Главная / Теги: Ҳикоя

Теги: Ҳикоя

Фахруддини Розӣ (Китоб)

kitobi-faxrudini-rozi

Мероси илмию адабии донишмандон ва мутафаккирони гузаштаи мардуми форсу тоҷик то кунун арзишҳои волои худро нигоҳ дошта, мутобиқи талаботи давру замон зарурати пурра пажӯҳишу баррасӣ намудани онҳо пеш омадааст, зеро шинохти шахсиятҳои бузургон ва омӯзишу таҳқиқи осори онҳо дар эҳёи анъана ва суннатҳои ниёгон, худшиносиву худогоҳии мардум, инчунин боло рафтани …

Муфассал »

Ҳусули ризқ тавассути дуо аз хазонаи ғайбии Аллоҳ

Ҳазрати Абӯҳурайра

Ҳазрати Абӯҳурайра (раз) ривоят мекунад, ки дар замони Расулуллоҳ (с) шахсе ба назди хонаводааш омад. Вақте ки онҳоро дар ҳолати фақру тангдастӣ дид, (ба хотири дуо намудан ба сурати илҳоҳу зорӣ) ба тарафи ҷангал рафт. Вақте ки ҳамсари некаш дид, ки шавҳараш ба хотири хостан аз Аллоҳ рафт, ӯ ҳам …

Муфассал »

ҲИКОЯҲО АЗ «ДАСТУР-УЛ-МУЛУК»

Вазир

Оварданд, ки яке аз вузарои мозӣ (гузашта) бар шахсе гуфт, ки аз омадшуди мардум ба танг омадаам. Он шахс гуфт: эй вазир, болиши иззат аз пеш бардор ва аз маснади вазорат бархез, ман зомин, ки туро касе озор надиҳад, дубора пеши ту як кас наёяд. Чунон ки гуфтаанд:  Пеши он …

Муфассал »

ҲИКОЯИ КАБКИ ДАРӢ  

maxresdefault

Овардаанд, ки кабки дарие дар доманаи кўҳе мехиромид ва ғулғулаи садои қаҳқаҳааш дар гунбади сипеҳр мепечид. Иттифоқо, бози шикорие дар он ҳаво мегузашт, чун кабки дариро дид, дилаш ба муҳаббати ў моил гашт ва ба худ андешид, ки дар ин олам ҳар касе бояд ёри мувофиқ ва рафиқи меҳрубоне дошта …

Муфассал »

ҲИКОЯИ ТАДБИРИ МАЙМУНҲО

maimun

Овардаанд, ки ҷамоате бузинагон дар кўҳе маъво доштанд ва ба меваю гиёҳҳои он рўзгор мегузарониданд. Иттифоқо, дар шабе сиёҳтар аз дили гунаҳкорон ва тиратар аз даруни табоҳрўзгорон лашкари сармо ба онҳо тохтан овард ва аз сахтии сармо асари хун дар дили онҳо фушурдан оғоз кард. Бечорагон аз сармо ранҷур шуда …

Муфассал »

ҲИКОЯИ МОҲИХОР

ryb_karp_2_600

Моҳихоре бар лаби обе ватан карда буд ва ба сайди моҳӣ рўз мегузаронд. Чун заъфи пирӣ ба ў роҳ ёфт, аз шикори моҳӣ боз монд ва ба доми ғам гирифтор шуда бо худ мегуфт: Дареғо қофилаи умр, к-он чунон рафтанд, Ки гардашон ба ҳавои диёри мо нарасид. Афсўс, ки умри азиз …

Муфассал »

ҲИКОЯИ ГУНҶИШК ВА СУСМОР

Мор ва гунчишк

Шунидаам, ки ду гунҷишк бар шохи дарахте ошёна ниҳода ва аз матои дунё ба обу дона қаноат карда буданд. Бар сари кўҳе, ки он дарахт дар поёни вай истода буд, бошае мақом дошт, ки дар вақти сайд кардан чун барқ аз гўшае берун меҷаст ва соиқавор хирмани ҷони мурғони заифболро пок …

Муфассал »