Главная / Гуногун / ҲОҶӢ САЛОМ

ҲОҶӢ САЛОМ

Субҳи содиқ медамид. Партави ҳаётбахши офтоб оламро мунаввар менамуд. Мурғони чаман аз шодӣ нағмасароӣ менамуданд. Баргҳои дарахтон аз хурсандӣ чапак мезаданд. Дар ҳама ҷо нуру сафо ва шавқу шодӣ тантана мекард. Нолидани Боғигул ин ҳамаро барбод дод:

– Орд кам монд…

– Ором шав, ором! – гуфт Амон.

– Ҳоламон чӣ мешавад?!.

– Ором шав, ором! – такрор намуд Амон.

– Наметавонам, – гуфт Боғигул. – Оҳ, Худоё, ман чӣ мекунам?!.

musafesАмон аз ин гапҳо чун мўи оташдида ба худ печид. Охир, Худо надиҳад, чӣ кор кунад? Як моҳ боз ҷояш бозори мардикорон. Мисли ҷуғз аз субҳ то шом мешинад. Касе ўро киро намекунад. Ба умед мераваду ноумед меояд. Ҳолаш танг, киса холӣ, дилаш пур. Намегиряду бас…

Аз сари роҳаш гурбаи сип-сиёҳ баромад.

«Ўҳ, шумрў-е! – гузашт аз дили Амон. – Рўзам бебарор мешавад».

Ва ў қафо гашта ба хонаи мулло Табар рафт. Гўшаш бод ёфта буд, ки ў зўр, мушкилкушо. Чун ў бисёр будаанд. Навбат гирифт. Навбаташ расиду матлабашро изҳор кард.

– Мехоҳед кор ёбед?

– Ҳа, ҳа! Албатта!

– Серпул бошад?

– Чаро не?! Албатта!

Мулло Табар ба ў се дона коғаз дод. Як калон, ду майда.

– Инҳо чӣ?

– Дам шин! – танбеҳомез гуфт мулло. – Пешпуртакӣ накун! Осиё бо навбат. Ҳамаашро мегўям!

– Ҳа, хуб! – ду даст пеши бар бурд Амон.

– Инҳо «чӣ» не. Инҳо таштов. Дар онҳо оятҳои Қуръони карим навишта шудаанд. Эҳтиёт кун. Як майдаашро шом, дуюмашро хуфтан, калонашро бомдод дуд мекунӣ, – фаҳмонд мулло Табар. –  Ва пеш аз тулўи офтоб рў ба рўи оинаи барқад меистӣ. Рост, чун алиф. Аз акси худ мепурсӣ: «Ту кистӣ?» Ба ҷои акс ҳам худат ҷавоб медиҳӣ: «Ман одами зўр! Қавииродаву бонизом! Боақлу доно! Ҳушёру оқил! Ҳама кор аз дастам меояд! Ман метавонам! Метавонам! Метавонам!!!»

Бегоҳ хеле дер, хаставу лакот, аммо хушҳол ба хона омад. Ва садои шодонааш баланд гашт:

– Занак!

– Эй, ҳа!

– Тез инҷа биё!

– Омадам, як дам сабр кун! Чӣ гапай? – ҳозир шуд ҳамсараш. – Э…й. Омадӣ, мардак? Хубӣ?

– Ман? Хеле хубам! Хуб не, олиям! Олӣ!

– Чӣ хел олӣ?! Наход ганҷ ёфтӣ?!

– Имрўз бахтам хандид, занак. Яксаду сӣ сомонӣ кор кардам. Мефаҳмӣ? Як саду сӣ сомонӣ!

– Э, вой-е! Наход, ки рост?!.. Э хайрияте!..

Якбора ғубори андўҳ аз чеҳраи Боғигул нопадид гашт. Аз хурсандӣ дилаш боғ-боғ кушода шуд. Аз шавқу шўри ботин шавҳарашро сахт ба оғўш кашида, сару рўяшро бўсаборон кард. Ҷага дум ҷунбонда ба онҳо нигоҳ кард. Гўё ба шодии соҳибонаш шарик шудан хост.

– Боз як хабари хуш. Амакам Хоҷа аз зиёрати хонаи Худо баргашт. Пагоҳ ба деҳа меравем.

Амонро гўё ки замбўр газид, ошуфтаҳолу бесаранҷом гардид.

– Охир, маъракаи ҳоҷӣ маън карда шудааст-ку!

– Бале, гапат рост, лекин ҳоҷӣсалом расм шудааст. Ба зиёрати ҳоҷӣ рафтан бисёр кори савоб аст. Баракат меорад.

Амон ҳайрон монда рост ба чашмони ў нигарист:

– Рост мегўӣ?

– Рости рост. Худо чунин шарафро ба ҳар кас насиб намегардонад.

Амон сахт ҳайратзада шуд. Тез-тез ба ҳамсараш дида дўхт, аммо чизе нагуфт, ки бе худо нахонадаш.

– Мо бояд ҳатман ба ҳоҷӣсалом биравем. Охир, чӣ хел намеравем? Ҳама хешу табор меравад. Нарафта намешавад. Ҳама айб мекунанд, механданд, таъна мезананд.

– Хайр ҳеҷ гап не, – оҳи сард кашид Амон. – Ҳоҷӣсалом бошад, ҳоҷӣсалом. Майлаш, меравем.

– Боракалло, мардакҷон! Нав ақлат даромад. Аммо дасти холӣ, ду даст дар бинӣ рафта намешавад.

Аз сари Амон як сатил оби хунук рехтанд. То ин дам бардам буд. Аз ин сухани ҳамсараш хаста шуд. Хастае, ки дигар майли ягон кор надорад. Ба чеҳра ва чашмони ҳамсараш нигарист, сар ҷунбонд, лек чизе нагуфт. Боғигул думболи суханашро гирифт:

– Барои ин бояд ду либос матои хушрў пояндоз, як лаълӣ қанду қандалоти қимат, як қуттӣ сақич барои чочуқи бигирем.

– Чӣ-ӣ-ӣ?! – Амон чунон бад-бад ба ҳамсараш нигарист, ки ў қариб ҷо ба ҷо заҳракаф шавад. – Мехоҳӣ пули бо сад азоб ёфтаи маро ба бод пош диҳӣ?!

Боғигул бо ҳолати эътироз гуфт:

– Чаро ба бод? Ба кори хайр сарф мешавад.

Дар пўсти Амон мурғак давида, як бор танаш ларзид. Сипас арақи сард баровард.

– Охир, Хоҷа хешам, амаки ҳамхунам.

Амон чашми нафрат ба ҳамсараш дўхт ва андаке бадқаҳрона гуфт:

– Хешам! Хешам! Чӣ кор дорам ба хешат?!

Ҳамин басанда буд, ки Боғигул ҳамчун барги хушки дар оташ афтода даргирад.

– Ҳа, хеши ту хешу хеши ман хеш не?! – дод зад ў. – Барои ту шуда аз хешу таборам ҷудо шавам?! Кўҳрӣ, раъди маърака гардам?! Э не-е! Ин пилтаи хома аз гўшат каш!

– Э, шуд! Бас! Гўшу майнаамро хўрдӣ-ку! – ҳамчунин овоз сар дод Амон.

Боғигул ҳунгос зада паси гиряи шўр ба қисмати талхи худ ҳазор лаънат хонд.

Аз чӣ бошад дили Амон таҳ нишаст. Ва беихтиёр чанд бор сулфид. Сипас канда-канда гуфт:

– Ором шав, Боғигул… х-хоҳиш мекунам. Илтимос. Каме роҳат кун. То-то… Тоқати дидани оби дидаи туро надорам.

Боғигул аз гиря монд, кам-кам ором шуд. Амон сукутеро, ки муддате ба тўл анҷомид, шикаст ва сулҳомез гуфт:

– Наход, ки бе чизу чора рафта нашавад?

Боғигул нешханде зад ва таънаомез гуфт:

– Э мардак, магар чашм надорӣ? Намебинӣ? Ё худатро ба нодонӣ мезанӣ? Охир, одамон қолин, бузу гусфанд мебаранд. Ба сари ҳоҷӣ пачка-пачка пул мечошанд.

– Во-о-ҳ!

Лаҳзае лолу музтар монд. Баъд ба худ омада, бо қиёфаи ҷиддӣ гуфт:

– Қиёмат наздик шудааст гўй!

Боғигул ҷигот андохту гуфт:

– Қиёмат? Ин чӣ гап?

– О, одамоне ки надоранд, чӣ кор мекунанд?

– Қарзу қавола мекунанд.

– Во-о-ҳ!.. Оҳ, Худо!.. Ё тавба! О, ба хонаи Худо барои адои қарзи худ мераванд. Чаро ба мардум ин қадар ҷабрро раво мебинанд? Ҳеҷ чиро намефаҳмам. Худоё!.. Амаки ту барои номаш мондан рафт. Ёд дорӣ, рўзи рафтан чӣ гуфт. «О-дам як дам! – гуфтаанд. Кӣ медонад: имрўз ҳастему пагоҳ не. Аз худ бояд ном монем». О, ин хел ном мондан ба кӣ лозим?

Боғигул нафаси чуқуру вазнине кашида хомўш монд. Амон фурсатро ғанимат дониста ба ҳуҷум гузашт:

– Гўш кун, Боғигул! Ман ғами туро мехўрам охир! Орд нест, бачаҳо сару либос надоранд, мефаҳмӣ ё не?! Агар ин пулро ба ҳоҷӣсалом сарф кунем, чӣ кор мекунем? Ба гадоӣ мезанем. Ба гадоӣ!

Боғигул лаҳзае музтар монд. Гўё сухане наёфт. Баъди андаке таваққуф гулў рўшан кард ва нигаҳ ба рўи шавҳараш баст.

– Гўш кун, мардакҷон! Пул худаш чист?

– Чист? Ту медонӣ ки чист? Аз куҷо? Ту ки ҳеҷ гоҳ ранҷи мардикорӣ ва таъми арақи ҷабинро начашидаӣ. Қоғазест, ки меояду меравад.

– Бале, меояду меравад. Зеро чирки даст аст. Ёфтанаш заҳмати казоие надорад. Вале обрў ки рехт, тамом, дигар онро ёфта намешавад. Як умр доғдор мешавӣ. Зери бори таънаву маломат мемонӣ. Ту ҳаминро мехоҳӣ? Ту мехоҳӣ ки дигар миёни мардум сар набардорем?

– Э, наход роҳи халосӣ набошад-а, аз ин вабои аср?! – гўён Амон ба тангкўчаи сарбаста ворид шуд.

Боғигул бо садои баланд гуфт:

– Чӣ? Чӣ гуфтӣ? Чӣ хел вабо?

Андаруни синаи Амон қаҳру ғазабе ҷўш мезад, худ ба худ беқарорӣ дошт. Боғигул мунтазири посух ба ў нигоҳ мекард. Хомўшии тўлоние дар миён буд. Ниҳоят Амон нафаси чуқур кашида рўй ба ҳамсараш овард:

– Гўш кун, занакҷон! «Дурўғи маслиҳатомез беҳ аз рости фитнаангез», мегўянд. Биё, намеравем. Осмон ба замин намечаспад-ку? Чӣ бисёр? – баҳона. Масалан, мегўем, ки касал будем. Ё…

– Чӣ-ӣ?! Ту девона шудӣ?! Ин чӣ гап?! Чаро нияти бад мекунӣ?!

– То бад нагўӣ, нек наояд, гуфтаанд.

– Номаъқул кардаанд! Фаҳмидӣ?!

Фикру ҳиссиёти вазнин Амонро азоб медод. Вай асабиёна ин сў қадам мезад, он сў қадам мезаду оҳ мегуфт, уҳ мегуфт. Дилаш сахт метапид.

Боз нолаи Боғигул баланд шуд:

– Оҳ, Худо… Худо-е!.. Наход шарманда шавем?..

Амон ба ҳеҷ ваҷҳ намехост ҳамсарашро озор диҳад.

– Ку, як ҳисобу китоб кун.

– Чиро?

– Хароҷоти ҳоҷӣсаломро.

– Ҳа, хуб шудаст мардак. Ин гапи дигар. Ҳозир… Ду либос пояндоз ҳаштод сомонӣ, лаълӣ чил сомонӣ, чочуқӣ даҳ сомонӣ, пули роҳкирои рафту омад сӣ сомонӣ, ҳамагӣ як саду шаст сомонӣ.

– Во-о-ҳ! Як саду шаст сомонӣ?!

– Як саду шаст сомонӣ равад ҳам обрў аз даст наравад. Пеши дўсту душман, касу нокас сарамон хам нашавад.

Амон бо тундӣ гуфт:

– О, боз сӣ сомонӣ лозим-ку?!

Ва бе он ки мунтазири посух шавад афзуд:

– Аз куҷо меёбем ?

Боғигул бидуни андеша гуфт:

– Як роҳ аст.

Амон бо ҳайрати бештар пурсид:

– Кадом?

Боғигул бо лаҳне қотеъ посух дод:

– Қарз.

Қалбаш фурў рехт. Хун ба сураташ давид.

– Боз қарз?! – қариб дод зад Амон. – Қарз гирифтан осон. Чун ду карат ду. Аммо… Оё медонӣ ки доданаш чӣ сангин аст?!

Боғигул бо каме тамасхур ва пўзханд гуфт:

– Хуб медонам. Асабӣ нашав, чаро дод мезанӣ… Ҳеҷ гап не. Мард ҳастӣ-ку. Кор мекунӣ, қарза меканӣ…

Боғигул асири тўфони муҳит шуда буд.

Амон оҳ кашид ва наҷво кард:

– Худоё!..

Сипас сарашро пойин андохт ва лаб ба дандон газид. Сукути шавҳар Боғигулро меозурд.

– Ҳой! Чӣ, мотам гирифтӣ?!

Нигоҳи зану шў чун тир ба ҳам бархўрданд. Нигоҳи чашмони Амон хашму адоват доштанд, чашмони Боғигул ғаму ғусса ва аламу илтиҷо. Амон дарк намуд, ки пойдевори хашму адовати вуҷудаш фурў рехт. Ва ў оҳи бадарде кашид. Лаб таги дандон газида каме истод. Сипас ҳукми эъдоми пулро бароварду даст ба кисааш бурд. Бо дили нохоҳам пулҳоро бароварда, ба ҳамсараш дароз кард:

– Ма, бигир!

Ранги рўи Боғигул даромад. Ҳамчун гули алов шукуфт. Вуҷудашро осоиш фаро гирифт.

 

*      *      *

 

Бод бо суръате зиёд дар кўчаҳои холӣ ва хилвати деҳа медавид. Мепечид ва якмаром наво менавохт. Ғаму алам дошт навояш. Ва боз ким-чӣ…

Оре, ким-чӣ!

Аммо чӣ?..

Дили Амон ҳам метапид, ором набуд. Ва ким-чӣ хел пешомади нохушеро эҳсос мекард. Бўи озоре ба машомаш мерасид. Гапи ҳамсараш рост баромад. Аз ин рў савғотии онҳо хуш наомад ба ҳоҷӣ Хоҷа. Рўи ҳамсараш ҳам турш гашт. Ба якдигар ким-чӣ гўшакӣ карданд ва қиқир-қиқир хандиданд. Ҳоҷӣ Хоҷаи мағруру аз худ рафта бо ситеза пурсид:

– Ту аз куҷо омадӣ?

– Аз куҷо? – бо тааҷҷуб пурсид Амон. – Аз хона.

– Дар сари роҳат мағоза набуд? Ё бозори «Султони кабир» дур буд? Ё дар дари онҳо саг баста буданд?

Амон буҳтзадаву гиҷ шуд. Ҳоҷӣ интизори ҷавоб нашуда, ба ҳамсараш пичирос зад:

– Тез бурда баҷо кун, касе набинад, айб аст.

Гўё корд ба дили Амон халониданд. Пеш аз ин вай ҳеҷ гоҳ чунин суханони бераҳмонаро нашунида буд. Чеҳраи Амон гули пахта барин зард шуд. Аз шарму ҳаё ба мурдани худ розӣ буд. Ва бо ғиреви ҷон дар дил нидо зад: «Гуноҳамон чист?!» Чӣ бояд кард? Охир намешавад дили бандаи Худоро шикаст! Изои бандаи мўъмин ҳаром аст. Аз мо, ки гузашт, Худоро хуш намеояд.

Ба Боғигул вазнинтар афтод. Дилу ҷигараш сўхт, об шуд. Дар чашмонаш ашк ҳалқа зад.

– Мотам нагир! – бо нафрат ҷигот андохт ҳоҷӣ.

Онҳоро ба дигар хона, хонаи кунҷакӣ бурданд. Хонаи фақирона. Аён ки хонаи шишт набуд. Норўфта, ғажд, бўе дошт нофорам. Ва хеле сард буд. Аз дару девораш оҳанги дареғ ва дарду алам меҷўшид. Баъд хешашон Ҳасан бо ҳамсараш Руқия омад. Чашмонашон намнок буд. Ҳарду аз ҷо бархоста, бе сухан салому алейк карданд ва нишастанд. Сари хам, хомўш буданд. Эҳтиёҷи ҳарф задан набуд. Гўё ба ҷаноза омада буданд. Дар як чойник чой оварданд. Касе ба он нигоҳ накард.

– Чойро каш, мардак. Ташна мондам.

Амон бесухан чойро гадонд. Чой ранг нагирифт. Як пиёла ба ҳамсараш дод. Ҳасан рад кард, нав чой нўшидам гуфт. Аз дари кушода медиданд, ки табақи кабобу ош ба хонаи дигар мебурданд. Эҳсосоти Амон мехурўшиду аз дилаш ғазаб фавора мезад. Аҷаб хулқест Хоҷаро! Барои чизу чора аз одаму одамгарӣ дур шудааст. Ҷамъ карданашро медонаду халос. Оламеро ҷамъ кардаасту ба назараш кам менамояд. Ҳоҷӣ шуданашро ҳам барои ҷам овардан истифода мебарад.

«Ё тавба!.. Ҳазор тавба! О, чӣ маъно дорад ин хел зиндагӣ? Магар зиндагӣ ҷамъ овардан аст? Хушбахт онест, ки хўрду бидод!»

Оҳ, кош намеомаду намедид. Чӣ илоҷ, тир аз камон ҷаст. Аз замири қалбаш оҳанги дард меҷўшид. Ҷигараш месўхт, тори ҷонаш ба наво меомад. Мехост чор даҳан фалак бигирад. Бале, бале, мехост оҳу афғон, дарду алам ва ҳама сўзашро бо фалак берун резад.

Аммо…

Ба онҳо як косаи шўрбо оварданд.

– Гўшти буқаи сесол аст.

Онҳо ба косаи шурбо нигоҳе ҳам накарданд.

Гиреҳ дар дил!

Гиреҳ дар ҷабин!

Буғз дар гулў!

Бори дунё бар дўш!

Ҳамчунон хомўш буданд.

Ҳарфе барнамеоварданд.

Наметавонистанд.

Дар боз шуду ҷавонмарди ғарибнамое дар остона ҳувайдо гардид.

– Тинҷед?

Сипас бо ханда, бо сару садову шулуғе гуфт:

– Уҳ, чаро ин турӣ нишастед? Магар чӣ иттифоқе афтода?

Чун ҷавобе нашунид боз ба сухан омад:

– Волло-билло! Аз вақте бибӣ мурд, шодӣ аз ин хона пар кашиду рафт.

Тири беҳурматӣ аз ҷавшани ҷонашон гузашт.

– Чизе лозим шавад, садо кунед, – гуфт ҷавонмард ва қафо гашта дарро пўшид.

Пас на ў ва каси дигаре рангашро нишон надод.

Барқ хомўш шуд. Хона якбора торик гашт.

Шўрбо дар коса рўи дастархон…

Нигарон ба меҳмонон…

… оҳиста-оҳиста ях баст…

 

*      *      *

 

Сардӣ кам-кам то ба устухонашон расид. Амон оҳи сарде кашид. Боғигул худро мехўрд: «Кош, гўш ба гапи Амон медодам?! Охир сурати ин ҳолро аз куҷо медонистам, аз куҷо?! Эҳ, одам шири хомхўрда-да!»

Ҳасан эҳсоси ғарибе дошт. Намедонист чӣ фикр бикунад. Ҳамвора ранг аз чеҳрааш мебохт. Нигоҳҳояш парешон ва беқарор мегашт. Дам ба Амон ва дам ба Боғигул дуздона менигарист.

– Ҳааа-а…

Хомўшии тўлонӣ ва ҳузноваре ҳукмрон гашт. Он мисли бори гароне бар дўши меҳмонон сангинӣ мекард. Боғигул дигар натавонист он вазъро таҳаммул кунад. Худро дар чанги худ нигоҳ дошта ба азобе аз зери дандонҳояш ғур-ғур кард:

– Мардак… омин кун… шох шудам…

Гўё ба худ гуфт Боғигул. Аз ҷониби шавҳараш садое наомад. Ноҷунбон нишаста буд. Гўйӣ қолаб гирифта буд бар ҷои нишасташ. Боғигул боз ба ҳамсараш рўй овард.

– А?.. Чӣ гуфтӣ?

– Бало гуфтам, – гуфт Боғигул. – Омин кун, вақти хестан шуд.

Ҳасан ҳам ба худ омаду шитобзада хоҳиш намуд:

– Ҳа, ҳа, як омин кунед. Бихезем, ки рўз рафт.

Ҳамон ҷавони ғарибнамо пайдо гашт.

– Э куҷо? Ош нахўрда… Се дег рафт, нарасид. Чорумаш дам партофтагӣ.

– Ташаккур, лозим нест. Дер мешавад!

– Хайр, майлаш. Лозим набудааст.

Онҳоро бе сухан, бо абрўи гиреҳбаста гусел карданд. Ақаллан аз рўи дил «Хуш омадед! Боз биёед!» нагуфтанд.

– Ба меҳмонон тасбеҳ додед?

– Не, тамом шуд.

– Э, ҳа, ҳа, нав ба ёдам омад. Як дам истед. Писарам ба бозори Корвон барои тасбеҳ рафт. Тез меояд. Ақаллан як тасбеҳ гирифта равед.

– Э ташвиш накашед. Ба «бачаи ҷайра» тасбеҳ чӣ лозим?

Ў қоҳ-қоҳ хандид.

– Э шўхӣ-да!

Осмон тирарў буду офтоб маҳбуси абрҳои сиёҳ. Садое шунида намешуд, деҳа гўё ях карда буд. Ҳар ду низ хомўш буданд, гўё қаҳрӣ бошанд. Амон дар дил ҳайфи пулҳо мехонд. Дигар чӣ чора ҳам дошт?!.

– Ё Худо!.. – асабиёна нолид Боғигул.

Амон нигоҳе ба ҳамсараш карду гуфт:

– Ҳа, тинҷӣ? Чӣ гап шуд?

– Оҳ, сарам-е! Гурс-гурс дилак мезанад.

Ў гумон дошт ё дилаш мекафад ё сараш.

– Дору дорӣ?

– Дору? Дору дар дорухона. Бепул намедиҳанд.

– Ба гумонам табам мекунам.

– Ҳоло ист, созтар табат мекунад!

– Э вой-э! Худоё, мемурам!

– Худкардаро даво нест.

Боғигул бо асабоният гуфт:

– Э намак напош-ш!

Ногаҳон Амон бо садои баланд хандид: қаҳ-қаҳаи тўлонӣ, ки тамасхуре бузург дар худ ниҳон дошт.

Боғигул бо ғайз пурсид:

– Чӣ механдӣ?!

Ҷилави хандаро боздошт Амон ва ғадуди нафрат гулўяшро ҷобаҷо гирифт. Ва бо ғиреви ҷон нидо кард:

– Ҷоҳилӣ ҳадду андоза дошта бошад ёне?!

– Кӣ ҷоҳил?

Бод ин суолро ба дурҳои дур бурд.

Кӣ?..

Кӣ-ӣ?..

Ҷоҳ-и-и-л-л?…

Ҳи-и-и-л…

Бурду бурд ва ба ҷои ҷавоб бўи барф овард.

Бале, шамол сард буд ва бўи барф мекард.

 

13 декабри соли 2009

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …