро.

– Кадом мардро? – бо тааҷҷуби бепоён пурсид ҷавонмард.

Судя бештар оташин шуда, бо оҳанги тунд гуфт:

– Охир, зан худаш танҳо хиёнат карда наметавонад-ку?! Онеро ки бо занат хиёнат кард!

Ҷавонмард оҳиста боз сар ба зер афканду таги бинӣ базўр ғурунгид:

– Не, мард-пардро нақапидаам.

– Шояд дидед? – боз бо шиддат суол дод судя.

– Не, – сар набардошта кўтоҳ посух дод ҷавонмард.

– Шунидед? – дарҳол суоли навбатӣ дод судя.

– Не, – боз кўтоҳ ҷавоб дод ҷавонмард, ки акнун сахт-сахт нафас мегирифт.

Судя дар ҳайрату тааҷҷуб шуда, бо ғазаб пурсид:

– Пас аз куҷо медонед, ки занатон ба шумо хиёнат кард?

Ҷавонмард сар бардошту норозиёнаю асабиёна гуфт:

– Аз писарам.

Судя ки асабӣ шуда буд, инони ихтиёр аз даст дода, бо тундӣ пурсид:

– Охир, чӣ хел?! Канӣ гўед?!

Ҷавонмард судяро як песонду сипас шитобзадаву ҳаяҷономез ҷавоб дод:

– Якумаш, ки мўйҳояш заб-зард. Дуюмаш, чашмонаш каб-кабуд. Сеюмаш, ҳама ўро Петка гуфта ҷеғ мезананд. Чорумаш ба ҷои «оча» «махан», ба ҷои «ота» «пахан» мегўяд…

 12 ноябри соли 2000

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …