Главная / Гуногун / ФОИДАХЎР

ФОИДАХЎР

Зимистон ҳукмронӣ менамуд.

Ба қиёфааш андўҳ соя андохта. Дилаш хиҷил, хаставу парешон, зиқу бедимоғ. Намедонист додашро ба кӣ гўяд, аламашро чӣ хел тоза кунад. Ба даҳ идора сар халонд, кораш буд нашуд. Дар ҳама ҷо ҷавоби кўтоҳу қатъиро шунид: “Нест!”. Болои сўхта намакоб боз ин маҷлиси дуру дарози серҷанҷол. Аз нуқтаи номаълуми фазои ҳуҷра чашм наканда, хомўш менишаст. Ҳар замон оҳҳои бадард кашида, пай дар пай сигор дармегиронд. Ва хаёлаш, ки дар нўги сўзан нишастааст. Ҳаво ҳам мисли табъи ў тираю дам. Чӣ хел аз ин вазъият бароям гуфта, фикр мекарду андеша меронд. Вале афсўс, на гиреҳи кор кушода мешуду на гиреҳи пешонааш…

Вале баъд…

Дари ҳуҷра бе тақ-тақу «мумкин» кушода шуду зане чун шери бадҳайбат вориди утоқ гашт. Абрўвонаш гиреҳ хўрданд.

– Ҳўй, ин чӣ гап?! – дод зад бо қаҳр.

Азиз лолу ҳайрон монд.

– Ту дар кабинети гарм шину мо дар хона ях кунем?!

Зан бо ғазаб ва чунон бо овози баланд гап мезад, ки гўё ў сардор бошаду зердасти гуноҳи азим содир кардаро ҷазо медиҳад. Нобарорӣ, шўру валвалаи маҷлис ва ин ғавғои ноҳақи зан ўро девона кард. Хун ба сараш зад. Дилаш гўё сўзан халонда бошанд, ҷиззӣ кард. Бо вуҷуди ҳамаи ин худро ба даст гирифт, ба истиқболи меҳмон аз ҷояш бархоста, курсиеро пеш монда, занро мурооти нишастан намуд.

– Раҳмат, ман ба рост истодан одат кардаам! – дағалона рад намуд зан.

Оҳе кашид, ба ҷояш нишаст. Ба рўи зан бо ҳасрат нигоҳ афканд. Гўиё ким-чие ба ёдаш омад. Ва ба ногаҳ ҳис кард, ки чеҳраи зан ба ў шинос аст. Ба ў дурусттар зеҳн монд. Ва занро шинохт. Ва худи ҳамон лаҳза ваҷоҳаташ тағйир ёфт. Ба саропои вай оташи сўзони нафрату адоват давида, ғазабаш дучандон боло гирифт. Шарм не, ҳаё не, боз ба сари ман дўғ мезанад. Лаб зери дандон гирифта, лаҳзае ба хаёл рафт.

…Моҳи декабр ҳам даромаду аз зимистон дарак набуд. Дар дил шод шуд. Телпак лозим не. Охир, канӣ пули зиёдатӣ? Вале пеш аз тўй доира зада будааст. Зимистон омад. Дер омад. Дер омада бошад ҳам, шер омад. Барфи калон борид. Хунуке шуд, ки ба қавли баъзеҳо «санг кафид». Вале барф аз ғазаб мешўрид, дурўя меборид. Тундбоди дайдуи бемурувват бо панҷаҳои ғазаболудаш ба дарахтҳову хонаҳо ва ба тирезаҳо ханҷол мезад.

– Думи зимистон дароз барин, – ғамхоронаю дисўзона гуфт модараш. – Телпак бихар, боз саратро хунук назанад. Бе ин ҳам мазаат не.

– Рост мегўянд, – ўро тарафдорӣ кард келинаш. – Ҳоло ин аз нуги хамир фатир. Дар пеш чилаи хурд.

Вай фиребу маншаъа ва чуну чанди бозорро беҳад бад медид. Вале ночор бидуни ҳавсала ба наздиктарин бозор – маркази савдои Маяковский рафт.

Вай телпакро аз назар мегузаронд. Чашмони савдогар, зани хомфарбеҳ, чалақ – палақ. Ба чор сўй хавотиромез нигоҳ мекард.

Азиз ба рўи зан чашм андўхту суол кард:

– Моли куҷо?

– А… чӣ? Ҳа, моли Дубай, – ҷавоб дод савдогари айёр худбоварона. – Ҳа, мол моли тоза!

Аз он ки савдогар беруву риё моли худиро ба моли Дубай «табдил» дод, қаҳри Азиз ҷўш зад. Вале дағалиро ба худ эб надид. Танҳо дидаи шубҳаомез ба ў дўхт.

– Чӣ, бовар намекунед? – пурсид савдогар ва сад қасам хўрд, ки моли Дубай аст.

– Медонӣ, шоир чӣ гуфтааст?

– Кӣ? Шокир? – хавотиромез пурсид ў. – Кадом Шокир?

– Шокир не, шоир.

– А.. ҳа… Чӣ гуфтааст?

– “Мушк он аст, ки худ бибуяд, на он аст, ки аттор бигўяд”.

– Э, шоирон одамони бекор, – даст афшонд ў, – ҳар гапа гуфтан мегиранд.

– Ба шоирон нарас! Нархаш чанд?

– Э, ку аввал ба сартон монен.

Телпакро ба сараш гузошт.

– Оҳо! – нидо намуд савдогар. – Гўё қолаби саратон бошад! Чунон зебид, ки мондан гиред! Э муборак шавад! Насиб кунад!

– Хуб, – гуфт Азиз, – нархаш чанд?

– Э арзони хоки сиёҳ, – гуфт савдогар. – Ҳамагӣ дусад сомонӣ.

Аз ин нархи осмонӣ даҳони Азиз воз монд. Боди сард вазида, сару рўи ўро лесида гузашт.

– Чӣ? Бе ҳазл?

– Бе ҳазл! Гиред, моли сара. Дар дигар бозорҳо сесад сомонӣ меистад ин телпак, – гуфт зан ва боз ва сад қасам хўрд.

– Қимат…

– Қимат?! Эъ, шумо бозорро надида будаед-да. Қимат-а? Ҳоло шумо қиматро надидаед! Ин арзон, беҳад арзон.

Марде, ки ин лаҳза аз наздашон мегузашт, луқма партофт:

– Заррае инсоф намондааст!

Савдогарзан ба Азиз гуфт:

– Агар пул надошта бошӣ, телпакро ба ҷояш мон.

Азиз оҳи чуқур кашида:

– Гап дар пул не, – гуфт. – Даҳ ангуштро якбора ба даҳон андохтан хуб нест. Чӣ хеле ки бузургон гуфтаанд:

Ризқи ту яке, ту даҳ чаро металабӣ,

Ҳар даҳ ба ту кай расад, худат қозӣ бош.

Савдогарзан дағалона гуфт:

– Рафта, аз ҳамон бузургонат телпак хар!

Вай савдо карданро бад мебинад. Вале ҳоло илоҷ надошт.

– Қимат, – гуфт Азиз, – як чӣ арзон кунед.

– Куҷояша арзон кунам. Гиред, моли сара, асил. Ин хел телпака ба тилло намеёбӣ. Бовар кун. Дурўғ гўям, ана тори сар Худои таало. Бахт-дия, ту худат ҷавони заршинос будаӣ. То охири умрат мепўшӣ. Насибу рўзӣ кунад.

– Э, ин бозоргонҳои наврўид бало рўидаанд. Як забон не, сад забон доранд.

– Э, ман бозоргони чӣ, додар. Ман, фоидахўр.

– Чӣ?! Фоидахўр?

– Ҳа, ба ман мол медиҳанд, ба болояш як-ду сомонӣ монда, мефурўшам. Аз ҳамин ҳисоб зиндагиамро базўр нўг ба нўг мекунам, – гуфт савдогар ва боз сад қасам хўрд.

Ин лаҳза буд, ки се-чор ҷавонмард бинои сўҳбат оростанд. Балан-баланд гап мезаданд. Савдогарзан ба сари онҳо дод зад:

– Э усу истен! О, чӣ гапай! Мемоне савдо кунум ё не?! Иқа вақ-вақ накне!

– Э худут вақ-вақ накун-е! – гуфт яке аз ҷавонҳо.

– Э усу брен-э! Гўшома хўрден-ку!

Ҷавонҳо дигар ҳарфе назада, дур шуданд.

Савдояшон ҳоло напўхта буд, ки савдогарзан ба савдогарзани ҳамшафаташ саросема:

– Ноза, нигоҳ кун! – гуфту ба сўе давида рафт. Ва лаҳзае пас ғайб зад.

Қаҳри Азиз ҷўш зад. О, рост-да: ин чӣ беҳурматӣ?!

Шояд шикамаш дард мекунаду ба ҳоҷатхона давид? О, ҳоҷатхона дар дигар тараф-ку?

Садои тап-тапи по ўро ба худ овард. Дид, ки чанд савдогари дигар ҳам ба ҳар сўй давида, пинҳон шуданд.

Азиз телпак дар даст лолу ҳайрон монд. Интизорӣ тўл кашид. Се, панҷ, даҳ дақиқа сипарӣ гашту савдогарзан пайдо нагашт.

– О, ин куҷо шуд? – эътирозомез пурсид аз Ноза.

– Аз куҷо донам? – иллат кард Ноза.

Азиз паст наомада, боз эътироз кард:

– О, ба ту гуфт-ку?!

– Чӣ гуфт?!

– Надонам, шумо забони якдигарро мефаҳмед…

Ин лаҳза савдогарзан ҳилоли аҳмар барин шуда, ангушт ба лаб расонда:

– Тишш! – гуфт.

– Барои чӣ охир? – таҷанг шуд Азиз.

– Андоз меояд! – писхандомез пичиррос зад касе.

– Думуш тарай! – писханд зад дигаре.

– Вақт надошта бошӣ, рав, баъд биё, – гуфт савдогарзан ба Азиз.

Вале ў нарафт. Ҳисси кунҷковиаш боло гирифта буд. Мехост бифаҳмад, ки «андоз меояд» – чӣ cиррест.

Нигаронӣ тўл накашид. Пас аз лаҳзае ду ҷавони чорпаҳлўи тахминан сию ду – сию панҷсола омада, аз савдогарзан патент талаб карданд. Савдогарзан патенташро нишон дод.

– Инҳо ҳам аз худатон? – пурсид яке ба молҳои савдогари гуреза ишора карда.

– Ҳа, аз худам, – бо қатъият ҷавоб дод савдогарзан. – Боз аз кӣ мешуд?!

Ҷавон бовар мекунад. Ва зан аз дурўғаш мефахрад. Чӣ қадар қувва мебахшад ба ў дурўғ гуфтан! Чӣ қадар лаззат мебарад аз дурўғ гуфтан!

Вале нафрати Азиз боло мегирад.

– Шумо хизмати хирсона мекунед, – бо ғазаб мегўяд ў ба зан.

Зан ҷавоби шоистае наёфта, мулзам мемонад. Кормандони кумитаи андоз рафтанд. Пас аз як дам савдогарзан қариб тозон омад. Ва бо лабханди каме қаҳролуд гуфт:

– Ҳа, чӣ бад-бад нигоҳ мекунӣ?

Ваҷоҳати Азиз аз будаш ҷиддитар гардид.

– То кай мегурезӣ? Патент гирӣ, намешавад?

Инро гуфту ба бало монд. Савдогарзан чашмонашро песонда, дўғ зад:

– Ту худатро дон! Патент мегирам, ё не – ин кори ман!

«Оҳ, савдогари беимон!» – қаҳри Азиз ҷўш мезанад. Вале намегузорад, ки он рў занад. Мекушад онро ва гўру чўб мекунад.

– Агар ягон одами беақл…

– Э, ҳамин ту ба ман ақл ёд надода будӣ! – сухани ўро бурида, бо тундӣ гуфт савдогарзан. – Гапа бисёр накун! Гирӣ – гир, нагирӣ – мон!

– Илоҷи камтар нест?

– Не! Аз дусад сомонӣ як тин кам не! Худо якта – гап якта!

Азиз лаб зери дандон гирифт. Дар қайди кадом андеша ба атроф назар давонд, ба пеши пояш нигарист. Баъд калла ҷунбонду рафт…

– Ҳа, чӣ ба даҳон об гирифтед? – гуфтани зан ўро ба худ овард.

– Қубурҳо кафидагӣ? Қубур нест, – бо мулоимати эзоҳ дод Азиз.

Аммо зан паст наомад:

– Пас шумо ин ҷо номаъқул карда шиштед? Сардор, ки бошед, қубур харед!

Азиз бо нармӣ гуфт:

– Барои харидани қубур пул лозим.

– Магар ба шумо пул ҷудо намекунанд?

Азиз сигаретро ба хокистардон пахш карда, аз бом тароша афтодагӣ барин гуфт:

– Агар шумо патент месупоридед, шояд ҷудо мекарданд.

– Чӣ? – чашмони зардашро гурба барин кушода, дўғ зад зан. Ва баъд чун дузди ногоҳ ба даст афтода нидо баровард: – Шумо аз куҷо медонед?!

Азиз бепарвоёна паси сар хорида, посух дод:

– Дар ёдатон ҳаст, чанд рўз пеш ман аз шумо телпак хариданӣ шудам. Кормандони идораи андоз омаданду шумо гурехтед.

Зан ҳайратзада ба ў чира шуд.

– Ман ҳамон рўз телпак харида натавонистам. Пулам нарасид. Чунки се моҳ боз маош намегирем.

– Барои чӣ?

– Барои он ки шумо андоз намесупоред. Барои манфиати худ бе ягон истиҳола ҳаққи мардумро мехўред, ба ризқу рўзии муаллимон, духтурон ва фарзандони онҳо зомин мешавед. Як шумо мебудед, дарди бахайр мебуд. Дар миқёси ҷумҳурӣ гирем, ҳазорҳо нафар бозоргон патент намегирад. Бисёр бозоргонҳои калон бо ҳар роҳу восита андоз намесупоранд. Шиори ҳамаи шумо гўр сўзаду дег ҷўшад. Лекин давидани гўсола то каҳдон. Ба наздикӣ як шиносамро, ки роҳбари фирмае буд, барои пинҳон кардани андоз ҷазои сахт доданд. Акнун сад пушаймон аст. Вале чӣ суд. Ман бо ин мисол гуфтаниам, ки дар ин дунё ҳар кас оқибат мукофоти амали худро мебинад. Чунон ки дар урфият мегўянд: ҷав корад – ҷав медараваду гандум корад – гандум.

Зан аз ин хел ранг гирифтани кор дасту по хўрд, дар хиҷолат монда, алвон барин сурх шуд.

– Дидед, ҳама кору бори ҷомеа ба мисоли силсилаи заррин пайвастагӣ дорад. Бисёр муаллимони нағзу донишманд мактабу донишкадаҳоро тарк намуда, дар бозор шишта, майда-чуйда мефурўшанд.

– Дуруст мекунанд, – бо ғазаб гуфт зан. – Давлат маош надиҳад, чӣ кор кунанд?!

– Давлат аз куҷо диҳад? Хазинаи давлат хароб. Агар ҳама андоз месупориданд, хазина пур мегашт, давлат ба муаллимону духтурон маош медод. Ва Тоҷикистон гул-гул мешукуфт, обод мешуд, сатҳи зиндагии мардум боло мерафт.

– Тавба, тавба! – гиребонашро дошт зан. – Ин гапа бин, а?!

Баъд маъюс шуда, ба нуқтае чашм дўхтаву ғуттавар лаҳзае ба гирдоби андеша фурў рафт. Сипас пичаашро ҳамвор карду гуфт:

– Ҳеҷ кас нафаҳмонад, аз куҷо фаҳмем. Эҳ, одами содда, гўлу гумроҳ, хом!

Сипас хомўш монда, сар ба зер афканд. Ва дар баробари вай утоқ ғарқи сукунат гардид.

Зан ба Азиз бо илтимос чашм дўхт:

– Ба ҳеҷ кас нагўед, муаллим.

– Бо як шарт, – гуфт Азиз, аз муаллим ном додани ў ба хиҷолат монда. – Агар аз имрўз ба баъд патент супоред.

– Месупорам, ҳатман месупорам. Аз бало ҳазар – патент супоридан беҳтар. Агар…

– Агарро бо магар тазвиҷ кунем, чӣ мешавад? – хандида пурсид, Азиз.

Зан китф ба ҳам кашид.

– Намедонед? Ман медонам. Баччае мешавад, «кошкӣ» ном.

– Фаҳмидам, – гуфт зан. – Кошкӣ ҳама патент супоранд.

Пас аз чанд вақт гузори Азиз ба бозор афтоду манзарае дид, хайратангез. Издиҳоми калоне тўл мекашид. Аз мағали зане гўш ба қомат меомад. Пеш рафту дид, ки ҳамон зани савдогар.

– Лўлигӣ бас. Як сол боз гурехта мегардӣ? – мегуфт ба ў ҷавонмарде, ки аз афташ корманди идораи андоз буд. – Акнун ба даст афтодӣ. Мувофиқи қонун ҷазо мегирӣ. Пеш даро!

“ – Оббо! Сабақ нашуда будааст-да?” – афсўсомез дар дил гуфт Азиз.

Чашми зан ба Азиз афтоду лабу лунҷаш овезон гашт. Азиз беихтиёр ба забон овард:

– Нагуфта будам, ки бори каҷ ба манзил намерасад.

Офтоб аз паси як порча абр «Ана ман!» – гуфту баромад. Насими гарму гуворои таскинбахше лабу рўи Азизро палмосид.

Зимистон ҷои худро ба баҳор медод.

22 январи соли 1998

10 январи соли 2004

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

columbus_taking_possession-300x227

ПОСБОН

Ана, дигар саҳар шуд, Як рӯзаки дигар шуд. Модар ба кори худ рафт, Падар ба …