Главная / Гуногун / ЧЕҲРАИ МОДАР

ЧЕҲРАИ МОДАР

Ҳар айб агар дорад замон,

Аз мост, мардум, айби мост.

Шоҳмузаффар Ёдгорӣ

– Инҳоро ба бозор бурда фурўш…

ИмтихонПисарак як қад парид. Чизе аз нўки по ба тори сараш давид. Дарде таҳи ҷонаш нишаст. Ва исён бардошт. Дар чашмонаш нақш баст. Модар оҳе кўтоҳ кашид, дасти навозиш бар сари ў бурд.

– Нон мехарем…

Исён андарунаш ҷўш заду роҳи нафасашро баст. Ангор гунаҳгор буд, ки даступоча шуд.

Ҳама қарсак…

Чӣ бераҳм аст дунё?! Яке қарсак… дигаре… Яке кабоб… дигаре дуд… Ким-чи хел як дарде қалби писаракро фишурд. Натавонист ба чеҳраи модар нигоҳ кунад. Номуназзам нафас мекашид. Лабонашро ҷунбонда, бо заҳмат чизе гуфтанӣ буд.

– Ба ту чӣ шуд, писарам?

Дили модар пора-пора мешуд.

– Оча, тафтиш мекардаанд. Касе ки чароғи каммасраф надорад, бояд ҷарима супорад. То 300 сомонӣ.

– То табар омадана кунда меосояд.

Дили писарак танг шуд, лол монд.

– Нахоҳӣ нарав. Хуб, ба ман гўй: «Оча, ман наметавонам». Ман ҳеҷ гоҳ туро маҷбур намекунам.

Сарашро бо аломати рад ҷунбонда, ғурунгос зад:

– Не… Метавонам…

Ҳама қарсак…

Оҳиста халтаи селофаниро аз дасти модар гирифт.

– Илоҳо барака ёбӣ, писарам. Як умр дар ҳаққат дуо мекунам.

Бо сари хаму дили пур аз аламу ғусса аз хона баромад.

Ҳама қарсак бизанем…

Писарак чи будани бўҳрони молиявиро намедонист. Камоли беинсофист бозоргардии ў дар ҳамин синну сол, аммо илоҷ надорад. Гапи модарашро ду карда наметавонад. Дилаш ба ў месўзад. Тоқати дидани оби дидаашро надорад. Ашки модар дили ўро ба ларза меандозад.

Ҳама қарсак бизанем…

Хок бар сари бепарасторӣ. Фалаки ситамгар барои онҳо муаммо эҷод кард. Не, не, фалак не, падар ситам кард. Аҳриман шуд. Савори аспи ҷаҳл гашт. Паймонаи хираду инсофро бишикаст. Хонаи вафоро ба дасти ҷафо рўфт. Кохи ободи оиларо валангор кард. «Ҳар гул дар буттаи худ», – гуфту думи дигареро гирифт. Касе дигар ба онҳо таваҷҷўҳ нанамуд. Дилҳо ҳама санг шуда! Дидаҳо кўр!

Ҳама қарсак бизанем лаб-лаби дарё биравем…

Писарак сўи бозор роҳ пеш гирифт. Ў ин бозорро хуб медонад. Қариб ки ҳар рўз ба он ҷо меравад. Модараш мефиристад. «Харида биё», – мегўяд. Бештар нону намак, чою шакар, шамъу гўгирд ва собун мехарид. Имрўз бори нахуст «Бурда фурўш», – гуфт модар. Бозор Сино ном дорад. Ноҳия ҳам. Чаро Сино? Аз модар пурсид.

– Надонам, – гуфт ў. – Шояд ягон боевик бошад. Аз муаллимат пурс.

Рўзи дигар пурсид. Устод ба шўр омад, ўро ҷанг кард.

– Шармандагӣ! – нидо намуд устод. – Наход Синои бузургро надонӣ.

– Охир ў Абуали Ибни Сино аст на Сино.

– Даҳонатро пўш! Ба кори ҳукумат шак наор!

То бозор панҷ дақиқа роҳ аст. Валек ҳоло он чунон душвор ва тўлонист. Тўли роҳ ба чор лавҳа рў ба рў омад.

Лампочка, лампочка, лампочка…

Яктояш ўро аз роҳ боздошт.

«Ту лампочкаҳои тафсонро ба лампочкаҳои каммасраф иваз кардӣ? Пас ту ватанатро бениҳоят дўст медорӣ!»

Ин лавҳа дар назари писарак теғро мемонд, ки дилашро пора-пора мекард. Афкори ҳузнангез бо нерўи тоза ўро дар оғўш гирифт. Ошуфта гашт, ҳиссе сард дилашро пур кард. Дар сараш андешае бедор шуд. Ва ў оҳиста ба худ гуфт:

– Ба бозор намеравам. Ба хона бармегардам. Ба модарам мегўям, ки нахариданд.

Аз дурўғи бофтаи худ ба даҳшат афтод. Вале боз чеҳраи модар пеши назараш пайдо шуду бар худ ғолиб гашт ва по бардошт. Роҳравон худ ба худ дили маҳзуну ғамборашро таскин мебахшиду мегуфт:

– Ҳеҷ гап не. Зарур бошад, раво бошад.

Бо сахтӣ то дари бозор расиду истод. Талоши савдогарон оғоз ёфт:

– Ана нони гарм!

– Аз ман ширмол!

– Нони ман Самарқандӣ!

– Аз ман!..

– Аз ман!!.

– Аз ман!!!

Гўшҳояш қулф заданд. Ва беихтиёр вориди бозор шуд. Чанд қадам гузошту зонувонаш ба ларзиш даромад. Сар то пой ба арақ ғутид. Қувваи номаълуме ўро ҷониби берун тела медод. Аммо симои модар намегузошт. Ногоҳ ба марде, ки пешорўяш меомад, бархўрд ва қариб буд, ки биафтад, аммо мард ўро боздошт ва беихтиёр гуфт:

– Анвар?!

– Салом Давлат Салимович!

Муаллим бо қошу қавоқи овезон дўғ зад:

– Аз кадом қавр омадӣ?!

Анвар мисли афсуншуда ба муаллимаш менигарист.

– Пул-мулатро гум кардӣ?

– Не…

– Ё дуздӣ омадӣ?!

– …

– Хайр, то пагоҳ.

– То пагоҳ.

Анвар оҳи сабук кашид.

Дар ин бозор аз харидорон дида савдогарон зиёд буданд. Аз ин рў, ҳамин ки харидоре пайдо мешуд, ҳар як савдогар кўшиш мекард, ки ўро ба худ ҷалб намояд. Вале ба писарак эътибор надоданд. Ў ба бозор қариб ки намедаромад. Зеро он барояш биҳишро мемонд: танҳо дидан мумкин!

Савдогаре ба ҳамшафаташ гуфт:

– Э ин фурўзонакаш ҳеҷ гапе набудааст. Базўр милт-милт мекунад-е. Нураш тамоман хира, чашми одамро ба дард меорад.

Дигари ба ў гуфт:

– Ту каммасраф не, бемасрафашро харидаӣ.

Чанд нафар қоҳ-қоҳ зада хандиданд.

Ин гуфтугў ба писарак маъқул нашуд. Рўяшро ба дигар тараф гардонд. Ва бори хиҷолат пахшаш кард. Харидан осон, фурўхтан душвор будааст. Сари хам гирд-гирди бозор гашт. Дар хусуси он фикр мекард, ки молро ба кӣ ва чӣ хел пешниҳод кунад. Ҳарчанд майна об мекард, роҳи дурусте намеёфт. Оҷизӣ мекашид. Хонаи дилаш пур аз яъсу навмедӣ гардид. Хост ба хона баргардад. Қадам бардошту чеҳраи хастаи модар пеши чашмаш омад. Ин фикрро рад кард. Дақиқаҳо гузаштанд. Писарак гирд мегашту гирд…

Нигоҳаш ба як савдогари ҷавон афтод. Вай дар назараш гарм тофт. Беихтиёр пешорўи ў тор танидан гирифт. Як-ду бор аз пеши ў ин сў-он сў гузашту сонӣ дар рў ба рўяш қарор гирифт.

– Чӣ мехоҳӣ?! Ку, гум шав!

Писарак аз чунин «меҳрубонӣ» ҳайрон шуда, изо кашида, сурху сафед гашт. Акнун савдогарон ба ў бо шубҳа менигаристанд. Ким-чи хел ҳушёртар мешуданд. Ногаҳ як эҳсоси олуда ба аламу тарс дар дили писарак ҷой гирифт:

«Онҳо маро дузд гумон мекунанд».

Зани фарбеҳи зардинаи мўйбуридае бо сиёсат гуфт:

– Ҳой бача! Ин ҷо биё!

Писарак саросема шуд.

– Чӣ қарақчӣ ворӣ рост истодаӣ, намефаҳмӣ, одами аз худат калон чӣ мегўяд?! Ку, тез биё!

Бо ҳарос оҳиста қадам монда омад. Нигоҳаш изтиробе дошт. Базўр лаб ба сухан кушод:

– Салом, хола.

– О-о, чӣ хел боодоб будаӣ?! – писханд зад зан ва ба сўи ў чашм ало кард. – Хола не, апа бигў! Фаҳмидӣ?!

Нигоҳи зан тез ва сарду хўранда, овозаш мардонаи гўшхарош. Писарак ба зўр бо нишони тасдиқ сар ҷунбонд. Зан ба зарда пурсид:

– Номат чӣ?

– Гадо, – исмашро пинҳон кард бача.

– Чӣ-ӣ?! Ту гадоӣ мекунӣ?!

– Не, не, х… апа. Номам Гадо.

– Чансолаӣ?

– Даҳсола.

– Мехонӣ?

– Ҳа.

– Синфи чанд?

– Синфи сеюм.

– Дар кадом мактаб?

– …

– Ай Кулобӣ?

– Не.

– Ай куҷоӣ?

– Ман бачаи таҳҷоиям.

– Чӣ хел таҳҷоӣ?

– Аз шаҳр.

– Кадом шаҳр?

– Шаҳри Душанбе.

– Чаро ту ин қадар лоғарӣ?

– …

– Очата гум кардӣ?!

– Не, не, модарам дар хона, – ҷавоб дод ў ва нигоҳашро гурезонд.

– Пас, чӣ мекобӣ?

– Намекобам…

– Пас, чӣ мехоҳӣ?

– Мехоҳам…

Писарак забон хоид, чун лола суп-сурх шуд, лол монд.

– Чӣ мехоҳӣ? Гўй! Ман ҳама чизро дорам. Бигў зудтар.

Писарак шармгинона сар хам кард:

– Не, мехоҳам фурўшам.

– Чӣ?

Худро ба даст гирифту оҳиста лаб ба сухан боз кард:

– Фурўзонак… Ҳа, фурўзонаки камасраф.

– Боз фурўзонак! – нолид яке аз савдогарон.

Чанд кас хандид. Ба назари писарак ба ў писханд заданд. Замин накафид, ки дарояд.

– О ин чӣ гап-а? Телевизор мемонӣ-фурўзонак! Радио мемонӣ-фурўзонак! Ҳатто дарзмол ҳам фурўзонак мегўяд!

– Канӣ, нишон бидеҳ.

Гули умед аз ин сухан дар қалбаш шукуфт. Ва ў ҷон гирифт. Зуд як фурўзонакро бароварда, ба зан дод. Зан «ҳум-м» гуфту фурўзонакро бо диққат аз назар гузаронд. Баъд лабу даҳон инҷ карда, аз рўи одат наҳ зад:

– Ким-чӣ хел безеб. Сорти пасташ. Не, ранги брак…

Равзанаи умед нопадид гашт. Қалбаш моломоли яъсу навмедӣ гардид.

– … Уҳ-ҳу-у, ин Чини будааст-ку…

– Не, не, чинӣ не, Россия.

– Хайр, чанд мепурсӣ?

Писарак нафаҳмид.

– Нархаш чанд?

– Панҷ сомонӣ.

– Панҷ сомонӣ?! – лабонашро бурма кард пиразан. – Инсоф чӣ мешавад, инсоф?

– Инсоф?

– Ҳа, инсоф!

Писарак музтар монд.

– Чанд дона дорӣ?

– Даҳто.

Савдогар медонист, ки чунин фурўзонакҳо дар бозор даҳ-понздаҳ сомонӣ меистанд. Агар онҳоро панҷ сомонӣ харида, даҳ сомонӣ ба савдо занад, панҷоҳ сомонӣ ба каф меояд. Бад не. Не, не, набояд саросема шуд. Бояд савдо намуд. Нархро фаровард. Вай ба ин ҳаққу ҳуқуқ дорад? Бале, ҳуқуқ дорад. Агар чор сомонӣ савдо кунад, он гоҳ шаст сомонӣ фоида мемонад. Андак-мундак не, шаст сомонӣ-а!

Ногаҳон ба худ ваҷоҳати ҷиддӣ гирифта пурсид:

– Гўш кун, боз надуздида бошӣ?

Писарак таконе хўрд. Биму ҳарос вуҷудашро фаро гирифт. Базўр ҷавоб гардонд:

– Не-не, надуздидаам. Худо занад, ки надуздидаам.

– Корат чатоқ мешавад, бача. Ҳабс мешавӣ-а. Мефаҳмӣ? Камаш як-ду сол.

– Не…

– Дуздида бошӣ, ба хубӣ иқрор шав. Касе ки ба гуноҳаш иқрор шавад, Худо гуноҳашро мебахшад. Ҳа, Худо меҳрубон аст, – магас барин хирагӣ мекард зан.

– Гуфтам-ку, надуздидаам…

Зан бо шаст гапи ўро бурид:

– Ба чашмам нигоҳ кун!

Писарак хиҷолатмандона ба рўи зан нигарист.

– Чаро дурўғ мегўӣ?

– Ман дурўғ нагуфтаам.

Зан ин дафъа бо қатъияту тундмиҷозона пурсид:

– Пас, инҳоро аз куҷо гирифтӣ?

– Аз худамон. Панҷтояшро аз ҳукумат оварданд. Оилаи камбизоат гуфта ёрӣ доданд. Панҷтои дигарашро фитри рўза доданд. Модарам гуфт ки бурда фурўш, нон мехарем.

– Оҳ-ҳа, ана гапу мана гап!..

Ба савдои зан касе шарик нашуд. Зеро ў зани берўе буд. Ба даҳонаш чӣ ояд, гуфтан мегирад. Риояро намедонад. Аз ин рў, ба ҳама маъқул набуд. Касе ўро дўст намедошт.

– Медонӣ, чӣ? Биё, савдо мекунем, хайр?

Писарак «хайр» гуфт, вале надонист, ки савдо чӣ бошад.

– Хўш, ки бошад се сомонӣ медиҳам.

– Се сомонӣ?

– Ҳа, се сомонӣ.

Ин сухан гўё як зарбаи бераҳмона буд, ки писарак такон хўрд.

– Ба ҳамааш се сомонӣ?!

– Не, ба ҳар кадомаш. Мешавад?

– Неее…

– Не? Эҳ беақл, беақл! Биё, не нагў! Пушаймон мешавӣ!

– Неее…

– Об-бо-о, заб чизе будааст! Ҷонат не-ку! Биё, сеӣ бидеҳ. Охир муфт омадааст-ку.

Зан аз хомўш мондани писарак рўҳ гирифт:

– Ту розӣ-а?

Писарак зориомез гуфт:

– Модарам гуфт, ки аз панҷ кам надеҳ.

– Модарат аз кору бори бозор бехабар будааст. Бозор қоидаву қонуни худро дорад. Бардорад зам кун, набардорад кам. Фаҳмидӣ?

Писарак ба тасдиқ сар ҷунбонид.

– Ту розӣ?

– Не.

– Ҳай сағираи шумрў будаӣ, ман холаат нестам, ки … – дўғу пўписа кард зан. – Мешавад?!

– …

– Мешавад ё не?!

– Не.

– Нашавад, садқаи сарам! Гир! Рав! Гум шав! Э, бинии фушуқат дар гўр! Ку, бинам, кӣ дар ин бозор фурўзонакҳои туро мехарад!

Суханони зан заҳри мор барин талху тунд буданд. Дили писаракро сиёҳӣ пахш кард. Ҳиссиёти манфӣ вуҷудашро фаро гирифт. Ғашаш ҷўш заду ба рўи зан нигарист, то… То чӣ гўяд? Намедонист. Аз ин рў нафасашро рост карду по бардошт.

– Ҳой, исто!

Зан савдоро идома дод.

– Медонӣ, чӣ? Биё, як кор кунем.

– Чӣ кор?

– Лампочкаҳоро насия бидеҳ.

«Насия дар Россия!»

Чашми зан гўяндаро ҷўст. Бефоида, наёфт. Ҳама чун мусичаи бегуноҳ каракӣ андохтанд.

– Насия медиҳӣ?

– Насия? – ҳайрон ба чашмони бешарму ҳаёи зан нигарист. – Чӣ хел насия?

– Намедонӣ?

– Не…

– Надонӣ, мефаҳмонам. Ту лампочкаҳоро монда меравӣ. Ман ки фурўхтам, омада пулашро мегирӣ.

– Наметавонам.

Дар овози писарак чӣ қадар дард, ғаму ғусса нуҳуфта буд. Аммо зан онро дарк намекард. Савдоро сахт гирифт, писарак ҳам паст наомад. Ниҳоят савдо пўхт. Зан пулро се бор ҳисоб карду бо дили нохоҳам ба писарак дароз кард. Писарак пулро ба даст гирифт. Ҳиссиёти манфӣ ба мусбат табдил ёфт. Дамаш ҳот ва димоғаш чоқ шуд. Фараҳ ба тамоми вуҷудаш хурўҷ кард. Дилаш ширин-ширин гум зад. Чашмонаш барқ заданд. Сараш болову қоматаш рост шуд. Дар андомаш хушбахтӣ падидор гашт.

Баробари аз бозор хориҷ шудани писарак савдогарон пайиҳам омада, ба якдигар навбат надода, ўро табрик мекарданд:

– Табрик!

– Э Шумо зўр!

– Бачая боб кардед!

– Ҷудо қулай кардед!

– Баҳ-баҳ!

– Волло-билло!..

Зан меболиду меболид. Худро хушбахт мепиндошт. Яке ҷуръат намуд:

– Ку, як бинем!.. Эъ, ин зўраш будааст!

Ҷавоне ҳам:

– Ку?

Дигарон ҳам илтимос карданд. Ногоҳ аз дасти яке фурўзонак раҳо хўрд. Вай бо даҳшат «воҳ!» гуфта дод зад. Баробари «воҳ!» гуфтани ў аз дасти дигарон ҳам фурўзонакҳо раҳо хўрданд. Даҳ дона фурўзонаки каммасраф ба шишапора мубаддал гашт. Фиғони зан ба фалак печид. Олами бозор дигар гашт. Ҳама дар дил қарсак мезаданд.

– Бача канӣ?

Марде пурсид:

– Кадом бача?

Зан бо хашм дод зад:

– Бачаи очат?!

– Парид.

– Ба куҷо?

Мард фотиҳона посух дод:

– Ба осмон.

Фиғони зан аз нав баланд гардид.

Писарак дар олами дигар буд. Сўи модар гўё мепарид. Пеши чашмаш чеҳраи модар ҷилва мекард, ки қаноатманд буду хандон.

7 октябри соли 2009

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

columbus_taking_possession-300x227

ПОСБОН

Ана, дигар саҳар шуд, Як рӯзаки дигар шуд. Модар ба кори худ рафт, Падар ба …