Главная / Гуногун / ТОБУТИ ХУРОФОТ

ТОБУТИ ХУРОФОТ

Ин хабар тамоми бозорро ба по хезонд. Ва ҳамаро моту мабҳут кард. Ин шумхабар – аз дунё гузаштани Каримро телефон карда гуфтанд. Аз ин рў бисёриҳо шубҳа карданд. Шўхӣ пиндоштанд. Аз ҳама бештар Ҷумъа асабӣ шуд.

– Не-е! – дод зад ў. – Бовар намекунам! Шўхӣ ё мазоҳ! Дирўз ҳамроҳ нишаста будем. Сўҳбат кардем, хўроки шом хўрдем. Сип-сиҳат буд…

Вале ин ҳақиқат буд, ҳақиқати талх.

Гиребон мегираду:

– Тавба! Тавба! Кори Худоро бин…

Аз ин рў як гурўҳ ҳамкорон ба таъзия рафтанд. Аз вазъи рўҳии Карим танҳо Ҷумъа пурра огоҳӣ дошт.

*      *      *

Ғуруби офтоб хеле зебо буд. Карим ба он нигариста лаззат мебардошт. Ногаҳон садое расид ба гўшаш. Ба он сў нигарист. Нигоҳаш ба зоғи сип-сиёҳ афтод. Чунон сиёҳ буд, ки нурҳои зарин дар болҳои ў мерақсиданд. Зоғ бовиқор қадам мемонд ва гоҳ-гоҳ бо нўл замин мекўфт. Карим бетоқат шуд, безобита гардид.

– О лаънатии шумхабаре!

Ва ҳамон замон садои гўшхароши зоғ ба гўшаш расид:

– Қаррр!..

Карим як қад парида:

– Воҳ! – гуфт.

Ҷумъа ки табиатан нисбат ба дигарон чобуктару маҳмадоно буд, назди Карим омад. Ва ўро бо рангу рўи парида ва чашмони ҳаросон дида, пурсид:

– Чӣ гап шуд?

Карим карахт буд. Ҷумъа кунҷковона ба қаду басти ў назар афканда, боз пурсид:

– Ҳой, Карим! Гўй, чӣ гап шуд?

Ҷавобе нашунида, андаке бадҷаҳлона пурсид:

– Дузд зад?

– Э не-е… Омад…

– Кӣ?

– Зоғ.

Ҷумъа бо чашмҳои кунҷкови худ ба чеҳраи Карим истеҳзоомез нигарист ва писхандомез гуфт:

– Чӣ, аз зоғ тарсидӣ? Э бегурдае!

Қиёфаи Карим дарҳол ҷиддиву дигаргун гашт. Маълум буд, ки иззати нафсаш коҳидааст. Вай нафаси чуқур кашида, рў ба Ҷумъа овард:

– Ҳой, бача! Оё зоғ чӣ парранда аст, медонӣ?

Ҷумъа аввал қоҳ-қоҳ хандид. Сонӣ масхараомез:

– Пфу! – гуфт. – Заб саволе додӣ? Кӣ намедонад? Кўдак медонад.

– Донӣ, гўй!

– Паррандаи сиёҳу шум аст.

– Э-ҳей, дидӣ, ту намедонӣ, – таъна зад ў. – Аммо забонат дароз, хеле дароз! Танҳо ман-манӣ мезанӣ. Ман бошам, медонам.

– Бас! Шуд! Донӣ гўй!

Карим сар ҷунбонид ва нафасе сукут карду сонӣ ба ў рў овард:

– Аввал бигўй ки ҳар одам қисмат дорад ё не?

– Албатта дорад, – дарҳол ҷавоб дод Ҷумъа. – Хайр чӣ?

– О-о, бале! Дар номи Худо ҷонам зоғро тақдири одам кардааст. Яъне фоли қисмати инсон дар дасти ана ҳамин зоғ аст. Барои ҳамин ҳам тақдири инсонҳо сиёҳ аст. Акнун фаҳмидӣ?

– Эй Карим, ту чӣ мегўӣ! – бо табассум хитоб кард Ҷумъа.

– Гапи ҳақро мегўям, – бо тундӣ гуфт Карим. – Ҳар боре ки зоғ қар гуфт, дон ки як одам аз дунё гузашт.

– Ҳайронам…

– Аз чӣ ҳайронӣ?

– Ба қар гуфтани як зоғ бовар мекунӣ. Омадану рафтани инсон дар дасти Худо аст. Инсон ки омад, ҳатман меравад. Шоир ҳам беҳуда нагуфта: «Ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид, рафтанду равему боз оянду раванд».

Миёни онҳо хомўшӣ уфтод. Карим чашм аз замин намеканду Ҷумъа чашм аз ў. Лаҳзае пас Ҷумъа яхи хомўширо шикаст:

– Инро аз куҷое хондӣ?

– Не.

– Дар телевизор дидӣ?

– Не.

– Аз радио шунидӣ?

– Не.

– Ягон олим исбот кардааст?

– Не, албатта.

– Худат бофтӣ?

– Ҳаргиз!

– Пас аз куҷо гирифтӣ?

– Аз ҳаёт. Ҳаёт! Мефаҳмӣ ё не? Боз мегўям, ки рафтани инсона Худо ба зоғ додаст. Мефаҳмӣ ё не?

– Эй инсон, ту бо ин кашфиёти худ ҳамаро ба нафрати Худо гирифтор мекунӣ!

– Барои чӣ?

– Барои он ки чунин гуфтан гуноҳ аст. Мусалламан, ки гуноҳ аст! Худоё, маро бубахш!

*      *      *

Пас аз пайдо шудани зоғ вазъи рўҳии Карим рафта-рафта дигаргун гашт. Шўхиву хушҳолии доимиаш аз ў батамом ғайб зад. Ба марди камгапу хаёлие табдил ёфт.

Як рўз ба Ҷумъа гуфт:

– Гўш кун, ҷўра! Ин зоғи лаънатӣ қасди ҷони маро дорад.

– Нахо-о-од? – гиребон гирифт Ҷумъа.

– Ҳа, ин зоғи лаънатӣ маро ба он дунё равон карданӣ.

– Ё наузубиллоҳ! – боз гиребони худ гирифт Ҷумъа ва бо тааҷҷуб ба рўи ў нигарист ва андаке бадҷаҳлона гуфт:

– Ту, Карим, аз хурофот кай даст мекашӣ?!

Димоғи Карим сўхт, сахт аламаш кард.

– Ман хурофот?!

– Ҳа, ҳа! Ту хурофотпараст.

– Ҳой, бача! Ҳоло як ҷои туро мўрча нагазидааст.

– Эҳ нодон, нодон!.. Одамон ба кайҳон мепаранд. Ту бошӣ зоғ гуфта, сафсата мехонӣ.

– Номи ту чаро Ҷумъа аст?

– Ин саволи кўдакона аст!

– Ту ба ҳар ҳол ҷавоб бидеҳ!

– Барои он ки рўзи ҷумъа ба дунё омадаам. Падарам майнаашро азоб надода, осонакак Ҷумъа мондааст. Тамом вассалом! Дигар ҳеҷ чиз!

– Номи ман Карим не, Пахол аст. Модарам ба каҳдон медарояд, ки зоғ қар мегўяд. «Қар»-и зоғ чун тир ба гўшаш мерасад. Ва ў «Воҳ!» мегўяду дардаш мезанад. Маро рўи пахол таваллуд мекунад. Баъд модарам нақл мекард, ки зоғ қар гуфту бобоят мурд, зоғ қар гуфту падарат мурд. Баъд зоғ қар гуфту модарам ҳам мурд. Баъдтар зоғ қар гуфту давлати Шўравӣ барҳам хўрд. Аз ин мондаву аз он ронда шудам. Ва рў овардам ба бозор. Хайрият тақдир мурувват кард, ба додам расид. Ва ана ҳамин як метр ҷойро ба ман доданд. Мана гап дар куҷо, ҷўра. Мана чӣ мегўяд таҷрибаи ҳаёт, ҷўра! Зоғи лаънатӣ бошад ҳаминро ҳам чашми дидан надорад.

Ҳамин вақт зоғ «Қаррр!» гуфт. Гўё ҷон аз дасту пои Карим баромад. Саҳл монда буд, ки биафтад

– Тамом. Касе мемурад.

Рўзи дигар ў ба бозор наомад.

– Наход ки…

Ду рўз пас омад.

Ҳамон шаб амакаш гузашта будааст

– Баъди ин ҳар кас гўяд, ки зоғ фоли қисмат нест, даҳанашро бо санг бастан лозим.

Аз кадом гўша харе гўё «Оре!» мегуфта бошад, ҳангос зад.

Ҷумъа рост ба чашмони Карим нигариста, бо нафрат гуфт:

– Сафсата!

– Ҳушёр шав, гумон аз имон ҷудо мекунад. Хор мешавӣ, ба гадоӣ мезанӣ. Ҷумъа, мефаҳмӣ ё не? Ба гадоӣ!

Қаҳру ғазаби Ҷумъа ҷўш зад.

– Ҳой, бигўй, ки тобистон одамон мемиранд?

Карим моҳияти саволро нафаҳмида руп-руп ба ў нигарист.

– Мемиранд ё не?

– Кӣ?

– Одамон.

– Ҳа, албатта.

– Тобистон зоғ нест-ку?!

– Чӣ хел нест? Кӣ гуфт ки нест? Ту намебинӣ-да.

*      *      *

Рўзе хеле ғамзада менамуд.

– Салом, Ҷумъа.

– Салом, – гуфт ў ва як чашмашро нимпўш карда, тарафаш нигарист.

– Аз куҷо омадӣ?

– Чӣ хел «аз куҷо?»

– Охир шиму куртаат чунон ғиҷим ки гўё…

– Э шаб хоб дидам. Хоби бад. Зоғро дидам дар хобам.

Чашмони ў аз ғояти маъюсӣ боз ҳам фурўтар рафтанд. Ҷумъа ба андеша фурў рафт. Баъд, чашмонаш дубора дурахши аҷибе гирифта, бо тантана хитоб кард:

– Э, сода-е! Ту хоби хуб дидаӣ!

– Чӣ хел?

– Медонӣ зоғ чанд сол умр мебинад? Сесад сол! Мефаҳмӣ! Сесад сол!

– Хайр чӣ?

– Хайр чӣ! Хайр чӣ! Яъне ту ҳам умри дароз мебинӣ.

– Э не-е! – оҳи сард кашид Карим, сар ҷунбонид ва нафасе сукут карду сонӣ ба ў гуфт:

– «Кўр чӣ мехоҳад, ду дидаи бино». Ман зистан мехоҳам. Охир ман ҳоло ҷавон. Аз сад гулам як гулам нашкуфтааст. Лаззати зиндагиро начашидаам. Фарзандонам ҳоло тамоман майда. Онҳо бе ман чӣ кор мекунанд? Ғулом мешаванд? Ё гадоӣ мекунанд?

– «Худоё, тавба кардам, – гуфт Ҷумъа дар дил. – Хурофот ақли ўро тира кардааст».

Миёни онҳо боз хомўшӣ уфтод. Вале Ҷумъа ин хомўширо зуд барҳам зад:

– Хез, рафтем!

Карим назари тааҷҷуб ба ў дўхт.

– Ба куҷо?

– Ба дармонгоҳ. Туро ҳатман духтури асаб бояд бинад.

– Э бас кун-е!

Аммо нияти Ҷумъа қатъӣ буд.

– Хез, хез! – дўғ зад ў. – Набошад девона мешавӣ.

– Агар равем, моро девона мехонанд.

*      *      *

Як рўзи дигар Карим дар чашм айнаки сиёҳ омад.

– Эҳе тинҷист? – пурсид яке. – Айнаки сиёҳ мондӣ?

– Э напурс, – бо алам гуфт ў. – Аввалан ризқам аз ҳар ҷиҳат каму кўтоҳ аст. Сониян пушту паноҳе надорам. Айнаки сиёҳ мондам, то ки зоғ нашиносад.

– Яке шиносад чӣ?

Вай як қад парида, ўро песонда:

– Э нияти бад накун, – гуфт. – Забоната ғунда газад.

– Натарс.

– Натарс. Ба гуфтан осон, аммо ба кардан мушкил. Чӣ хел наметарсӣ?

– Ба нўлаш як панҷоҳдолараро қапонда сўи Ҷумъа равонаш кун. Тамом вассалом! Ҳӣ-ҳӣ-ҳӣ!

– Зоғ ҳам пора мегирад?

– Набошад чӣ! Пораро ба сари санг бимон санг об мешавад!

*      *      *

Онҳо ҳамроҳ хўроки нимарўзӣ хўрданд. Карим дам ба дарун андохта, хомўш истод. Сипас беқарор шуд. Гўё ки дар сари сўзан менишаст. Таваллоомез ба рўи Ҷумъа нигарист.

– Ягон илоҷ кун, ҷўра, – гардан каҷ кард ў.

– Чӣ илоҷ?

Ў ҷавоби муносибе наёфта оҳ кашид. Баъди лаҳзае пурсид:

– Ту аз куҷо мешавӣ?

– Аз Тути Калон. Чӣ буд?

– Тути Калон? – беихтиёр овоз баланд кард Карим. – Олиҷаноб! Зоғ ки омад, пеш мекунӣ.

– Чаро ман?

– Барои он ки зоғ ба Тути Калониҳо кордор нест. Аз онҳо метарсад.

Чеҳраи Ҷумъа, гўё дўғи турш хўрда бошад, пурожанг шуд.

– Э, биё, мон-э! Ҳай-яй-яй! Шарм намедорӣ?!

*      *      *

– Карим, ту ҳоло ҳам коммунист ҳастӣ?

– Не-е, – ҷавоб дод ў. – Ҳеҷ вақт коммунист набудам.

– Пас, чаро либоси сурх пушидӣ?

– Чӣ, назебидаст?

– Гап дар зебидан не. Мегўянд, ки зоғ ба дидани ранги сурх тобу тоқат надорад. Ранги сурх ваҳшонияти зоғро бедор мекунад.

– Нахо-о-од?! – ранги рўи ў канд. – Ҷумъа! Бори маро нигоҳ кун!

Инро гуфту тозон аз бозор бадар рафт. Лаҳзае пас баргашт. Либоси сурхро ба либоси сип-сиёҳ иваз карда буд.

Як рўз пеш аз маргаш ба Ҷумъа гуфта буд:

– Ман ба назди Мулло меравам. Ин зоғи лаънатиро кўрхат накунам нашуд.

*      *      *

Хонаи Карим мотамсаро буд. Хешу табори ў ҷомаю тоқӣ пўшида, миён баста азодорӣ доштанд. Фарзандонаш:

– Во, отам! – гўён навҳаю фиғон мекарданд.

То адои такфин Ҷумъа соате дар сафи таъзиягўён қарор дошт. Ва ў дар ин миён аз як тан марде, ки аз рўи суханаш ҳамсояаш будааст, пурсид, ки чӣ гап шудааст.

– Аниқ намедонам, – гуфт ў. – Мегўянд, ки «Зоғ» гуфта ҷон додаст.

Ин гуфтугузорро шунида, як тан марди аврупоипўш рўй ҷониби онҳо гардонда гуфт:

– Ўро хурофот кушт.

Ин лаҳза тобутро бароварданд. Ва сўи гўристон равон гаштанд. Ба Ҷумъа чунин намуд, ки тобути хурофотро мебаранд.

– «Э кош бо ин тобут хурофотро ҳам гўр мекарданд!»

10 ноябри соли 2009

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …